Бахшҳо
10 мар 2015 13:42Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти мудири лабараторияи Донишгоҳи тиҷорати Хуҷанд барои қаллобӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти Фаридун Муминов, мудири лабараторияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои Оҷонсӣ, Фаридун Муминов охири моҳи августи соли 2010 ҳангоми дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд қарор доштанаш аз ду донишҷӯи донишгоҳи мазкур - Холиқов Д.Р., ва Ҳоҷиев З.С. дар ҳаҷми 1000 доллари амрикоӣ маблағ гирифта, онҳоро ба гуруҳи рӯзонаи ихтисоси “Иқтисоди ҷаҳон”-и Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии шаҳри Хуҷанд гузаронидааст. Манбаъ мегӯяд, “боздоштшуда дидаю дониста, ки иҷрои ин амал ба ваколати хизматии ӯ дохил намешавад, хоҳиши донишҷӯёнро барои ба дигар гуруҳ гузаштанашон рад накарда, аз онҳо дастрас намудани як қатор ҳуҷҷатҳои заруриро вобаста ба интиқолашон ва ҳамчунин аз ҳар кадоме барои иҷрои ин кор овардани маблағи пулии 500 доллари ИМА, ҷамъ 1000 долларро талаб намудааст”.

Оҷонсӣ мегӯяд, Фаридун Муминов маблағро ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф намуда, ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратӣ дар Хуҷанд, барои гирифтани фарқиятҳои санҷишҳо маблағе насупоридааст: “Дар натиҷа аз ҷониби маъмурияти донишгоҳи мазкур ба ин ду донишҷӯ бо далели пардохт накардани маблағи фарқиятҳо ба хазинаи донишгоҳ барои супоридани санҷишу имтиҳонҳо иҷозат дода нашудааст”.

Ба иттилои манбаъ, Фаридун Муминов худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г”-и Кодекси ҷиноятӣ пурра гунаҳгор ҳисобида, зарари ба донишҷӯён расонидаро пурра таллофӣ карда ва нисбати ӯ бо татбиқи қонун "Дар бораи авф" оғози парвандаи ҷиноятӣ рад шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)