Муҷозоти тоҷик барои пешниҳоди ришва ба нозири роҳ
Додгоҳи ноҳияи Совети вилояти Челябински Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои пешниҳоди ришва ба нозири роҳ ҷарима бастааст.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз шахсияташ ном бурда нашудаасту бо пешниҳоди пора гӯиё хостааст, нозири БДА қонуншиканияшро ба қайд нагирад, дар ҳаҷми 7,5 ҳазор рубли русӣ (муодили 750 сомонӣ) ҷаримабандӣ шудааст.
Наталия Белозерова, ёвари калони прокурори вилояти Челябинск гуфтааст, ки дар моҳи январ ин шаҳрванди Тоҷикистон барои вайрон кардани қавоиди ҳаракати роҳ, ки 500 рубл ҷарима дорад, аз ҷониби нозири БДА боздошт шудааст.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон гӯиё аз нозири БДА хоҳиш мекунад, ки ӯро ҷарима накунаду 250 рублро бигирад ва раҳояш намояд. Аммо нозир қабул накардаву пешниҳоди пораро ҳамчун ҷиноят пиндошта ба прократураи вилоят хабар медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |