Бахшҳо
12 мар 2015 18:36Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

100 донишгоҳи бонуфузи дунё: Нишоне аз Тоҷикистон нест

Маҷаллаи бритониёии “Times Higher Education” рӯйхат ё раддабандии бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳонро дар соли 2015 нашр кард. Донишҳи Ҳарвард, Кембриҷ ва Уксфорд дар ин рӯйхат зинаҳои аввал ва дуву серо касб кардаанд.

Ин маҷалла аз соли 2011 ба ин сӯ чунин рӯйхатро ҳамасола бар асоси таҳқиқот ба нашр мерасонад. Дар феҳрасти нав, ки 100 донишгоҳи бонуфузтарини дунёро фаро мегирад, аз донишгоҳҳои кишварҳои пасошӯравӣ Донишгоҳи Ломаносови Маскав дар ҷойи 25 қарор гирифтааст.

Даҳгонаи беҳтарин донишгоҳҳои ин рӯйхатро фақат донишгоҳҳои ИМА ва Бритониё ташкил медиҳанд. Дар 20-гонаи беҳтарин аз кишварҳои осиёӣ донишгоҳи Токиёи Ҷопон мақоми 12-умро гирифтааст. Донишгоҳҳои 5 кишвари осиёии дигар -- Сингопур, Чин, Ҳонгконг, Тайван ва Куриёи Ҷанубӣ ҳам ба бистгонаи беҳтарин роҳ наёфтаанд.

Пурсиш барои муайян кардани донишгоҳҳои беҳтарин миёни 10,5 ҳазор профессор аз 142 кишвари дунё гузаронда шудааст, ки собиқаи на кам аз 15 солаи кор дар донишгоҳро доштаанд.

Дар рӯйхати нашркардаи “Times Higher Education” аз ҳама бештар донишгоҳҳои Амрико ворид шудаанд ва дар ҷамъи 50-гонаи беҳтарин 26 тоаш насиби донишгоҳҳои ин кишвар гардидааст.

Моҳи декабри соли 2013 хабаргузории “Интерфакс”-и Русия раддабандии 400 донишгоҳи кишварҳои узви ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистонро нашр кард, ки аз Тоҷикистон дар ин раддабандӣ се донишгоҳ шомил шуда буд. Ҷойи аз ҳама "боло"-ро аз донишгоҳҳои Тоҷикистон -- Донишгоҳи технологӣ касб мекард. Ин донишгоҳ дар байни 405 муассисаи олии таълимӣ дар зинаи 151-ум, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақомҳои 301 ва 310-ро ишғол намуда буданд.
Мӯҳр
Аслам
Аввал ин, ки метарсам, ректорхои мо сарфахми хамин мафхуми рейтигро намераванд. Баъдан, ягон нафари онхо ба ин хел чизхо кор хам надоранд. Ва дар охир, агар онхо дар чунин рейтинггузори иштирок намуда, хуччатхои заруриро пешниход намоянд, Худо медонад, ки ба руйхати 4-5 хазор донишгоххои бехтарини чахон дохил мешаванд е не. А хама мухимаш дар руйхати 100 донишгохи бехтарин акал 90 адад донишгоххои хусуси дохиланд, аммо вазорати маорифи мо ягона донишгохи хусусиро баст. Сабабашро хатто эълон хам накарданд. Бинобар дар садсолаи дигар хам ягон донишгохи Точикистон хатто ба руйхати 1000 донишгоххои бехтарини чахон дохил намешавад.

Охи саткаш шам як Донишгохи Милли ки яке аз бонуфузтарини Донишгохони Точикистон ба хисоб мерава, ришваситони руи рости кариб хастай, студенто аксаруш дарса ахамият наметиян 16 нб и зиёд доран хоричшон намекунан. Тамоман чидди нестай, аз хами сабаб хичка нагз намехона. Факат либоса капидагияну муи сара. Савода нигох намекунан, эхх гап бисёрай, лекин гап бефоидахай. Гапи худшона мекнан факат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)