Бахшҳо

АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 13 март ба сохтмони Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар маҳаллаи Ҳаёти Нав, шаҳраки низомиён дар ноҳияи Рӯдакӣ ва бинои нави “Амонатбонк” дар хиёбони Рӯдакӣ оғоз бахшид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асоси бинои нави “Амонатбонк” дар хиёбони Рӯдакӣ изҳори боварӣ кардааст, ки бо фароҳам овардани шароити муосири корӣ сифати хизматрасонии Амонатбонк беҳ шуда, эътимоди мардум ба он афзун мегардад ва дар низоми бонкии ҷумҳурӣ рақобатпазириаш бештар мешавад.

Манбаъ мегӯяд, сохтмони бинои нави 10-ошёнаи раёсати ин бонк, тибқи нақша, дар муддати 3 сол, бо маблағҳои аз Бонки давлатии рушди Чин ҷалбгардида ва маблағҳои худии Амонатбонк ба итмом расонда мешавад: “Дар вақти сохтмон дар инҷо зиёда аз 200 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд”.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Амонатбонк дастур додааст, ки минбаъд беш аз 80 фоизи кормандон аз ҳисоби занону духтарони соҳибтахассуси соҳа бошанд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ асос гузошт, ки аз 15 бино иборат хоҳад буд: “Дар вақти сохтмони ин биноҳо зиёда аз 1000 нафар бинокорон бо кор таъмин мешаванд, ки ҳама аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ хоҳанд буд”.

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ба сохтмони маҷмааи давлатии шаҳраки истиқоматии низомиён оғоз бахшидааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур ин шаҳрак аз 20 бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ бо 2000 хона, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 1230 хонанда дар 1 баст, кӯдакистон барои 400 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат хоҳад буд: “Хонаҳои истиқоматӣ 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ буда, дар онҳо 2000 оилаи афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо шароити хуби зист таъмин хоҳанд шуд”.

Эмомалӣ Раҳмон бо ваъдаи ғамхорию дастгириҳои бештар давлатӣ аз ҳомиёни марзу буми кишвар изҳори боварӣ намудааст, ки “роҳбарият ва ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ низ бо беҳшавии шароити моддию техникӣ ва иҷтимоию маънавӣ сатҳи маҳорату малакаи касбии худ ва дар маҷмӯъ қудрати дифоии давлатро боз ҳам баланд бардошта, ба халқу Ватани худ содиқона ва иродаю матонати қавӣ хизмат мекунанд”.


АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид

АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид

АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид

АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид

АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид

АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид

АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид

АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид

АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид

АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид
Мӯҳр
умед аз ноумедӣ
Ин иқдоми пешгирифтаи роҳбари давлат яъне ПАДАРИ миллат дар бораи ободонии кишвар ва таъмини сокинони он бо манзилҳои ҷойи зист айни мудао буда қобили қабул мебошад. Аммо хело хуб мебуд дар баробари ҳамаи ин фаъолиятҳо Падари миллати мо ғами шаҳрвандон ва халқи худро хурда дар бораи ҳалли мушкилоти ҷойҳои корӣ ва зисту зиндагонии мардум аҳмият дода ба сохтани якчанд заводу корхонаҳои калонҳаҷм азм мекарданд хело ҳам корӣ хайр мешуд дар ҳаққи МИЛЛАТИ худ. Бо умеди фардои НЕК.

siyovush
рахмат ба чаноби оли минатдорам, ]ба ватан ва ба президент содикона хизмат мекунем.[

Муборак бошад, амниятихо. Иншоолох то охири умр ба халку давлати худ содик меонед...

умед  аз  ноумедӣ,
Афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ амнияти давлатро таъмин менамоянд. Аз дархости Шумо чи хосил?! Заводу фабрик сохта шавад, Баъзе касон дар он кор кунанд, каме пул меёбанду зиндагиашон хуб мешаваду аз худ мераванд. Монанди баъзехо шикамашон шер мешаваду дар талаби боз дигар чиз мешаванд.

Робен Гуд
Ин икдом хуб аст агар дар зери ин икдом гаразе набошад Барои мисол шояд хукумат бештар низомиён ва амният дастгири мекунад ки дар холатхои мабодо ба мисли митинг зиди ин режим бо чони худ аз ин режим дифо кунанд на аз кишвар ва миллат

ali
РОБЕН ГУД САД ДАР САД ДУРУСТ ГУФТЕД .... БА ХОТИРИ ДИФОЪ АЗ ХУД ИН КОРХОРО МЕКУНАНД... МО ХАМ РОЗИ БИГУЗОР КУНАНД ЛЕКИН САВОЛ ИН АСТ КИ ГАМИ МИЛЛАТРО КИ МЕХУРАД!!!???
ЧАРО ЯК КОРХОНАИ САНОЪАТИ КОРХОНАХОИ ИСТЕХСОЛИ ВА ХАТТО КОРХОНАХОИ ХУРДИ КОРКАРДИ МЕВАВУ САБЗАВОТ КИ ДАР ДАВРОНИ ШУРАВИ БУД НАМЕСОЗАНД!!!???? ТО КАЙ ДАНДОНЧУБУ ГУШТОЗАКУНАКУ ГУГИРДУ ЧУРОБ ВА ГАЙРАРО АЗ ХОРИЧ МЕОРЕМ!!!????
БОВАР КУНЕД АЙБ АСТ... НАМЕТАВОНЕД ЧАВОНОНИ СОХИБИСТЕЪДОДРО ЧАЛБ КУНЕД. ТО БА КАЙ ФИКРУ АНДЕШАИ МАРДУМРО ФИРЕБ КАРДА МЕГАРДЕД...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)