Бахшҳо

Юсуфиён: Минбаъд қурбро дар ҳамаи нуқтаҳо Бонки Миллӣ муайян мекунад

Ҷамшед Юсуфиён, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, минбаъд қурби долларро дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар, аз ҷумла нуқтаҳои шахсӣ ҳам ниҳоди зертобеяшон муайян хоҳад кард.

Ӯ имрӯз, 13-уми март зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин иқдоми муваққатӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи саррофон аз вазъи мавҷуда дар бозори нақд роҳандозӣ шудааст: “Мо муайян кардем, ки фарқ миёни нархи харид аз нархи фурӯш набояд аз ду сомонӣ зиёд бошад. Имрӯз нархи фурӯши доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 6,30 сомонӣ муайян шудааст. Саррофон ҳақ надоранд, долларро аз ин қиматтар фурӯшанд”.

Юсуфиён афзуд, ки феълан масъулини Бонки Миллӣ дар як рӯз се бор-саҳар, нисфирӯз ва бегоҳӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор санҷиш мегузаронанд, то саррофон ба таври сунъӣ қурбро боло набаранд: “Танҳо дар моҳи январ чор ҳолати қонуншикании саррофонро ба қайд гирифтем, ки аз рӯи онҳо парвандаи маъмурӣ таҳия шуда, ба додгоҳ ирсол гардидааст. Дар Тоҷикистон беш аз 1500 нуқтаи мубодилаи асъор фаъолият доранд ва шояд ҳолатҳои сӯиистифодаи саррофон бештар бошад”.

Ӯ бо зикри ин илова кард, ки Бонки Миллӣ минбаъд на тариқи фурӯши доллар ба саррофон, балки тариқи бонкҳои тиҷоратӣ талош мекунад, қурби долларро дар бозори нақд муътадил нигоҳ дорад.

Муовини раиси Бонки Миллӣ дар маҷмуъ вазъи мавҷуда дар бозори нақди кишварро ба омилҳои берунӣ, аз ҷумла коҳиши интиқоли маблағи муҳоҷирон рабт дод, ки дар натиҷа воридоти доллар низ кам шудааст. Ӯ ҷанбаи дигари манфӣ ва таъсиррасонро ба қурби доллар таҳлукаи мардум хонд. Масъулини Бонки Миллӣ мардумро ба оромӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки таҳлука низ метавонад боиси ба таври сунъӣ боло бурдани қурби доллар шавад.

Ҷамшед Юсуфиён таъкид намуд, ки дар маҷмуъ нисбати дурнамои қурби пули миллӣ хушбин аст. Ӯ аз ҷумла афзуд, ки ҳамарӯза барои устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ нисбати доллару дигар асъор ба бозори нақд аз 1,5 то 3 миллион долларро ворид карда истодаанд.
Мӯҳр
дар бозори корвон 628 сомони харидори мекунад 642 сомони мефуршан илтимос чорашро бинед

Курби долларро худи кормандони бонкхо баланд мебардоранд, зеро аксари мансабдорони ин ниход дар бозорхо нуктахои мубодилаи арз доранд. Коррупция кучо нигох мекунад, маълум нест, вале ба хочагии халки мамлакат ва мардуми одди зарбаи сахти моли мерасад.
ВАО хам ягон тахкикоти журналисти дар ин мавзуъ надорад. Ин масъаларо тезтар санчидан даркор, то катастрофаи молияви нашвад.

Фирдавс
Мебахшед, ин вазъ 23 сол давом дорад. Шумо аз ин кор бохабаред, кунак назанед.

Андрей
Эй каллаварами Озодагон!
5,30 не, 6.30!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Ростгу
Мухтарам Юсуфиён аввал сароффои шахсиро бандед баъд мумкин курб камтар ба эътидол биёд!!!!!

66
Дар чахони муосир ивази ин е он намуди асъорро танхо банкхо ичро мекунанд дар мо бошад ба бозор табдил додаанд умуман ин нуктахои табдили асъорро бояд бархам дихем.

САЙЁД
Имрӯз нархи фурӯши доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 5,30 сомонӣ муайян шудааст????!!!! Дар муомилот 6,30 фуруш! Хамон хам намеёби... Барои чи ин хел суханхои дуруги.....?

Хандаовар.“Танҳо дар моҳи январ чор
ҳолати қонуншикании саррофонро ба
қайд гирифтем, Корвон биёед дар як соат 100 мебинед. Лекин ин хали масъала нест.ДарХитой валютчикхо аз нархи банкхо кимат хариду фуруш карда. наметавонанд контроли бонки хаст.

Darvesh
Минбаъд қурбро дар ҳамаи нуқтаҳо Бонки Миллӣ муайян мекунад!!!!!!!!!!!
HEY BONKDOR qurbro Bonki milli NE QURBRO B O Z O R muayan mekunad!!! Fikr kadestay ki dar davrai Shuravi zindagi dorad!!!!!

Дар холате, ки бонки милли муайян мекунадимруз курби муайян кардаи шумо 5,48 аст, боз мегуед ки 6,28 харид намуда 6,3 фурушед инро чи хел фамем, ё ки дар ин холат чи даркор ин хел бонк.

сарроф
Аз даруни ХУДАШОН меоранд валютчикода ба нархи баланд медиханд валютчик бо болояшда
10-15суми дигар монда мефурушад зиндагиша барад.

сохибкор.аз.корвон
[left][/left]

дар.корвон.имруз.660. буд.долар

Э рости ба и кор намеша. и маслами чидди аст. Бонки милли 6.28 мегуяд мачбур мекунад некий вокеият дигар АСТ. Давлату хукумат боя сари ин масала чидди фикр кунанд. Имруз дар бозори Панчшанбеи ш Хучанд дар саррофхонахо хариди доллар 6.28 навишта мондаги некий дар асл 6.56 буд. О ихели намешавад буродаро и даври Шурави нест, ки нарха давлат монад. И иктисоди бозори капитализм аст. Бедор шен.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)