Бахшҳо
14 мар 2015 11:50Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шуҳрат Қудратовро аз марги модараш Раҳматило Зоиров хабар кардааст

Хабари даргузашти модари Шуҳрат Қудратовро ба ин ҳуқуқшиноси зиндонӣ -- Раҳматило Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон расонидааст.

Наздикони Қудратов дар маросими видоъ бо Муқаддам Мунаввароваи 65-сола, ки рӯзи гузашта фавт кардааст, гуфтанд, Зоиров имрӯз ба дидорбинии Шуҳрат рафт ва хабари марги модарашро расонид.

Бародари Шуҳрат Қудратов дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, модараш аз бемории қанду фишор азият мекашид. Хабари фавти модари Қудратовро шаби 14 март Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ дар сафҳаи Фейсбукаш навишт. Шокирҷон Ҳакимов, муовини дигари раиси ҲСДТ низ дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид намуд. Бино ба иттилои Раҳматилло Зоиров, “модари Шуҳрат Қудратов, ки пас аз ба ҳабс шудани фарзандаш чанд бор вазъи саломатӣ ва руҳияш бад шуда буд, аз доғи писар даргузаштаанд”.

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, қарор аст ҷанозаи модари Қудратов фардо, 14 март соати 11:00 дар назди манзилашон, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 29/2, баргузор шавад.

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини раиси ҲСДТ 13 январи соли равон бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) барои 9 сол равонаи зиндон шуд. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон 3 март ҳукми зиндони ӯро аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ лағв ва аз рӯи ин модда 87 ҳазору 600 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст. Бо назардошти беш аз 7 моҳи боздошту татбиқи қонуни афв, ӯ 3 солу 8 моҳи дигар пушти панҷара хоҳад буд.
Мӯҳр
Мо аз Аллоҳемy боз ба суи Аллоҳ бармегардем. Хyдо ҷояшро ҷаннат ва манзили охираташро пурнур гардонадy ба бародар Шyҳрат ва аҳли оилаш сабри ҷамилро ато кунад. Воқеан, имрузҳо модарони мо Тоҷикон дар ҳолати ба сабаби мушкилоти фарзандонашон дар ҳолати руҳафтодаги қарор доранд боз болои ҳамаи мушкилоти иқтисоди зам шyдани зиндони кардани авлодашон аҳволи инҳо бадтар шyданд.

РафиҚ
Худованд модарамонро раҳмат ва ҷояшро ҷанат бигардонад

Сино
Инналлилох ва инна илайхи рочиъун.
Худованд Шухрат ва наздиконашонро сабри чамин насиб кунад.

ШАРАФ
https://tajik.irib.ir/ахбор/ҷаҳон/item/31590-хабарҳо-дар-ма
вриди-гароиши-владимир
-путин-ба-дини-мубини-ислом
ХОХИШАН ДАР ИН БОРА МАЪЛУМОТ ДИХЕД

Худованд модари Шухратро рахмат бикунад ва ба наздиконаш сабри чамил ато кунад. Илохо мушкилихои Шухратро низ осон гардонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)