Бахшҳо

Корҳои "фаҳмондадиҳӣ" дар бораи сатру ҳиҷоб дар бозори “Фаровон”

Як гуруҳ аз тоҷирони бозори “Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, баъд аз суханронии охири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи бадкориҳои баъзе аз занони сатрпӯши тоҷик, дар ин бозор маъракае алайҳи ҳиҷобу риши савдогарон роҳандозӣ шудааст.

Ин тоҷирони бозори “Фаровон”, ки гуфта мешавад, ба яке аз додарарӯсони Эмомалӣ Раҳмон марбут аст, дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфтанд, аз онҳо ба таври қотеъ талаб шудааст, аз пӯшидани сатр ва мондани риши баланд худдорӣ кунанд. “Бо ҳар марди ришдору зани сатрпӯш рӯбарӯ мешуданд, ӯро бурда дар шӯъбаи милиса акс мегирифтанд ва мегуфтаанд, ба ихтиёри худат сатратро гиру ришатро тарош вагарна бо далели огоҳ кардан, ҳам худамон ин корро анҷом медиҳем ва ҳам 2 ҳазор сомонӣ штрафат мекунем",-гуфт яке аз онҳо.

Дар ҳамин ҳол, яке аз кормандони Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар суҳбат бо “Озодагон” сафарбар шудани гуруҳе аз кормандони ин ниҳод ба бозори “Фаровон”-ро тасдиқ кард: “Дирӯз кормандони мо ба хотири гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи сатру ҳиҷоб дар бозори “Фаровон” буданд ва азбаски имрӯз шанбегӣ доштанд, нарафтанд”.

Аммо ҳамсуҳбати мо аз додани шарҳу тавзеҳот дар бораи тарзу усули баргузории ингуна корҳои фаҳмондадиҳӣ худдорӣ намуд. Як масъули Шӯъбаи кор бо занони шаҳри Қӯрғонтеппа дар тамоси телефонӣ гуфт, баргузории чунин корҳои фаҳмондадиҳиро дар нақша доранд: “Вале ҳоло дар ягон ҷо баргузор накардаем”.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи сатру ҳиҷоб дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 6 март зимни мулоқот бо занони фаъоли ҷомеа тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар арзёбӣ намуда буд: “Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд”.

Дар идома раисиҷумҳур гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.

Дар пайи ин интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон баъзе аз шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ба намоиши барномаҳои вижа дар бораи бадкориҳои баъзе аз занҳои ҳиҷобпӯши тоҷик пардохтанд. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод. Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.

Дар идомаи гузориши мазкур гуфта шуд, хонумҳои сатрпӯшро на нодориву камбизоатӣ, балки ҳирси молу сарват ба амалҳои бадахлоқӣ водор намудааст.
Мӯҳр
Ин корхо окибати хуб надорад.

Бахром
О бародарони макомоти кудрати максади Чаноби Оли он набуд, ки рафта даррав духтарони ва модарони точикро дастгир карда аз тарики ТВТ ба чахон нишон дихед ё рафта дар бозорхову куча тахкирашон кунед. Шумо гумон доред, ки сатру хичобро бадном карда истодаед. На, ин чо шаъни духтари точик ва модари точик аст. Бародарон, сад афсус, ки имруз макомотхои кудрати максадиу мароми Президенти мухтарами моро намефахманд

ба чои кор сохтан ба корхои бехуда даст мезанан.

точик
Агар Ин тавр кунанд даррохо руймолхои занонро аз сарашон гиранд фармон дехоро ва фармонбардорхо илтимос номи мусулмониро фаромуш кунед борои онки шуморо мусулмон гуфтан номумкинаст

Мухиддин
Шаъну шарафи духтари точик ро либоси авруппои паст мекунад на ссору хичоб

Бо арзи эхтирому иродат!
Президенти кишвар сари вакт ин икдоми некро пешниход намуданд.Дар таърих ва тамаддуни моддию маънавии мо аз сатру хичоб хеч сухане ба миён наомада ва дар ягон асари доир ба сару либоси мо ,ки дар масири таърих руи кор омадаанд,гузорише оварда нашудааст.Ин моли мардуми сахроию барда ва биёбонгард аст ва он усулан ба тамаддуни шахриёрон бегона аст.Фаромуш накунед,ки мо меросбари тамаддуни бузурги шахригари хастем.Мо бояд симои хешро дошта бошем ва побанди андешаи биёбонгардон набошем.Каме ба худ оед эй мардуми фиребхурдаю аз таърихи дируз ноогох ва худро бишносед!

оооо
Бачои салла кала. Илтимос мекунам аз коркунони макомот ба номуси мо дастдарози накунед ки окибати хуб надорад . ришро сунат гуфтед хукми подшохро вочиб о сатр фарз бошад хукми подшох чист

мммм
Индар кучо рост меояд,ки занхоро мачбуран сатрхояшонро аз сарашон бигиранд наход мусулмон ба чунин амал даст занад авал мо бояд либосхои барахнаи аврупоира манъ намоем баъд дигараш

Бародар минни юпкаву шимхои танги чинсхам моли мо нест, чаро зидди ин фарханги фасоди гарб мубориза намебарем. Дар бораи сарулибоси милли гапемзанеду, худатон юбка мебушед, ё сарилучу шортик доред. Магар гузаштагони мо хаминхел буданд.!? Шармандаги аз ин зиёд намешавад, асри 21 имрузу пагох ба охир мерасаду мо холохам дар бораи ришу либос гап мезанем.

Рустам
Ман хеч вакт намехохам, ки аз як сиёхпуш чизе бихарам. Намехохам наздикашон шавам. Ужас! Дилро бехузур мекунанд. Нигох кунед, шахри моро чи хел безеб кардаанд. Офарин ба чаноби олй! Мо кучо равонаем. Ба асри миёна ё...

Нахзати
Вокеан хам дар бозорхо ва нуктахои молу гизофурушй бояд сару либоси замонави бошад. Дар даруни он сиёхпушихо бисёр харомихо нухуфта аст. Аз хукумат хохиш ки инро ба танзим дарорад.

Одамизод
Ба varorudi: Бисёр маъқулат бошад, худат рафта хохару хамсаратро либосхои нимурён пушонида, гуй, ки баромада гарданд. Аммо ба бародарони мусулмон ин чиз маъқул нест!

Ман маълумоти оли дораму кор намеёбам.Мухтарам хукуматдорон агар зани ман сат накунад ман сохиби чои кор мешавам?ё НОБи Рогун бунёд мегардад? Бас будагист мардумфиреби.

банда
Инно лиллохи ва инно илайхи рочиун.

мумин
Ба вароруди!Афсус ки то хол намедони ки сатр ё хичоб моли ягон миллат нест.Ин амри Аллох мебошад.Барои занхои мусулмон фарз гардонда шудааст.Агар мусулмон боши хайфи мусулмониат.Дар киёмат чи тавр аз Мухамад(с) шафоат талаб мекунед ба хамин акидаатон ва дар назди Аллох чи чавоб медихед шумобаринхо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)