Бахшҳо
16 мар 2015 11:59Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Парвандаи соҳибкору харидор барои савдои мошин бо $

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як соҳибкору як харидор дар бозори “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки мошинро бо доллар хариду фурӯш мекардаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, алайҳи боздоштшудагон ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст. Мақомоти пулис мегӯяд, 15-уми март муайян шуд, ки Баротов Мирҳомид, соҳибкори 31-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Сатторов Фарҳод, сокини 22-солаи шаҳри Норак мошинро бо доллар фурӯхтааст, на бо пули миллӣ, ки ин ғайриқонунӣ мебошад: “Аз ҷумла Сатторов барои 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” бо соҳибкор Баротов бо нархи 4000-доллари амрикоӣ созиш карда, ба охирон 3000-доллари амрикоӣ ва 65000-рубли Федератсияи Россия додааст”.
Манбаъ мегӯяд, тафтиши парванда аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон Бонки Миллии Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар дар бораи асъор эълон намуда буд, ки харидуфурӯши молу хизматрасонӣ бо доллар ва дигар асъор дар кишвар, ки феълан васеъ паҳн шудааст, ғайриқонунӣ мебошад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо пули сомонӣ роҳандозӣ шаванд.

Тибқи иттилоияи Бонки Миллӣ нархгузории амволи гаронарзиш, аз қабили хонаю мошинҳо бо сомонӣ наметавонад омили баландшавии нархҳо ва сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ бошад: “Барои хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ бе иҷозати махсус дар қаламрави ҷумҳурӣ қонунвайронкунии маҳз буда, бояд аз ҷониби тамоми мақомоти ваколатдор қатъиян манъ ва пешгирӣ карда шавад”.
Мӯҳр
Айб аст! мошинро ба асал хариду фуруш кунанд е ба гандум?
Е мо то хол намедонистем хариду фуруши 99% гардиши Точикистон мо доллар аст ????

О мошин бошад майлаш. Аммо дар мо хама чизро бо доллар мефурушанд. Дар магозахои мебел хама бо доллар, дар бозори масолехи сохтмони, дар тамоми магозахои фирмавии фуруши телефонхои мобили бо доллар савдо хаст, хатто дар Богчаи кудакос -дет-садик бо доллар кабул мекунанд,, Ягон макомот инро назорат намекунад,

шарм доред банда вақтеки шиноснома гирифтам қасам ба Худо масъулин фалон долар талаб кардан долар надоштам ҳисоб карда русси додам

ей кощ, ки рангу намуди долара Худо гум кунад ки ичора мешинам,, 200 долар бо мега бтем аммо фигр намекунад як хел хонадоро ки мард аз кучо меёбад 200 долари сабилмондаро.. хуб мешуд ки ами ай байн мерафт чонмон медамид..

444
мухтарам кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба шумо айб нест, ки мардумро мебинеду вазорату идорахои хукуматиро не. Оё намебинед, вазоратхо дахлдор бинобар сабаби боло рафтани доллар дар як шабонаруз барои истифода бурдани об ба як нафар 7 сомони, ки миллион куб оби Точикистон ба давлатхои хамсоя бе пул меравад. Барки точик бошад як киловат кувваи баркро то 18 дирам расониданист! Озодагон чоп кун натарс!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)