Бахшҳо
16 мар 2015 14:49Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҷаҳиши қурби $ нархи барқро боло бурд: Кори “Помир Энержӣ” қонунист?

Ширкати “Помир Энержӣ” дар пайи боло рафтани қурби доллар нархи ҳар киловат барқашро бо пули сомонӣ боло бурдаст.

Ин ширкат дар пасманзари зиёд шудани шикояти сокинони вилоят аз боло рафтани маблағи барқ эълон кардааст, ки ин ба боло рафтани қурби доллар дар Тоҷикистон рабт дорад. Дар муроҷиатномае, ки сомонаи маҳаллии “Импулс” аз қавли “Памир Энержӣ” нашр кардааст, аз ҷумла омадааст, ки мувофиқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энержӣ», дар мувофиқа бо хадамоти зиддиинҳисории кишвар, ҳаққи як киловатт нерӯи барқ бо арзи хориҷӣ 2,75 сент барои аҳолӣ ва идораву муассисаҳои буҷавӣ ва тиҷоратӣ 5,16 сенти Иёллоти Муттаҳидаи Амрико муқаррар гардидааст: “Муштариён бояд хуб дарк намоянд, ки ширкат аз беқурбшавии пули миллӣ нисбати арзи хориҷӣ (доллари амрикоӣ) барои ба танзим даровардани нархи ҳаққи пардохти нерӯи барқ нисбати арзи хориҷӣ тибқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энерҷӣ» амал менамояд. Чун қурби пули миллӣ нисбати доллари амрикоӣ то андозае паст рафт, ҳаққи қувваи барқ, агарчи бо доллар бетағйир монд, вале бо сомони қадре баланд рафт”.

“Памир энержӣ” содда карда, фаҳмондааст, ки агар ба ҳолати 1 январи соли 2014, 1 доллари амрикоӣ 4,77 сомонӣ қурб дошта бошад, ба 1 январи соли 2015 1 сомонӣ нисбати 1 доллари амрикоӣ 5,31 сомонӣ арзиш дошт. Яъне агар муштарӣ соли 2014 барои як киловатт соат қувваи барқ, мутобиқ ба қурби доллар бар сомонӣ, 0.13,1 сомонӣ мепардохт, соли 2015 барои як киловатт/соат қувваи барқ 0.14,6. сомонӣ мепардозад: “Ё худ агар соли 2014, ба ҳисоби миёна дар як моҳ, барои 1000 кВт. соат муштарӣ 131 сомонӣ пардохт менамуд, соли 2015 барои ин микдор қувваи барқ 146 сомони пардохт менамояд”.

Ин ширкат таъкид мекунад, ки аз рӯи шартномаи консессионӣ «Помир Энержӣ» мебоист нархи миёнаи қувваи барқро то имрӯз 3,96 сент баланд мекард: “Вале, вазъи иҷтимоии муштариёнро ба назар гирифта, ширкат, дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вазоратҳо ва хадамотҳои мамлакат, нархи қувваи барқро ба ҳисоби миёна 3,25 сенти Иёллоти Муттаҳидаи Амрико муайян гардид ва то инҷониб бетағйир мондааст”.

Ҳисобукитоби ҳаққи барк бо доллар дар Бадахшон дар ҳолест, ки қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар дар бораи асъор таъкид намуда буд, ки харидуфурӯши молу хизматрасонӣ бо доллар ва дигар асъор дар кишвар, ки феълан васеъ паҳн шудааст, ғайриқонунӣ мебошад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо пули сомонӣ роҳандозӣ шаванд.

Ин ниҳоди назораткунанда илова намуда буд, ки хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ танҳо бо иҷозатномаи махсус метавонад анҷом дода шавад: “Имрӯз дар ҷумҳурӣ танҳо якчанд идораю корхонаҳо чунин иҷозатнома доранд ва хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд. Хизматрасонии консулӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии ш.Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти байналмиллалӣ, аз ҷумлаи онҳоянд”.

Бонки Миллӣ афзудааст, ки дигар ягон муассисаи тиҷоратӣ ё савдои яклухту чакана барои фурӯши мол, кору хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ иҷозатнома надорад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо сомонӣ роҳандозӣ шаванд.
Мӯҳр
хайрият дар бораи Помир-Энерчи хам якбор менавистастед. рахмати калон. Мо мардуми бечораи Рушон 16 соат барк надорем. Соати 5 сахари мекушанд, соати 10 то 16 свет аст боз соати 18 бегох мекушанд соати 23 мсвета гирен мекунанд. Агар пули барка оаранд аз ягон кас дар ин давраи бебарки маблаг аз 180-200 кам аз кучо хамин маблага хисоб мекунанд. Рушон дар Помир Энерчи фарзанди угай хаст. Барои чи дигар нохияхо 3 соати лекин нохияи Рушон 12-16 соат барк нест. Ба хамин савол Озоди як бор сардори ин корхона чавоб гуяд.

Садка шавам Худоро як бому ду хаворо.
Конунхои ЧТ дар хар махал хар хеланд.
Бинед Вакте кувваи барк аз дареи Хингоб мегузарад дар Дарвоз 3 дирам киммат мешавад Аз ин тарафи дарё арзонтар /Барк аз Сарбанд ва Норак аст на аз ГЭС и Помир Пас барои мардуми Дарвоз ва Ванч чи зарурият дар Помирэнержи ворид будан. Ё ончо замину боигарии зиед доранд.
Агар маоши мардум дар баробари доллар зиед мебуд холат дигар буд.
Албатт давлат аст ва манфиати мардумашро химоя мекунад

Беном
Охир садкаатон шавам хамин директори ширкат мегуянд, ки шонздах хазор доллар маош мегирифтаст. Мана пулу мана зиндаги. Чи парвои Рушону, чи парвои коргарашро дорад. Худаш ба то набераву, абераву, чаберааш ба мерасад. Тамом вассалом.

Беном,
Ин хел маошро танхо директори Помирэнержи намегирад. Мансабдороне, ки дар ин сабкат иштирок карда метавонанд, кам нестанд... Барои хамин корхо хама турпай)))))

Чи тавре ки мегуянд нархро бозор муаян мекунад, гарчанде дар Бадахшон Помир-энерджи ягона ширкати баркдиханда мебошад. Биёед хамаи сокинони Бадахшон як мохи тобистон худдори кунем аз хариди барк, баъд Памир-энерджи мефамад ки гап дар кучо будаст.
Бародари Рушони, мо мардуми Ванч хам фарзанди угайи астем дар Бадахшон. Дар мо на зимистон барк асту на тобистон.

рушони,
Друзья, Давайте говорит правду. Это очень важно. Памир Энерджи сделал за последние 6 лет большего для нас жителей ГБАО чем любое другое учреждение. Мы обеспечены электроэнергией 24 часа в сутки, кроме кажется 3 сел Рушана. Этот год не в счёт. Нужно понимать, что снега на Памире не было почти два года и воды не может хватать. Разрушим Памир Энерджи все активы переходят к Барки Точик и все мы будете мечтать, чтобы Памир Энерджи опять вернули. У нас до 2007 года света в моём кишлаке практически с ноября по апрель не было. По части удорожание, как мне известно, договор с Правительством Таджикистана у Памир Энерджи в долларах, то есть они должны вернуть кредиты Правительству в долларах. А так кризис, продукты тоже дорожают же.. Будем экономить.

фикр мекунам, ки масъалаи таъминоти кувваи барк дар Бадахшон асосан дар давраи зимистон нисбат ба дигар минтакахои чумхуриямон бехтару хубтар аст, ки ин албатта захмати шабонарузии кормандони ширкати Помир Энерчи мебошад. Аз ин ру, факат барои Помир энерчи зарур аст, ки тадбирхои иловагиро андешанд, то масъалаи таъминоти кувваи барк дар тамоми вилоятамон пурра таъмин шавад. Албатта дар кучое, ки кор аст, дар он чо камбуди чой дорад. Дар масъалаи нархи кувваи барк бошад, кори Помир Энерчи конуни аст, факат дигар сохторхои дахлдори давлатиро зарур аст, ки барои рох надодан ба баландшавии курби асъори милли нисбати доллар чорачуи намоянд. Зеро нарх имруз ба баландшавии дигар махсулот дар бозор оварда истодааст.
Аз Озодагон эхтиромона хохиш менамоям, ки ибрози назари манро низ дар комментария чой дихед, то мардум донад, ки гуногунандеши дар чомеам мо чой дорад. Рахмат

дехаки
дар як дехаи дури нохия гуё зндаги дорем. Свет зимистн аз соати 1 то 3 шаб баъзан медиханд,ки 99 фоизи мардум хоб аст. Тобистон низ бисер вакт свет нест. зимистон роххои моро аз барф тоза намекунанд. Холо тармахои зиед бояд тоза кунанд, намекунанд. Тармахои баландиашон то4-7 метраро агар тоза накунанд, худашон то мохи август об мешаванд. Овозро харида бурданду ба ваъдахо нарасида пурармон мемирем. Ин аст хакикат

хорошо. тот кто писал комментарии в пользу Памир_Энерджи , я понимаю он работник этой же системы. Но вопрос в чём, ПОЧЕМУ только в Рушане свет такой дорогой, при отсутствие света, и ПОЧЕМУ по 10 часов, когда звониш в других районах там свет только 3 часа. А в Гунде вообще не отключают свет. Вот ответ пожалуйста на этот вопрос.

Рушон
Ягон чои таьриф надорад Памир энерджи ноиатро иваз кун ДОЛЛАР ЭНЕРДЖИ МОНЕД шумо барои халки Бадахшон хизмат накардед факат аз паси доллар

Бехтарин Ширкат аст ва агар хатто накунам мактаб интернати нохияи Рушонро низ хама вакта дастгири ва сарпарасти мекунад.

бе ном
Памир Энерчи мо аз кучо доллар ба шумо ёбем ичо Амрико нест ку доларо факат дар Амирико чон мешавад. доллар гуфта Худо шуморо бо гесатон занад беинсофо. МАРДУМУ ХОРУГ шахр кандатона занед ки пули баркро намедихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)