Бахшҳо

Назари коршиносон ба таъиноти кадрии ахир

Баъзе аз коршиносони тоҷик тағйироти кадрии ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро “иқдоми пешбинишуда” унвон карда, мегӯянд, ба курсии раҳбарии Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон нишастани Рустами Эмомалӣ бо фармони падараш идомаи роҳи ӯ ба сиёсати бузуг аст.

Саймиддин Дӯстов, раҳбари созмони “Индем” ва коршиноси тоҷик бар ин аст, ки раҳбарии Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон вазифаи охирини Рустами Эмомалӣ, писари расиҷумҳури Тоҷикистон дар ниҳодҳои калидии кишвар нест, чун ба гуфтаи ӯ, падараш мехоҳад, писари бузургаш кор дар ниҳодҳои калидиро омӯзад. Дӯстов мегӯяд, “ӯ як замон дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор кард ва то ҷое ҳам муваффақ шуд, бахусус дар бахши сиёсати кадрӣ ва хеле аз гуруҳҳои кориеро, ки дар давраи раҳбарии Гурез Зарипов ба ин ниҳод роҳ ёфта буданд, берун кард, ҳатто ба нафароне расид, ки барои Тоҷикистон дастнорас ҳастанд. Аз ҷумла ӯ яке аз наздикони муҳофизи машҳури президент - Муродро аз вазифа дур кард. Дар соли 2014 нисбатан дар вазифаи раҳбарии Хадамоти гумрук муваффақ шуд, вале дар давоми ду моҳи аввали соли ҷорӣ ва моҳҳои буҳронӣ Хадамоти гумрук натавонист, ҳадди ақал 60%-и нақшаи худро иҷро кунад ва албатта, ин тамоюл то охири сол тақрибан ҳифз хоҳад шуд. Аз ин рӯ, бояд ӯро аз ин вазифа мегирифтанд ва ҳамин тавр ҳам шуд”. Ин коршиноси тоҷик мутмаин аст, ки дар ду соли оянда, Рустами Эмомалӣ вазифаи нав мегирад: “Ба гумони ғолиб, ба курсии раҳбарии вазири молияи Тоҷикистон хоҳад нишаст ва дар оянда низ шояд ба курсии сарвазирии Тоҷикистон нишинад. Мантиқи ин таъйинкуниҳо ин аст, ки худи раҳбари давлат мехоҳад, писари бузургаш кор дар ниҳодҳои калидии Тоҷикистонро донад”.

Ба гуфтаи Дӯстов, муваффақияти писари бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар курсии раҳбарии Оҷонсии зидди фасоди молӣ вақт ва вазифаҳои гузошташуда дар назди муовинонаш нишон хоҳад дод: “То куҷо дар агентии зидди фасод муваффақ мешавад, ин аз роҳбари давлат ва вазифаҳои гузошта дар назди муовинони Рустами Эмомалӣ вобаста хоҳад буд”.

Аз сӯи дигар, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо таъйини пай дар пайи писари худ ба вазифаҳои баланди давлатӣ қасди афкорсозӣ дар атрофи Рустами Эмомалиро дорад: “Таъйиноти пай дар пайи Рустами Эмомалӣ танҳо ба хотири ахбору афкорсозӣ дар атрофи ӯ, яъне амалкард аз рӯи технологияи "бад ё хуб мегӯед, танҳо дар бораи ӯ гӯед", сурат мегирад”.

Раҳбари созмони “Индем” омадани Маҳмадсаид Пирзода, собиқ муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ба раҳбарии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро яке аз беҳтарин таъйинот хонда, нишастани Асадулло Раҳмон ба курсии ёвари президентро ғайричашмдошт намедонад. Ба иддаои ӯ, “ҳарчанд Пирзода аз дунёи журналистика берун наомада бошад ҳам нисбатан як нафари озодфикр аст ва воқеан метавонад, як барномаи нави амалисозии сиёсатҳои ҳукуматро дар бахши афорксозӣ таҳия кунад. Дар баробари таъйиноти Асадулло Раҳмон ба мансаби ёвари президент оид ба масоили кадрӣ, инро аз пеш пешбинӣ мекардем ва воқеан ҳам ӯ аз рӯи параметрҳое, ки президент интихоб хоҳад кард, ӯ нафаре ҳаст, ки ин мансабро соҳиб мешавад ва муваффақияти ӯро дар ин вазифа вақт нишон медиҳад”.

Ҷаноби Дӯстов дар мавриди курсии нави Абдуфаттоҳи Ғоиб, ҳоло собиқ раҳбари Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ӯ нафаре ҳаст, ки дар хидмати давлат ва президенти Тоҷикистон мебошад ва ҳар куҷое ки бигӯянд, “хуб” гуфта меравад, даъвои зиёд надорад. Ба қавли Дӯстов, Абдуфаттоҳи Ғоиб дар оҷонсии зидди фасод миссияҳои дар наздаш гузоштаро иҷро кардааст.

Аммо Раҷаби Мирзо дар бораи ҷойивазкунии Абдуфаттоҳи Ғоиб назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, аз нишастани Рустами Эмомалӣ ба курсии раҳбарии Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар кишвар метавон хулоса кард, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба нафари наздикаш наметавонад ҳамеша эътимод кунад: “Аз таъиноти ахири вобаста ба Рустами Эмомалӣ ду хулоса ё фарзия баровардан мумкин. Якум, акнун президент - Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеа паём доданист, ки ҳатто ба нафарони хеле наздикаш наметавонад ҳамеша эътимод дошта бошад. Чун Абдуфаттоҳи Ғоиб яке аз нафарони наздикаш дониста мешавад, вале дар ҷаласаи ахири Шӯрои амният сахт интиқод шунид”.

Бо вуҷуд Раҷаби Мирзо бар инаст, ки вазифагирии Абдуфаттоҳи Ғоиб аз он далолат мекунад, ки ӯ ба назари президент чандон кадри “бад” нест ва “интиқодот дар Шӯрои амният танҳо як ҷузъ ё иқдоми пешазинтихоботии парлумонӣ будааст, то ин ки мардум бовар кунад, ки раҳбарият мушкилоти ҷомеаро медонад”.
Мӯҳр
Абдулло
пешниҳоди нав барои вакилони нав аз шумо вакилони нав хоҳиш мекунам ин пешниҳодро дар сарқонун дароред.БАРОИ РИШ ВА САТР НАЛОГ БАНДЕД.Ҳар шахси ришдор ё ҳиҷобпуш ҳар моҳ 10сомони пардохт намояд.Агар ришдору сатрдорҳо 600000нафар бошанд 600000дар 1сол120сомони диҳанд 72000000сомони даромад мешаваду мусалмонҳо ҳам баҳузур зиндаги мекунанд.Аз фишор халос мешаванд.


Филолог
Кучои эшон коршинос аст, аз суханони муглакашон уфунати тарсу харос ва бечуръати меояду аник нест ки чи гуфтан мехоханд. Банда эшонро ба чуз як сатрпуркунхо бштар намешиносам.

пулод алендор
Бовар кунед аз хулосагирии саймиддин дустовда гапхои занакои лаби об рост мебошад...озодагон шумо як назарсанчи гузаронед, пурсед ки с.Дустовро хамчун коршинос мешиносед?

Саид
Бовар кунед дар умрам якум бор ингуна шодиро аз коргарони ТВТ дидам баъди раисашонро гирифтан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)