Бахшҳо

Ҷонибдории ҳамаи вакилон аз номзадии раиси вилояти Суғд ба Маҷлиси миллӣ

Номзадии Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллии Суғд, номзадии Қодирӣ дар нахустин ҷаласаи вакилони халқи тозаинтихоби вилоят пешниҳод гардидааст. Манбаъ мегӯяд, пешбарии номзадии Қодирӣ дар асоси раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, ҳамаи 69 вакил аз он ҷонибдорӣ кардааст.

Абдураҳмон Қодирӣ 62 сол дошта, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мебошад. Аз соли 1996 то 2002 дар вазифаҳои муовини раиси вилоят кор карда, солҳои 2002-2004 дар мансаби муовини аввали раиси вилояти Суғд ва солҳои 2004-2006 дар вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод фаъолият доштааст.

Соли 2006 бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати кишвар таъин гардида, соли 2008 дубора муовини аввали раиси вилояти Суғд баргузида шуд. Барои фаъолияти меҳнатиаш бо мукофотҳои давлатии ордени “Шараф” дараҷаи 1 ва бо медали ҷашнии “10 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.

23 ноябри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин гардида, аз 15 феврали соли 2014 бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои Қоҳир Расулзода, сарвазири кунунии Тоҷикистон ба курсии раҳбарии раиси вилояти Суғд нишаст.

Аз ин пеш дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва аз шаҳри Кӯлоб, номзадии Хайрулло Амонулло, раиси ин шаҳр ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд.

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ палатаи болоии парлумони кишвар 27 марти соли 2015 таъйин шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)