Бахшҳо
17 мар 2015 12:35Тоҷикистон / Сиёсат

Таъкиди Убайдулоев ба тағйироти кадрии ҷиддӣ дар Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи ахири худ аз сурат гирифтани як тағйироти кадрии ҷиддӣ дар ниҳоди таҳти раҳбарии худ хабар додааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 16 марташ гуфтааст, “ояндаи наздик бо роҳандозии таҳлили амиқи фаъолияти тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ дар шаҳр, шурӯъ аз роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ нисбати масъулин оид ба мутобиқат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои кадрӣ андешида хоҳад шуд”.

Шаҳрдорӣ аз додситонии пойтахт ва раҳбарияти нави Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Душанбе хостааст, ба масоили вобаста ба замин, аз ҷумла ғасби замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ чораҳои муассир андешида, дар доираи ваколатҳои худ волоияти қонунро таъмин кунанд.

Инчунин Убайдуллоев дастур додааст, аз зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ пешгирӣ шуда, дар муҳлати як моҳ дар тамоми субъектҳои хизматрасонии коммуналии пойтахт либоси ягона ҷорӣ гардад. “Дар мавриди таъмини талаботи қонунгузорӣ дар бораи манъ доштани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калони хонагӣ, бартарафсозии сохтмонҳои худсаронаи иҷтимоӣ, беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, ғавновати бозори истеъмолӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, вусъати маъракаи сабзу хуррамгардонии шаҳр дастурҳои мушаххас ироа карда шуд”,-афзудааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

Ин дастур ва ҳушдори Убайдуллоев дар ҳолест, ки дар ҷаласаи аввали вакилони халқи тозаинтихоби шаҳри Душанбе номзадии ӯ ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дубора пешниҳод гардида, ба боқӣ монданаш дар курсии шаҳрдории пойтахт низ ишораҳо шуд.
Мӯҳр
мухочир
уубайдллоев илтимос мо навакак аз мухочират омадем моро ба нохияхо раисмонед ваьдаметием дуздинамекунем

муосир
рузи 27 боз интихобот аст, раис фаъол шудааст. Корро бояд хамин гунна бурд ва барои пешрави талош намуд.

ш Душанбе
шаҳрдори Душанбе мо мардуми шахр ,,тамоман зиди хонахои баландошиёна мебошем , басаст , каътиян хонасозиро дар маркази Шахр маън намоёд....ин пагох дарди сар мешавад ....хамон будагиаша дида бароёд...касонеки хунари хонасози дорад рафта аз 4- дарвозаи Шахр берун созад...марказба чои нафасгири намондааст .....не чои бозии баччахо дорем не чои нишаст .....худатон фикр кунед ....Кадр ивазкунии бе мантик ба ки даркор ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)