Бахшҳо

Бемористони Ибни Сино: Арақи бадан ва фарбеҳиро низ нест мекунем!

Тобистону гармшавии ҳаво ба арақ кардани зиёди бадан ва натиҷаҳои нохуши он – бадбӯӣ ва нороҳатӣ мешавад. Ҳарчанд араққунӣ худ беморӣ набошад ҳам, метавон арақ кардани зиёдро нишонаҳои баъзе бемориҳо тахмин зад. Арақ метавонад натиҷаи фишори баланд, дарди узвҳо бошад ва гоҳе модарзодӣ низ мешавад! Аммо шумо метавонед аз ин омили бадбуйӣ ва хиҷолат раҳо бишавед, мо дар ин амр ба шумо мадад мерасонем!

Дар Бемористони Ибни Сино арақи бадан ва зери каш бо истифода аз технологияи мудерн саҳлу осон ва фавран рафъ карда мешавад! Бунафша Ҳайдарӣ - мушовири бахши зебоии бемористон таъкид кард, ин амал зуд ва беосеб анҷом мешавад: - Мо бо тазриқи бутокс, маводи тибии дар ҷаҳон маъруф, ки ягон ориза ва пайомади нохуш надорад, ин амалро анҷом хоҳем дод.

Ва аммо бар хилофи арақрезии бадан фарбеҳӣ беморист. Сатҳи чарбии бадан ва мизони давраи шикам аз меъёри тасдиқ намудаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ гузашта бошад ин аллакай нишонаи фарбеҳист! ВMI меъёрест, ки вазни бадан бо килограммро ба мураббаъи қад тақсим мекунанд. Нишондод бояд, на бештар аз 25 бошад! Ба таври мисол агар вазни шумо 95 киллограм бошаду қадатон 1 метру 75 сантиметр ВMI-и шумо 31 мебарояд, ки ин фарбеҳ будани шуморо аниқ мекунад! Фарбеҳӣ аз назари зоҳирӣ ҳам зебо нест, ҳатто барои интихоби либоси шинам соатҳо дар мағозаву дуконҳо саргардону овора бояд шуд, ҷой пайдо кардан дар хонаву васоли нақлияи мусофирӣ ва шину хези ба азоб “самара” - и фарбеҳӣ мебошанд. Аммо аз нигоҳи тиббӣ зарари фарбеҳї боз бештар аст: пеш аз ҳама миён ва сутунмӯҳра зиён мебинанд, сониян зонуҳо низ ба дард гирифтор мешаванд. Узвҳои ҳозима бошад, дар натиҷаи чарбӣ ва равған гирифтан дуруст фаъолият карда наметавонанд.

Хонум Ҳайдари дар охири суҳбатамон қайд кард, ки дар Бемористони Ибни Сино фарбеҳиро хам рафъ кардан мумкин аст: бо танг намудани меъда шумо бо иштиҳои қозгир якумр хайрбод мегӯед! Дар ин амал ҳаҷми меъда хурд карда шуда, аз ҳормони гуруснагӣ, ки герлен ном мебаранд, пешгирӣ карда мешавад! Инчунин чарбиҳои бадан бо роҳи липоксатсия ва ҳам бо истифода аз нури лазерӣ нест карда мешаванд! Фарбеҳиҳои дасту рон низ бо беҳтарин шева ва дар кўтоҳтарин муҳлат рафъ карда мешавад.

Имрўзҳо бисёр мухлисони зебоию ҷавонию солимӣ барои ҷарроҳиҳои пластикӣ, бо харҷи вақту маблағи ҳангуфт ба хориҷа мераванд, дар ҳоле, ки Бемористони Ибни Сино ин хизматрасониҳоро дар Ватан, дар хона, пешкаши мизоҷони худ мегардонад!
Мӯҳр
Tojik
Фикр мекунам, ки Озодагон бимаи муфтро аз ширкати сугурта ва зизматрасонии пебулро аз бемристони Ибни Сино ба даст овардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)