Бахшҳо

Рустами Эмомалӣ, Каюмарси Ато ва Умаралӣ Қувватов -- чеҳраҳои сол

Каюмарси Ато, сардабири пешини Хабаргузории “Озодагон” ва муҳаррири сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ “Журналисти сол” эълон шудааст. Ин унвон ба ӯ дар пайи назарпурсии нашрияи “Нигоҳ” миёни 15 сармуҳаррири ВАО-и мустақил ва давлатии Тоҷикистон дода шудааст.

Ин нашрия навиштааст, Каюмарси Ато журналисти ҷавон ва собиқ сардабири хабаргузории “Озодагон” тайи як муддати кутоҳ тавонист, “гуруҳеро ба вуҷуд орад, ки ҳоло муҳимтарин бозигарони майдони матбуоти Тоҷикистонро мечархонанд”.

Бар асоси ин назарпурсии “Нигоҳ”, ки натоиҷи он дар шумораи нави нашрия ба табъ расидааст, аз Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси нави Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар кишвар “Мансабдори сол” ном бурда шуда, ба Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” унвони “Оппозитсионери сол” дода шудааст.

Инчунин марҳум Суҳроб Шарипов, раҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон “Сиёсатмадори сол”, Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси маъруф ва зиндонии тоҷик “Адвокати сол”, Ҳасан Асадуллозода - “Бонкдори сол”, Ҳоҷи Мирзо Ибронов, руҳонии маъруфи тоҷик - “Руҳонии сол”, Гулрухсори Сафӣ, шоираи маъруфи тоҷик - “Адиби сол”, Дилшод Назаров - “Варзишгари сол”, Ҷӯрабек Муродов - “Сарояндаи сол”, Санавбар Абдуллоева - “Соҳибкори сол”, Аловуддин Абдуллоев - “Ҳунарманди сол”, Носир Саидов - “Коргардони сол” ва Шералӣ Кабиров - “Менеҷери сол” эълон шудаанд.

Нашрияи “Нигоҳ” ҳамасола дар арафаи соли нави хуршедӣ чеҳраҳои мардумии тоҷикро бо баргузории як назарсанҷӣ миёни 15 сармуҳаррири ВАО-и мустақил ва давлатии Тоҷикистон эълон мекунад.
Мӯҳр
Фаҳат
Хандаовар Каюмарси Ато?????

Бахром
Ҳасан Асадуллозода - “Бонкдори сол” ва “Менеҷери сол” барои "Нигох" факат Шералӣ Кабиров мешудааст-даааа. Ачаб. Дигар манфиатчуй будани худро ин нафарон нихон намекунанд. ТАВБА!

Бахром,
бисёр ба ҷой ва шоиста!

журналист
Акаи Каюмарс воқеан арзанда аст

Хочи
Кто платить, тот и музыку заказывает

шаҳрванд
Ба Каюмарс беҳтарин менеҷери сол ё ташкилотчи ё хабарнавис ё таҳриргар медоданд хуб мешуд аммо журналист на чун дар ин сол як маводи журналистиҳам надошт...софдилона ва беғаразона мегуям инхел масхара карданҳам шарт набудагист муҳтарам кормандони " Нигоҳ"

Сино
Зайд Саидов мазлуми сол

Бахром, 90 дарсади иктисоди Точикистонро хамин ду нафар чархонанд айби рузноманигорхо чи???????? Нотавонбини кори хуб нест!!!!!!!!
Бо Кохи Наврузи Хасан Саъдуллоев хама ифтихор мекунанд ё не???

Ачоиб ха? Банкирхо Оппозитсияонерхо Сохибкорон ва хатто Сарояндахо бахили намекунанду журналистон пои хамдигарро мехоянд ин ту шуд ун ту гуфта ..айб не ми? Табрик карда рафтан гиред рохатонба!

п
Ин рейтингхо ягон арзиш надоранд.

Фарзона
Ин рейтинг ё назарпурси не як маскарабози аст Дустовро медонед ку ачаб не худаш точири сол интихоб шудаги набошад

1313
вокеанхам хма кахрамонхо макогла арзанда

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)