Бахшҳо

Додситонии кулл: Саррофон 1$-ро пинҳонӣ то 6,60 сомонӣ мефурӯшанд

Мақомоти додситонии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолатҳои фурӯши 100 доллари амрикоӣ бар ивази 650-660 сомонӣ хабар медиҳанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти шиддатнокии болоравии қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ ҷиҳати таъмини назорати иҷрои қонунгузории танзими асъор ва назорати асъор, инчунин таҳлилу бозомӯзии бозори он, аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура, милиса, амнияти миллӣ ва намояндагони Бонки миллӣ як гуруҳи корӣ таъсис дода, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санҷишҳои муштарак анҷом додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин санҷишҳо беш аз 192 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор шуда, нисбат ба гунаҳгорон тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд. Маъмултарини ин қонуншиканиҳо ҳолатҳои хариду фурӯши молу маҳсулот дар бозори дохилӣ бо асъори хориҷӣ, бидуни иҷозатнома машғул шудан ба фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ ва интиқоли ғайриқонунии асъор аз ҷониби нафарони алоҳида ба хориҷи кишвар огуфта мешавад.

Додситонии кишвар мегӯяд, ҳарҷанд рӯзҳои ахир қурби расмии хариди як доллар аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, яъне Бонки миллии Тоҷикистон то 6,28 сомонӣ ва фурӯши он то 6,30 сомонӣ муқаррар гардид, аммо дар нуқтаҳои фурӯш ғайриқонунӣ бо арзиши нисбатан баланд фурӯхта мешавад: “Гузашта аз ин, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки дар тахтаи эълонҳо қурби асъор аз рӯи меъёри муқарраркардаи бонк дарҷ шуда бошад ҳам, дар вақти муроҷиати мизоҷон ягон нуқтаи фурӯш бо нархҳои пешбинигардида асъори хориҷиро нафурӯхта ё худ иброз медоранд, ки гӯё асъори хориҷӣ надошта бошанд”. Ин ниҳод меафзояд, чанд ҳолати фурӯши 100 доллари амрикоӣ бар ивази 650-660 сомониро ошкор сохтаанд.

Манбаъ дар баробари ин иттилоъ аз қонуншиканӣ чанд нафар ҳам мисол задааст: “С. Ҷабборов дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар кӯчаи Бухоро, 37 шаҳри Душанбе ба мубодилаи асъор машғул шуда, бархилофи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” дар тамоми давраи фаъолияташ пешбурди баҳисобгирии амалиёти асъориро ба роҳ намонда, дар як вақт маблағи асъори воридшударо ба фурӯш набаровардааст”.

Дар ҳолати дигар, аз боздошти С. Ғоибзода хабар додааст, ки 14 марти соли 2015 дар назди нуқтаи фурӯши қолинҳои ҶДММ “Бозори Корвон” бе ягон ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳанда “ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фурӯш ва ивази он машғул шуда, аз шаҳрванд Н. Маҳмадизода 5000 рубли Федератсияи Русияро харид намуда, ба ивазаш 510 сомонӣ додааст”.

“Имрӯзҳо шахсони алоҳидаи манфиатдор бо роҳҳои пинҳонӣ ба интиқоли ғайриқонунии асъор ба хориҷи кишвар машғул мебошанд, ки аз тарафи мақомоти прокуратура алакай чунин гурӯҳҳо ошкор ва нисбаташон чораҳои қатъии қонунӣ андешида шуда истодааст. Танҳо дар як чунин амалиёт ду нафар дастгир шуд, ки мехостанд 65 ҳазор доллари ИМА-ро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд. Аз рӯи ин ҳолат аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ду нафар бо моддаҳои 259 қ.1, 263 қ.2 банди “а” ва 286 қ.3 бандҳои “б, в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”,-меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
Бо ин заданхо - писарбаша намеша(((

Сарофони бозори корвон худата задакуши нашиносан намефурушан долар ягонтоаш агар шиносан 6.400 мегири мегуянд нагири нест шумо кормандони прокуратура агар рейд гузаронед ягон сароф намемона лекин афсус гуфти момам мах тай ках охани чуфт хм!

Саид
Мухтарам кормандони пракратура, амният ва бонки милли кучо саросема шудед наистодед, ки хадди акал 100 доллар хазор сомони шавад баъд ред гузаронед?! Гуфти президент нигох мекунед, ки кай инсон чиноят кунад шумо пушти панчараш кунед! Баъди чиноят корхои фахмондихиро гузаронед!!

1313
Эээ бо хамичадам бечораи камбагал Суууухт

125
Дрлларро танхо бояд бонкхо фурушанд бо шиноснома ва справка дар он вакт мумкин ки порядок шавад.

Малик
Додситонии кулл: Саррофон 1$-ро пинҳонӣ то 5,60 сомонӣ мефурӯшанд -ин гапи худатон! Э Озодагони чун! Хич нафахмидам шуморо! Як 6,50-60 менависе, як 5,60. Кадомша бовар кунем?

БОЗОРШИН
Баъди подшохи гадои хуш намеояд маро... Рост баъди аз 100$ то 30-40 фоида медиданд ба ин 2 сомон каноъат намекунанд! Барои хамин бисераш ДАВЛЕНИ ШУДАГИ . Ба Рости Худованд хар касро худашро тавфик бидихад ним зиёди хамон валютчикхо ХОЧИ, МУЛЛО, ЭШОН, МАХСУМ, катишон бишини амри маъруфат мекунад мегуи хамара монаму факат ба инхора оби тахорат бигирам.

НАМЕШАВАД , КИ ХАМИН ВАЛЮТАХОИ БИСЕРИ БЕМАЪНИЯШРО МАХКАМ КУНАНД. БУЗ КАМ ЧАЙ-ЧАЙЯШ КАМ ШУМО ЧИ МЕГУЕД. ФИКРХОЯТОНРО ГУЕД

Ба шумо хамаи коммент мондагихо гуфтаниам давлатдори ба зури намешавад.Холе хол аз ин хам бадтар мешавад..Давлати МО Барои ин 10сол пеш бояд тайери медид..Барои тамоми корхонахои истехсоли андозро кам мекард..имкониятхои пурра медод..

Salim,
хак ва рост аст, саломат боше бародар. о иктисодиет чи асту бо чи тавр пеш бурдана аз кучо медонанд, 80-90 % онхо аз даври бобим. о мо чи истехсолоти пешрави дорем ки , боло рафтани курби кабутакро гирем. гап факат,вассалом.

Иқтисоддон
Ин "чораҳо" ҳамон нархгузориҳои ҳукумати Душанбе болои маводии озуқа дар моҳи рамазонро мемонанд.
Тарафи дигари масъала ин аст, ки қурби дугуна пайдо мешавад ва фоида аз ин дугунагиро одамони атрофи Бонки миллӣ мебинанд. Бозорро бо зӯргӯиву тарси суду маҳкама идора карда намешавад. Тоҷикистон бояд истеҳсолотро ба роҳ монад, ба себи қоқу зардолӯи хушк иқтисоди кишварро сохта намешавад, замона замонаи техника ҳаст, бояд ақалан худамон велосипедбарориро 100дар худамон ташкил кунем, сборка не, именно аз гудохтани оҳан сар карда то системаи тормозиаш. Агар не боз панҷоҳ соли дигар солнечная страна с прекраснними фруктами мемонем.
Фишор наоред болои саррофон, баръакс ташаннуҷи иҷтимоиро зиёд мекунед. Як саррофӣ, ба камиаш, 15 нафарро мехуронаду мепушонад, фикр кунед ҷанобон, фикр, баъд чора андешед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)