Бахшҳо

Маслиҳати Эмомалӣ Раҳмон ба Пулотов барои бунёди корхонаи мурғи гӯштӣ дар Қайроққум

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ба хотири иштирок дар ҷашни Наврӯз ба вилояти Суғд сафар кардааст, субҳи имрӯз, 23 март аз шаҳри Қайроққум дидан намуд.

Тавре дафтари матбуотии президент хабар медиҳад, ин ҷо раисиҷумҳур дар расми ифтитоҳи як бинои панҷошёна ва ду корхонаи саноатӣ иштирок намудааст. Манбаъ мегӯяд, бинои бисёрқабата бо ташаббуси Турсуной Зокирова, як соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст. Хонуми Зокирова гуфтааст, 10 хонаи онро ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим мекунад: “Калидҳои ин хонаҳо ба соҳибони хуштолеашон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва худи соҳибкорзан супурда шуд”.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар расми баҳрабардорӣ аз се коргоҳи нав, ки бо ташаббуси Исроилхӯҷа Самандаров дар дар назди ширкати Фаровони шаҳри Қайроққум сохта шудаат, иштирок кардааст. “Когоҳҳо яке барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ ва ду коргоҳи дигар барои тавлиди маҳсулоти бинокорӣ пешбинӣ шудаанд”,-хабар медиҳад дафтари матбуотии президент ва меафзояд, “коргоҳи хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ имкон дорад, ки дар 1 шабонарӯз то 30-35 тонна маҳсулот истеҳсол намояд”.

Ба иттилои манбаъ, дар коргоҳи маҳсулоти бинокорӣ масолеҳи бозоргири ин соҳа, ки ҳоло аксаран аз хориҷи кишвар ворид мегардад, истеҳсол шуда, то андозае имкон медиҳанд, ки бозори дохилӣ бо молу ашёи ватанӣ таъмин шавад: “Дар яке аз ин коргоҳҳо ҳар моҳ беш аз 3000 м2 панелҳои гуногун барои бинокорӣ ва дар коргоҳи дуюм моҳона аз зиёда аз 60 тонна метал конструксияҳои оҳанӣ омода карда мешавад”.

Дафтари матбуотии президент мегӯяд, иншооти сеюми ҷашнӣ дар шаҳри Қайроққум, ки бо рафти фаъолияти он Эмомалӣ Раҳмон шинос шуд, корхонаи мурғпарварии Дӯстони соҳибкори маҳаллӣ -- Даврон Пӯлотов мебошад: “Ин корхона барои парвариши 100 ҳазор сар мурғи тухмӣ бунёд ёфта, имкон дорад, ки дар як сол ба бозор беш 15 миллион дона тухми мурғ пешниҳод намояд. Дар навбати аввал чӯҷаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар ҳамин ҷо калон карда мешаванд. Ҳоло аз 5 бино (модул) 4 тояш пурра омода ва бо мурғ пур карда шудааст. Бинои панҷуми корхона ҳам бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, вале ҳоло бо мурғ пур нашудааст. Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори мазкур тасмим гирифт, ки дар ин ҷо як корхонаи мурғи гӯштӣ ҳам бунёд намояд”.
Мӯҳр
Хаха о биноро ку сохибкор сохтааст причем тут призден? Ирузо дар дигар мамлакато сохибкорон чи бинохову чи чизхое сохтаистодаанд агар приздентхои онхо хам рафта лента бурида гарданд пас кай кори худро ичро мекунан? Ё вазифаи приздентхо факат лентабурияй дига кор надоран. Боварк одам хайрон мешава якас я бинои 5 этажа месоза приздент ленташа мебра ё товбакадам Худо. Хай ягон завод ё корхона мебуд ки акалан 20000 одам чои кор пайдо мекард ва лента мебурид дигар гап буд. Дигар приздентора мебини як чизоера лента мебуранки хаваст мекна масалан призденти турция заводи ракета сохт ленташа рафт бурид заводхои самолёту чизхои мухимро лента мебуранд неки ба я бинои 5 ошёна одам таачуб мекна бо урахам як сохибкор сохтабдай ххаха озодагон ку ябор мардита нишонте чопк озодагита исботк

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)