Бахшҳо
24 мар 2015 13:27Тоҷикистон / Сиёсат

Тавсифи Эмомалӣ Раҳмон аз муъҷизакории марҳум Ли Куан Ю

Эмомалӣ Раҳмон ба Ли Сянлун, сарвазири Ҷумҳурии Сингапур бинобар даргузашти падараш, сарвазири пешини Сингапур Ли Куан Ю барқияи тасаллият ирсол кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон Ли Куан Юро “офаринандаи муъҷизаи сингапурӣ” ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои минтақа ва ҷаҳон хонда, гуфтааст, ки ӯ буд то Сингапурро аз як кишвари ақибмонда ба яке аз давлатҳои пешрафтаи минтақаи Осиё табдил дод.

Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омадааст: “Дар ин лаҳзаҳои сангин, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро бо ин талафот ба мардуми дӯсти Сингапур изҳор медорам. Ба Шумо Ҷаноби Олӣ, наздикон ва пайвандони падари марҳуматон тасаллиёти амиқу самимии хешро баён менамоям”.

Ли Куан Ю, сарвазири пешини Сингапур, ки аз ӯ бо унвонҳои “падари миллати Сингапур”, “меъмори давлати Сингапур” ном мебаранд 23-юми март, дар синни 92-солагӣ дунёро тарк гуфт. Бинобар даргузашти Ли Куан дар Сингапур мотами 7-рӯза эълон шудааст.

Ли Куан Ю, ки 31 сол идораи давлати Сингапурро дар даст дошт, тавонист кишварашро аз як ҷазираи кучак, ки тақрибан ҳеч захоири қобили зикри табиӣ надошт ба як давлати пешрафтаи ҷаҳон табдил бидиҳад. Тамоми роҳбарони кишварҳои Ғарб ин ҳунари ӯро эътироф кардаанд.

Ли Куан Ю соли 1959 раҳбари Сингапури тоза ба истиқлолрасида гардид, ки дар ин замон кишвар дар фасод ғӯтида буд ва оянда барои пешрафт пешгӯйӣ намешуд. Дар ибтидои солҳои раҳбарии ӯ Сингапур аз тобеияти Малайзия берун гардид. Пойгоҳи ҳарбии Бритониё он ҷоро тарк кард.

Ли Куан Ю 16 сентябри соли 1923 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи милии Сингапур ва донишгоҳи бонуфузи Кембриҷи Инглистон мебошад. Соли 1959 ба Сингапур баъди таҳсил аз Бритониё бармегардад ва баъди чанд муддати кор Ҳизби иқдоми халқро таъсис медиҳад, ки дар соли 1959 ӯро ба қудрати сиёсӣ мерасонад. Солҳои 1959-1990 Сарвазири Сингапур буд. Тайи солҳои 1990-2004 дар ҳукумати Го Чок Тонга вазири бузург буд. Дар ҳукумати писараш Ли Сиянлун тайи солҳои 2004—2011 мақоми вазир-менатор (роҳбари маънавӣ)-ро дошт. Ли Куан Ю ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Сингапур бо Ква Геок Чу ошно мешавад, ки баъдан издивоҷ мекунанд. Ҳосили ин издивоҷ се фарзанд: як духтар Ли Сян Ян ва ду писар Ли Сян Лун ва Ли Вэй Линг мебошад.

Рӯзи якшанбе, 29-уми март маросими дафни ӯ баргузор мешавад. То он рӯз тобути Ли Куан Ю дар парламенти ин кишвар барои видоъ гузошта мешавад.
Мӯҳр
ине ки таърифаш кардааст.

кулоб
Хтам чаноб 23 СОЛ шид. як гизала нашиди хами тари кни то бади рафтанат ба бачат баркия занану таърифт кунанта.

шахрванд
Хизматхои имрузаи Президенти мо низ ба кахрамонмарди Сингапур монанд аст.

Сагерабача
шахрванд,
Бе хад аку монандай .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)