Бахшҳо
25 мар 2015 11:29Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тоҷикон дар худкушӣ “рекорд” мегузоранд?

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Афзоиши худкушӣ дар Тоҷикистон мояи нигаронӣ шуда, коршиносон мегӯянд, тоҷикон дар содир кардани амали худкушӣ “рекорд” мегузоранд.


Мурури иҷмолии хабарҳои нашршуда дар як моҳи ахир нишон медиҳад, ки худкушӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон ва он ҳам бештар дар шимоли кишвар рӯ ба афзоиш аст. Барои рушан шудани ин иддао чанд хабари нашршуда дар робита ба худкуширо мисол меоварем. Ба гузориши “Озодагон” рӯзи 25 феврал дар вилояти Суғд ду ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин ду нафаре, ки даст ба худкушӣ задаанд, яке марди 65 сола ва дигари зани 44 солаанд. Инчунин 27 феврал дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд як марди соҳиби 3 фарзанд худкушӣ кардааст. Дар рӯзи 8 март ду мард дар вилояти Суғд даст ба худкушӣ задаанд, ки ҳар ду бекор будаанд.

Интишори ин хабарҳо дар расонаҳо дидгоҳеро дар байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ривоҷ додааст, ки шояд ин ҳама худкушиҳо ба иллати мушкилоти иҷтимоӣ ва вазъи пасти зиндагӣ сурат бигирад. Зеро, ба гуфтаи онон аксари онҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд сатҳи миёнаи иҷтимоӣ доранд. Аммо гурӯҳи дигар бар ин нукта таъкид мекунанд, ки иллати мушкилоти иҷтимоӣ дар худкушии тоҷикон омили аслӣ буда наметавонад. Ин гурӯҳ бар иловаи сабабҳои иҷтимоӣ, ваъзияти руҳии одамонро низ сабаби аслии худкушӣ ҳисоб мекунанд. Саъдӣ Маҳдӣ, устоди донишгоҳ худкуширо иллати руҳӣ маънидод карда мегӯяд: “Дар кадом филми ҳиндї дида будам, ки ҳиндуҳо худро месӯзонанд, то пок шаванд. Албатта тафаккури ҳиндуӣ низ дар психологияи насли солҳои 50-90 чуќур решада вондааст. Акнун наслҳо иваз мешаванд ва агар имрӯз мардум бештар филмҳои голивуду туркӣ тамошо мекунад, натиҷааш ҳамоно дар ҳаёти ҳаррӯза буруз кардан дорад. Агар худкуширо мушкили иҷтимоӣ бигӯем, ин комилан дуруст нест, зеро шахси оҷиз руҳан оҷиз мешавад ва сабаби асосиаш ҳамон мушкили психологист”.
Ҳамчунин, Саъдӣ Маҳдӣ таъкид мекунад, ки дур будани мардум аз таълимоти исломӣ низ яке аз авомили афзоиши худкушист.

Дар байни коршиносон афроде ҳам ҳастанд, ки муътақиданд худкушӣ иллати аслиаш ноумедист ва ин ноумеди сабабҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Абдуманнон Шералиев, фаъоли ҷамеаи шаҳрвандӣ бо тазаккури ин нукта, тавзеҳ медиҳад, ки иллати худкушӣ ноумедист. Ба бовари ӯ нафаре, ки даст ба худкушӣ мезанад, барои ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоияш роҳи ҳалле пайдо намекунад ва ноумедӣ аз оянда онҳоро ба худкушӣ савқ медиҳад: “Бояд бубинем, ки иллати худи ноумедӣ чист. Ноумедӣ аз надоштани ихлосу бовари комил ба мушкилкушои асосӣ – Худованд сар мезанад, дигар ҳеч”.

Аммо ин коршинос меафзояд, ки иллати асосии худкушӣ аз дигар чашма об мехӯрад: “Омор ҳам нишон медиҳад, ки бештарини худкушиҳо дар кишварҳое сар мезанад, ки ғайримазҳабитаранд, агарчи аслан мушкили иқтисодӣ надоранд – масалан Шветсария. Чун намедонад, ё бовар надорад, ҳама тақдир – чӣ нек, чӣ бад, аз тарафи Худост, мушкилот бо рӯ овардан ба Ӯ бо беҳтарин роҳ ҳал мешавад, мушкилот агарчи мусибатанд аҷре дар пай доранд, поёни ҳар душворие осонист (Сураи Шарҳ, ояҳои 5-6), набояд аз раҳмати Худо ноумед шуд (сураи Зумар ояи 53) ва ғайра”- таъкид мекунад Абдуманнон Шералиев. Дар идома ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд барои аз байн бурдани худкушӣ боястӣ илати аслии он, ки нашинохтани Худову динаш аст, аз байн бурда шавад: “Пас бояд ъуламои воқеъиро ба майдон баргардонд, дари масоҷиду мадорисро барои ҳама боз кард. Дигар роҳе барои кам кардану пешгирии ин мушкил вуҷуд надорад. Чуноне ки дар боло гуфтем, омор ҳам хаминро нишон медиҳад ва агар роҳи дигаре вуҷуд медошт, онро дар Шветсария пеш мегирифтанд”.

Худкушӣ дар байни ҷавондухтарон ҳам дар авҷ аст. Баъе далоиле, ки дар расонаҳо мунташир шуд, гувоҳ бар ин аст, ки дар худкушии духтарон бархе омилҳои дигар сабаб аст. Худкушии ду толибаи мактаби миёна, ки дар расонаҳо пўшиши хабарӣ ёфт, бар ин далел шуда метавонад. Ҳарчанд то ҳол иллати худкушии ин ду толиба аз суйи мақомот эълон нашудааст, аммо гумонзаниҳое вуҷуд дорад, ки ин ду толиба ба бархе сабабҳои маълум худкушӣ кардаанд. Ризо Баҳромзод, ҷавони тоҷик мегӯяд худкушии ҷавонон бештар ба он рабт мегирад, ки онҳо дар ҳалли проблемаҳои зиндагиашон оҷиз мемонанд. Ба бовари ин ҳамсуҳбати мо, қонеъ нашудани онҳо аз шароити моддиву маънавӣ онҳоро навмед мекунад. Ризо Баҳромзод мегӯяд: “Сабаби асосии худкушии ҷавонон ин ҳал карда натавонистани проблемаҳои худ ва қонеъ нашудани талаботҳои моддиву маънавӣ мебошад, ки онҳоро ба ноумедиву ночорӣ бурдааст ва ба ҷуз марг роҳи дигари халосӣ аз ин вазъиятро намедонанд. Проблемаҳои асосие, ки ҷавонони тоҷикро ба ин кор маҷбур месозад, ин забон ёфта натавонистан ва ё муноқиша бо аҳли хонавода ва шахсони наздик, таҳқир шудан аз тарафи дигарон, ҳисси танҳоӣ ва ё мавқеъ пайдо кардан натавонистан дар байни дигарон, бекорӣ ва ғайра мебошад”.

Ин ҷавони тоҷик дар идома таъкид мекунад, ки барои пешгирии ин падидаи шум боястӣ корҳои машваратӣ дар байни ҷавонон бештар шавад ва равоншиносон дар робита ба ин мушкилот кор кунанд.

Мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ як омил аст, вале масълаи дигар, ки ба руҳияи фардии инсонҳо рабт дорад, омили дигарест, ки худкуширо дар ҷомеа афзоиш додааст. Равоншиносон худкуширо як мушкили равонӣ мехонанд ва мегӯянд инсон дар ҳолатҳои аҷзу нотавонӣ даст ба худкушӣ мезанад. Ба бовари онон, вақте руҳияи муқовиматпазирии инсон шикаста мешавад, дигар инсон руҳан конролашро аз даст медиҳад. Бо ин вуҷуд, ки коршиносон худкуширо мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ тавҷеҳ медиҳанд, вале гурӯҳи дигар, аз ҷумла Ситора Юсупова иллати худкуширо дар бепарвоии оила низ рабт медиҳад. Ин бону тоҷик таъкид мекунад, “шароити зисту зиндагонӣ, муносибати атрофиён, тарбия, муносибати оила ва дастгирии хонавода пеш аз ҳама метавонад руҳияи ҳар як ноболиѓу болиғро шиканад. Аз ин рӯ, бояд дар оила ва хонавода нисбат ба одамони аз ҷиҳати руҳӣ осебпазир нарм бархурд кард. Баъзан, муомилаи дурушт ва таҳқиромези атрофиён метавонад боъиси ноумедии ин гуна ашхос шавад. Ба назари ман имрӯз кудакону наврасони тоҷик аз меҳрубонӣ маҳрум мондаанд. То ба ин ҳол расидан инсон аз чандин ќадамҳо мегузарад, дар қадами охирин наҷоти худро шахс дар ҳамин роҳ мебинад. То ин дам волидайн ва атрофиёни шахс метавонанд бо осони пай баранд, ки бо фарзандашон чи гапе ҳаст, аммо аҳамият намедиҳанд, бепарвоии оила ба ин ҳол оварда мерасонад”.

Бо ин ҳол, ҳанӯз тақиқоти ҷомеъ дар хусуси авомили худкушии мардум дар Тоҷикистон аз сӯйи ҳеч ниҳод ё ташкилот ироа нашудааст.
Мӯҳр
Ин саршавиаш аст .Рекорди масти .Рекорди худкуши .Рекорди шукрона .Рекорди хамчинсгарои. Рекорди фохиша .Рекорди бекори .Муллохои дарбори зидди конуни Аллох гап мезананд .Аз дигараш чи ноле .Вакте ягон конунро Рахмон мебарорад оё фикри халка як бор мепурсанд .ки халк чи мехохад Чи коре хохонд кардан мегиранд.Окибаташ хамин .

Сабаби чунин мусибатхо,Мубориза бурдан бо дини Аллох мебошад.Вакте, ки хукумати имруза,даъвати роҳи хақро пешгири дорад пас мо чиро интизор вавем?

Саид
Банда ба андешахои бародар Анас сад дар сад мувофикам. Охир чи гапаст фасодтарин кишвар дар Осиё, аз чихати иктисоди поинтарин зина, шароб нушида дар чахон якумчода вой бар мо...

Аз замоне, ки пеши рохи ду рухониёнии шинохтаи кишвар, Э.Нуриддин ва Х.Мирзоро гирифтанд дар чомеа фасдкори худкуши, фохишагари ва дигар чиноятхои ахлоки зиёд шуд. Хамин ду нафар буданд, ки хамеша чавононро аз окибатхои фасоду фасодкори ва чазои худкуши инчунин дигар масъалахои шаръи, огох мекарданд. Албатта, тарики дискхое,ки дар бозорхо фурухта мешуд. Ман боварии комил дорам,ки ба воситаи ин чандин нафар одамон аз рохи бад баргаштанд. Холо бошад дар бозорхо ба чои он филмхои турки ва дигар кинохое фурухта мешавад,ки дар он терроризм, фасодкори, дуздиву горат ва гайрахо ташвик мешавад ва касе пеши рохи инро намегирад. Боз шарм надошта дар бораи терроризму гаравиши чавонон ба гуруххои тундрав гап мезанем.

явсяыв
Чавоб ба Анас, хой аз номи халк гап назан!!!
Шумобарин одамон солхои 1991-1992 халкро истифода бурда сохиби вазифаю мансаб шудани буданд. Хамин гурухи 24 бошад аз тарафи хоричихо ташкил карда шудааст,ки то мамлакату миллати моро пора пора кунанду ва баъд заминхои моро сохиб шаванд. Кудратов дар вакташ бо НАТО хамкори мекард, бо сузишвори онхоро дар Афгонистон таъмин мекард.

[b]явсяыв[/b
Соли 91-92 ба ёд наёр.Фикри хозира. кардан даркор .Чи инкадар Халка метарсонен? 95% мусулмон дар Точикистон конуни 5% -и бедин. Ин чи бадбахтист .Барои шумо ин бехтараст точкик кам проблема кам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)