Бахшҳо

Ҷилавгирии сержант Ёқубов аз худкушии Мавзунаи 27-сола

Сержанти милитсия Парвизҷон Ёқубов рӯзи 25-уми марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд ҷавонзан Мавзуна Зокироваи 27-соларо, ки худро ба қасди худкушӣ аз болои пул ба дарёи Сир андохтааст, наҷот додааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, милитсионери Хадамоти таъминотии милитсияи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд сержанти милитсия Ёқубов Парвизҷон Эркинҷонович, рӯзи 25.03.с.2015, соати 15:30-дақиқа ҳангоми пеш бурдани фаъолияти хизматӣ шоҳиди он шудааст, ки шаҳрванд Зокирова Мавзуна Давроновна, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади худкӯшӣ худро аз болои пул ба дарёи "Сир" андохтааст: “Сержант Ёқубов барои наҷот додани Зокирова Мавзуна худро дарҳол ба об андохта, ба сардии оби дарё нигоҳ накарда, дар лаҳзаҳои кӯтоҳтарин Мавзунаро аз марг наҷот дод”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ҳодисаро далели ҷасорати корманди милиса арзёбӣ карда, афзудааст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои ҳимояи шаҳрвандон ҳатто ҳаёту ҷони худро дареғ намедоранд.
Мӯҳр
Шоҳин
Вазорати умури дохила бояд ба ин сержанти далер унвону ҷоиза тақдим кунад. Офарин!

Кандаша занад! Ана милисаи хакики!

Ахсан акои милиса ба ин чавонмардиатон

Фирдавс
Офарин. Рахмат ба волидайни шумо. Обод бошед.

Офарин бар шучоати чунин чавонмард. Бовари дорем, ки ин корнамоии сержанти милиса аз чониби Вазири ВКД ЧТ, яке аз фарзандони ба ору номуси ВАТАН - Рамазон Рахизода шахсан кадршиноси мешавад. ОФАРИН МИЛИСАИ ВАТАН- ХОМИИ СУБОТУ ОСОИТАГИИ КИШВА!!!!!

Сино
Худо кумакаш кунад!

Эй кош полковнику генералхои мо мисли ин сержант буданд!

tashakur ba in javon odam budaast mard budaast ,,,,,,, ammo hamashon in nafar nestand ku bisere az onho duzdan poraxurand va besavodan ,,,,

Истиклол
ОФАРИН, ВКД бояд ба ин хел чавонмардон квартира ё як мошини сабукрав тухфа кунад то ки дигар кормандони орган ибрат гиранд

Ситора
офарин ба милиса, вале Мавзунаро аз сафараш гардонд, аз сафар гаштан хуб нест

точик
эй кош милисахоимо хамаашон хамин хел мешуданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)