Бахшҳо

8 курсӣ дар интизори интихоби Эмомалӣ Раҳмон ва Қаҳҳор Махкамов

Аъзои Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз вилояти Бадахшон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ низ дар пайи овоздиҳии пушидаи вакилони халқи маҷлисҳои худ интихоб гардиданд.

Дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, ки рӯзи 27 марти соли равон баргузор шуд, Шодихон Ҷамшед - раиси вилоят, Қимматгул Алибердиева - раиси шаҳри Хоруғ, Саидбурҳон Абдураҳмонзода – раиси ноҳияи Дарвоз, Зикрихудо Самадов – раиси ноҳияи Ишкошим, Ҳарамбегим Маҳтобшоева, директори литсейи президентии шаҳри Хоруғ узви палатаи болоии парлумони кишвар аз ин минтақа интихоб шудаанд.

Инчунин дар пайи овоздиҳии пушида Раҳмоналӣ Амирзода - раиси шаҳри Ваҳдат, Қаноатшо Лоиқзода - раиси ноҳияи Рашт, Абдураҳмон Ҷураев - директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик", Саёҳат Додоҷонова - раиси ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, Қурбонмурод Неъматов – мудири ширкати "Роҳи тоҷик" узви Маҷлиси миллии кишвар аз ҷониби шаҳру навоҳии тобеи марказ интихоб гардидаанд.
Ин дар ҳолест, ки аз вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода - раиси вилояти Хатлон, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Балҷувон, Ҷабори Ғаффор - раиси ноҳияи Бохтар аз ҳисоби Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Румӣ, Хайруллои Амонулло - раиси шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ховалинг, Шӯрообод, Мӯъминобод, Темурмалик, Саидумрон Абдураҳмонзода - раиси ноҳияи Қубодиён аз ҳисоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз, Қубодиён, Қумсангир, Ҷиликӯл, Миралӣ Раҷабзода - Носири Хусрав ва раиси шаҳри Норак аз ҳисоби Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Норак, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон узви Маҷлиси миллӣ эълон шуданд.

Худоёрзода Бахтиёр Тавар - роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич - ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи Шоҳмансур, Раҳмонова Наргис Шарифовна - котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Сино, Шоев Нуралӣ Наботович- ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ ва Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи пойтахт соҳиби курсӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон шуданд.

Аз вилояти Суғд, Абдурраҳмон Қодирӣ - раиси вилоят аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояту Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Қайроққум ва ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров, Раҷаббой Аҳмадзода – раиси шаҳри Хуҷанд аз шаҳрҳои Хуҷанду Истиқлол ва навоҳии Ҷаббор Расулову Спитамен, Набизода Наим-раиси шаҳри Истаравшан аз шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Ғончию Зафаробод ва Шаҳристон, Ислом Шафиев – раиси шаҳри Панҷакент аз шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳ ва Раҳмон Шораҳматов - директори литсейи №3-и шаҳри Исфара аз шаҳрҳои Исфараю Конибодом ва Чкалов ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз 33 курсӣ иборат буда, соҳиби 25 тои он тариқи раъйдиҳии пушида аз сӯи вакилони халқи маҷлисҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои худ интихоб мешаванд. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон 8 нафари боқимонда аз сӯи раисҷумҳури кишвар интихоб шуда, президентҳои собиқ низ узви ҳамешагии ин маҷлис ба ҳисоб мераванд. Ин аст, ки Қаҳҳор Маҳкамов ба унвони раисҷмуҳури нахустини Тоҷикистон аз ин имтиёз бархӯрдор аст ва дар гузашта узви Маҷлиси миллӣ буд. Аммо ҳоло маълум нест, оқои Маҳкамов ин навбат низ вориди Маҷлиси миллӣ хоҳад шудё не.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)