Бахшҳо

Вокуниши Вазорати тандурустӣ ба “Озодагон”: Давлатбӣ ройгон табобат мегирад (ВИДЕО)

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо навиштани як нома ба матлаби “Кумакхоҳии як маҷруҳи садама аз Президент”-и Хабаргузории “Озодагон” вокуниш нишон додааст.

“Озодагон” рӯзи 11 марти соли равон муроҷиати Давлатбӣ Холова, як зани 27-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкилотҳои хайриявӣ ва мардуми саховатпешаро нашр кард. Ин ҷавонзани тоҷик, ки дар пайи як садамаи нақлиётӣ ҷароҳати вазнин бардоштааст, мегӯяд, барои муолиҷа гирифтан бояд ба хориҷа биравад, аммо маблағи лозимро надорад. Ӯ аз президенти кишвар, Вазорати тандурустӣ ва созмонҳои хайриявию мардуми сарватманд барои гирифтани табобат дар берун аз ҷумҳурӣ кумак хоста буд.

Дар номаи вазорат, ки зери имзои Ш. Шарипов, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир ирсол шудааст, таъкид мешавад, табобат ва ҷарроҳии Давлатбӣ Холова, бемор ва нафари кумакхоҳанда аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар мувофиқи мақсад нест. Ба иддаои масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳоло гӯиё Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А.Нурматови кишвар барои табобати тавонбахшии ин бемор ба таври ройгон муваззаф шудааст.

Номаи вазорат ба таври комил нашр мешавад:

“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории доимӣ бо аҳли эҷоди хабаргузории “Озодагон” изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон оиди муроҷиати Холова Давлатбӣ, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Мадад, хонаи 28, ҳуҷраи 5 ба Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сомонаи “Озодагон” дарҷ гардидааст, чунин маълумот пешниҳод менамояд.

Бемор Холова Давлатбӣ рӯзи 13.02.2015 дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 бистарӣ гардида, айни ҳол табобатро ба таври ройгон гирифта истодааст.

Бемор аз ҷониби сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба ҷарроҳии асаб муоина гардида, мувофиқи нишондодҳои тибби муосир ва хулосаи мутахассисони соҳавӣ гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ва табобати махсусгардонидашуда ба ӯ дар хориҷи кишвар мувофиқи мақсад шуморида намешавад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби мутахассисони алоқаманд ба бемор, баъд аз бартарафнамоии оризаҳои трофикӣ анҷом додани табобати тавонбахшӣ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А.Нурматов тавсия дода шуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омодааст тавассути муассисаи номбаршуда, ба бемор табобати тавонбахширо ба таври ройгон таъмин намояд”.

ВИДЕОИ КУМАКХОҲИИ ДАВЛАТБӢ


Мӯҳр
Ватке Шахбози маъюб барои Олмон ва ё Эрон рафтан аз президент кумак хоста буд, Комисияи махсуси Вазорати тандурусти гуфта буд, ки Шахбоз барои ба хорича рафТАН ва чаррохи шудан ниёз надорад. Онхо интизор буданд, ки солдати мачрух дар Карияи боло бимирад. Вале падараш хонаву дарашро фурухта ба Маскав рафта чарима кард.
Пас ба ин дуруги наваш чи гуна бовар кунем?
Вазорат дуруг мегуяд

99
Агар дасту пояш тамоман кор намекард, ман ба ҷавоби вазорати тандурустӣ бовар мекардам.
Вазорат аз тарси он, ки аз президент гап нашунавад, баҳона кофтаасту, халос.
Бародарон! Барои вазифа шуда ҳаёти дигаронро ба хатар нагузоред ва мардумро ноумед накунед!
Маблағ надоред ва ёрӣ карда наметавонед, натарсида, руирост гӯед!

Умуман дар бораи "ТАБОБАТИ РОЙГОН" гап назанед!
Табобат ройгон набуд ва намешавад. Агар ройгон аст, пас он табобат нест ва фиреби мардум асту, бас!
Ин бечораро ҳатто аз ярашавӣ пешгирӣ карда натавонистаанду, боз табобати ройгон дар ким-кадом маркази номаълуми физиотерапевтӣ ваъда додаанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)