Бахшҳо
31 мар 2015 08:33Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон: Пирӯзии Каримов натиҷаи роҳбарии хирадмандона аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як барқияи шодбошӣ Ислом Каримовро барои пирӯзӣ дар интихоботи президентии Узбакистон табрик гуфтааст.

Бино ба иттилои торнамои расмии президенти Тоҷикистон, дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад, “Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бипазиред".

Дар идомаи ин барқия омадааст: "Мо ин муждаро бо изҳори қаноатмандӣ қабул намудем. Аз нав интихоб шудани Шумо далели эътимоди воло ва натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи дар самти рушди ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон равонашудаи Шумо, таҳкими иқтидору баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми он мебошад".

"Мо мутмаин бар онем ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон омили муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа, ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии кишварҳо ва халқҳои мо гардида, бо намунаҳои нави ҳамкориҳои судманд ғанӣ мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон пурра омода аст барои анҷом додани ин кори хайр тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад",-гуфта мешавад дар ин номаи табрикӣ.

Масъулини Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон рӯзи 30 март дар пайи як нишасти хабарӣ эълон кардаанд, Ислом Каримови 77-сола дар интихобот наздик ба 90 дарсади раъйи овоздиҳандаҳоро соҳиб шудааст.

Ислом Каримов 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз соли 1989, вақте котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ шуд, Узбакистонро раҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Узбакистони шӯравӣ президент интихоб гардид ва дар чанд интихоботи раёсатҷумҳурие, ки дар кишвараш баргузор шуд, дастболо гардид. Каримовро дар Тоҷикистон ба унвони рақиби сарсахти бунёди неругоҳи “Роғун” мешиносанд. Дар масъалаи истифодаи об Тошканд ҳамеша бо Душанбе ихтилофи назар дорад. Боздошти қаторҳо, мошинҳои молу коло дар қаламрави Узбакистонро ҳам ба ҳамин ихтилофҳо рабт медиҳанд.
Мӯҳр
экспрет
яке пирузии худат ва дуюм пирузии хамин ислом каримов вокеан натичаи рахбарии хирадмандона аст. хатто африкоихо хам лол мондаанд!!!!!!

Ватандӯст
Ба эксперт, агар эксперти ҳақиқӣ мебудед мефаҳмидеде, ки сиёсати хирадмандонаи Э.Раҳмон аст, ки ба тинҷиву амонӣ серию пурӣ расидед ва озодии ВАО аст ки Шумо чунин гапҳоро менависед.

рохиб
Илтимос хеч к5асро таъриф накунед танхо кудак ба таъриф зхтиеч дорад зеро аклаш намегирад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)