Бахшҳо
31 мар 2015 10:49Тоҷикистон / Иқтисодӣ

АКС: Баҳси қурби сомонӣ, даъвати наваскарон ва офатҳо дар ҷаласаи ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 31-уми март дар ҷаласаи ҳукумат масоили марбут ба даъвати баҳории наваскарон, қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ ва тайёрӣ ба офатҳои табии баҳориро баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла хостори назорати қурби пули миллӣ ва пешгирӣ аз сӯйистифода ва қаллобиҳо дар бозори нақд шудааст: “Инчунин доир ба вусъат додани киштукори баҳорӣ ва истифодаи босамари заминҳои корам, ба кор даровардани пойгоҳҳои барқии обкашӣ, омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои сифати татбиқи лоиҳаҳои давлатии инвеститсионӣ, ба низом даровардани истифодабарии роҳҳои мошингард, хусусан роҳҳои навсозишуда, афзун намудани истеҳсолоти саноатӣ, тайёрии ҷиддӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии баҳорӣ ба мисли селу жола, обхезӣ ва ярчу сангрезиш супоришҳои мушаххас дода шуд”.

Манбаъ мегӯяд, зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар давраи то соли 2020 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд: “Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи кишвар, аз ҷумла барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон, мебошад”.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур афзуд, ки дар ин ҷаласа низ масоили тақсими қитаъҳои замини назди ҳавлигӣ ба сокинони ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор баррасӣ шуда, барои ба аҳолии ниёзманд ба замини ин минтақаҳо замин ҷудо карда шуд.

Инчунин дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, дар баробари лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба қонунҳо “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуд.


АКС: Баҳси қурби сомонӣ, даъвати наваскарон ва офатҳо дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси қурби сомонӣ, даъвати наваскарон ва офатҳо дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси қурби сомонӣ, даъвати наваскарон ва офатҳо дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси қурби сомонӣ, даъвати наваскарон ва офатҳо дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси қурби сомонӣ, даъвати наваскарон ва офатҳо дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси қурби сомонӣ, даъвати наваскарон ва офатҳо дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Баҳси қурби сомонӣ, даъвати наваскарон ва офатҳо дар ҷаласаи ҳукумат
Мӯҳр
Сафар
Мухтарам чаноб доллар 700 шуд нав сади рохаша мегиред?

точик
Дар мамлакате,худро мусулмон мегуянду лекин зиди конуни аллох кор мебаранд.ва шахсонеки дар зулми инхо тахамул мекунанд.дар курон сураи 9 ояи 24 ро бодикат хонед. 24  Бигӯ: «Агар падаронатону фарзандонатон ва бародаронатону занонатон ва хешовандонатону амволе, ки ҷамъ кардед ва тиҷорате, ки аз қасоди он бим доред ва хонаҳое, ки бад-он дилхуш ҳастед, барои шумо аз Худову паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи Ӯ дӯст доштанитар аст, мунтазир бошед, то Худо фармони худ биёварад». Ва Худо нофармононро ҳидоят нахоҳад кард!

ДОЛЛАР 5,7. ШУДААСТУ ДАР ТОЧИКИСТОН БОШАД АЗ 6,28 ПОИН НАМЕФАРОЯД.

мухтарам Хайрулоев Ш, як ин масаларо дида бароед. нархи долларо 4.50 куне.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)