Бахшҳо

ВВС: Бахши тоҷикӣ ба далели камбуди маблағ баста шуд

Масъулини Сервиcи ҷаҳонии Би би сӣ (ВВС) бо нашри изҳороте далели баста шудани бахши тоҷикии радио ва сомонаи худро дар Тоҷикистон шарҳ додаанд. Онҳо мегӯяд, ин тасмим дар пайи коҳиши ҳазинаҳои сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ гирифта шудааст ва бо шумули рӯзноманигорони бахши тоҷикии ин сервис 105 нафар коргар дар умум кори худро аз даст хоҳанд дод.

Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ таъкид кардааст, ки баста шудани бахши тоҷикии сервиси онҳо маънои рахт бастани Би-би-сӣ аз Тоҷикистон нест ва пӯшиши хабару руйдодҳои кишвар дар бахши форсӣ ҳамоно идома хоҳад ёфт: "Бо ин ки сафҳаи сириллики бахши форсии Би-би-сӣ баста мешавад, мо ҳамчунон ба пӯшиши хабарии рӯйдодҳои Тоҷикистон дар сойти форсии Би-би-сӣ идома хоҳем дод ва мухотабони мо дар Тоҷикистон илова бар сойти форсии Би-би-сӣ метавонанд ба сойтҳои русӣ ва инглисии Би-би-сӣ ҳам муроҷиа кунанд. Мо ҳамчунон дар Тоҷикистон хабарнигор хоҳем дошт ва мардуми Тоҷикистон метавонанд хабарҳои марбут ба кишварашонро аз тариқи телевизиюн ва родиюи форсии Би-би-сӣ дунбол кунанд."

Дар баробари Исфандиёри Одина, ки масъули намояндагии Би би сӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад, инчунин Анора Саркорова ба ҳайси хабарнигори бахши русии ВВС ва Суҳроби Зиё, хабарнигори телевизиони ВВС дар Тоҷикистон фаъолияташонро идома хоҳанд дод.

Аммо рӯзноманигорони маъруф - Зарринаи Хушвақт, Мардони Муҳаммад, Зеваршоҳи Муҳаммад, Рӯзигул, Искандари Фирӯз, ки аз кор дар Душанбе ва Урунбой Усмонов аз кор дар Хуҷанд ҷавоб дода шудаанд, чӣ нақшаҳо доранд?

Искандари Фирӯз ҳанӯз дар моҳҳои аввали эълони азми Би би сӣ барои бастани бахши тоҷикии радио, тирамоҳи соли 2014 ба кор ба сомонаи дигар гузашт. Заринаи Хушвақт дар робита ба нақшаҳои ояндааш ба “Озодагон” гуфт, ҳоло ҳеч тасмиме нагирифтааст: “Мехоҳам каме истироҳат кунам”.
Мардони Муҳаммад, ки донандаи хуби забони англисӣ мебошад, ба “Озодагон” гуфт, шояд дар ягон созмони байналмилалӣ ба кор дарояд. Хабарнигор Шамсияи Қосим аз ироаи нақшаҳояш барои оянда худдорӣ кард.

Зеваршоҳи Муҳаммад мегӯяд, феълан аз радио, телевизионҳои давлатӣ ва нашрияҳои давлативу хусусии Тоҷикистон пешниҳоди корро гирифтааст, аммо ҳанӯз ба хулосаи мушаххасе нарасидааст: “Албатта, он ҳуқуқеро, ки дар Би би сӣ доштам, аз дигар расонаҳо талаб намекунам, вале ҳадди ақал шароите бошад, ки зиндагиро чархонда шавад. Аз телевизиони “Тулӯъ”-и Афғонистон ҳам пешниҳодҳо шуданд. Ман ҳоло як моҳ истироҳат мекунам ва баъдан ба як хулосаи мушаххас меоям”.

Дафтари сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон аз соли 1993 ба ин сӯ фаъолият дошта, дар саргаҳи оғози кори ин радио дар Тоҷикистон журналисти маъруф, шодравон Муҳиддин Олимпур меистод.


Акси Зарринаи Хушвақт аз фейсбук гирифта шудааст
Мӯҳр
Ар сол факултаи журналистикаи ДМТ, ДДХ ва Кулобу Хоруг инчунин ДДСТ -ро худуди 400 нафар бо ихтисоси журналист тамом мекунанд. Аз ин шумул 5-7 нафарашон дар ВАО ба кор медароянд, дигаро тичор мешаванд, таксист, мухоыир, ошпаз ва гайра. Чаро як бор дар ун маврид наменависед? Аз ББС рафта бошанд хам барои хар як соли рафтагишон маблаги хуб мегиранд, чаро зик мешавед огоюни инчуни?

Ис-Иб-Иб
Техрон мераванд. Яке дар унчо кор меоянд. чандин маротиба гуфта будандашон, ки ба забони мардуми Точикистон бинавсиед, аммо уно Убомову ким-чихои дигар мегуфтанд.

Наздэ Бурок Убомо равид, то ун бэ шомо коре пишниход бекунад. Ин дар холест, ки шомо огоюне азиз дар Точекестон бе забони дувлати харф заданро ОР мидонистид.

Калтаи Дароз, ТОрики РУшан - ВВС ДуЩЩанбе !
Чиба иша намеони??? ки шумохам бегонапарастен озодагон???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)