Бахшҳо

Ҷаҳон дар якуми апрел

Гирдоваранда ҳақиқатнигор Сайф САФАР

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, натиҷаи ахири интихоботи кишварашро қабул надорад. Ӯ бо нишони эътироз ба тақаллубкории Кумитаи марказии интихоботи Узбакистон супориш додааст, дар наздиктарин фурсат раъйи мардумро бо шаффофтарин роҳ ҳисоб кунанд ва ҳақро ба ҳақдор бирасонанд. Оқои Каримов ҳамчунон гуфтааст, дар сурати иҷро нашудани ин амр аз симматаш истеъфо медиҳад. Ин раиси ҷумҳури дарозумри Узбакистон ин амалкардашро ба хотири ниҳодина сохтани демократия дар кишвар ва минтақа шарҳ додааст. Ӯ инчунин бо хитоб ба тамоми раис ҷумҳурони Осиёи Марказӣ гуфтааст, аз ин тасмимаш пайравӣ кунанд ва сатҳи тақалубро дар интихоботҳо поин баранд. Каримов дар ин баёния ба робитаи кишавараш бо Тоҷикистон ҳам ишора карда, гуфтааст, ӯ ба раиси ҷумҳури ояндаи ин кишвараш маслиҳат медиҳад, муносиботро бо Тоҷикистон хуб ба роҳ монад. Ба таъкиди Каримов раиси ҷумҳури ояндаи Узбакистон бояд хати парвоз ва роҳи оҳани бору колро бо Тоҷикистон барқарор созад. Талош кунад, барои лағви виза шароит фароҳам шавад. Мактабҳои тоҷикиро дар шаҳрҳои тоҷикнишини ин кишвар бунёд кунад ва барои сохтани НОБ-и Роғун мухолифат накунад.

Арабистони Саудӣ, ки чанд рӯз пеш бо эътилофи иттиҳодияи давлатҳои Халиҷи Форс ба кишвари Яман ҳуҷум кард, аз ин тасмимаш даст кашидааст. Шоҳи Арабистон Салмон ибни Абдулазиз дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ин корро ба хотири ваҳдати исломӣ кардааст. Шоҳ изҳор доштааст, “Мӯъмин бародари мӯъмин аст!” ва уммати Ислом бояд ба душманонаш фурсат надиҳад аз муноқишаҳои байни мусулмонон табли шодӣ зананд. Ҷаноби Салмон бо сароҳат таъкид кардааст, ки агар Амрико ба ин иқдомаш мухолифат кунад сафирашро аз ин кишвар бозхонд мекунад ва тамоми равобиташро бо Вашингтон қатъ мекунад. Ӯ ваъда додааст, “минбаъд фурӯши нафти Арабистонро ба кишварҳои ғарбӣ кам мекунем ва аз ин ҳисоб онро ба кишварҳои бо арзонтарин нарх ба давлатҳои мусулмоннишин мефурӯшем”.

Музокироти ҳастаии Эрон ба нафъи ин кишвари анҷомид. Конгреси Амрико гуфтааст, Эрон аз ин ба баъд дар ғанисозии ураниум ба роҳатӣ вориди амал шавад. Мақомдорони конгреси Амрико ҳатто ваъда додаанд, ба Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, талафи вақт тайи 1,5 соли раванди музокира ва “моральный ущерб”-ҷуброн мекунад. Дар ҳамин ҳол Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, ин суханони Конгрес истиқбол карда, гуфтааст, дар зудтарин фурсат ба Амрико сафар мекунад ва боз шудани сафоратҳояшонро дар миён мегузорад.

Раиси ҷумҳури Русия, Владимир Путин, гуфтааст, мақсад дорад дар 1-умин солгарди пайвастани Қрим ба Русия онро дубора бозмегардонад. Ӯ дар ин бора ба расонаҳо гуфтааст, ки дар ин замина бо аъзои кобинаи ҳукуматаш дар ҳоли гуфтугӯ аст ва бо расидан ба тавофуқ ин тасмимашро амалӣ мекунад.

Абубакри ал Бағдодӣ, раҳбари “Давлати исломӣ” ё ҳамон ДИИШ намояндаи Тоҷикистон, Абухолиди Кӯлобиро ба ҳузур пазируфта, як ҷомаву тоқӣ ва миёнбанди гулдузӣ туҳфа гирифтааст.
Мӯҳр
Озоди Шумо факат имруз не доим дуруг мегуед, барои хамин сомонаи Шуморо хукумат тасмими бастан дорад...

Озодагон Шумо хам шух шудаед, ку...

росгу
Бузак бузак намур, ки бахор меояд. Хангоми хонндани ин "хабархо" рафта руямро шустам, ки мабодо ход набошам...хай хеч гап не ба кавли Русхо <<мечтат не вредно>>

Эй кош хамаи ин ба хакикат мубаддал мегашт

Шердил
Дуруг хам чой доштагист

Рутта сиёҳ ОЗОДАГОН ба и хабарот!!! Т хдт ҳама вахт первий апрел бди, бо чи мардма да рузи первий апрел гаранг мекни?

табриккунанда
зодрузатон муборак озодагони азиз хушо бахолатон

Мухочир
Бояд дар охир мегуфти, ки чаноби оли хичобро дар макотиби оли ичозат додааст,. 1 апрел муборак мухтарам ozodagon

Диловар
Озоди накун ика шоди ту хамавакт дуруг мегуи ба фоидаи Биритонио кор мекуни.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)