Бахшҳо

АКС: Ронандаи дигар нозири роҳро болои “капот” бардошт (НАВШУДА)

Мақомоти Тоҷикистон алайҳи як ронандаи дигар, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба фармони нозири роҳ итоат накарда, бо суръат ӯро зер кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Тавре ба “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, ронандаи мошини ВАЗ 21010 -- Ибодулло Қодиров, сокини 24-солаи Душанбе дар кӯчаи Неъмат Қарабоев қоидаҳои ҳаракатро вайрон карда, аз дар хатти дуюм меистад: “Нозири роҳ аз ӯ хоҳиш мекунад, ки дар ҷои лозимӣ истода, ҳуҷҷатҳоро барои санҷиш пешниҳод кунад. Аммо фирор мекунад ва дар поёнтар нозири дигари роҳ талош мекунад ӯро боздошт намояд. Ронанда, ки ҳуҷҷатҳои лозимӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи ронандагӣ надоштааст, ишораи ин нозири роҳро низ сарфи назар карда, якбора босуръат ба хатти сеюми роҳ гузаштанӣ мешавад ва нозири роҳро, ки ба тарафи ӯ давидааст, зер кардааст. Нозир аз болои капот парида, бо шиддат ба замин мезанад”.

Манбаъ мегӯяд, корманди ҷабрдидаи БДА, Аммонулло Хайруллозода мебошад, ки аз моҳи июни соли 2014 дар назди бозори Султони Кабир ҳамчун нозири роҳ таъин гардидааст ва феълан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ бистарӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе алайҳи ронандае, ки ба фармони нозири роҳ итоат накарда, ӯро дар болои қисмати пеши мошинаш то 100 метр кашола карда бурдааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда буд. Мақомоти Тоҷикистон аз ин ронанда, ки дар хатсайри рақами 8 бо мошини “Опел-астра”-аш ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул будааст, Баҳриддини Наҷмиддин ном мебаранд, ки зодаи шаҳри Кӯлоб буда, феълан дар ноҳияи Рӯдакӣ иқомат дорад. Ба иттилои манбаъ айни ҳол ронанда дар боздошт ва воситаи нақлиёташ дар ҷаримагоҳ қарор дорад.

Ин қазия баъди он вирди забон шуд, ки 20-уми март навори кашола кардани нозири роҳ аз ҷониби ронанда, ки дар кӯчаи Айнӣ, дар назди маҷмааи фурӯши “Садбарг” сабт шудааст, дар интернет нашр гардид. Бисёре аз корбарон ин амали ронандаро маҳкум карда, қисме аз ӯ таъриф карда, изҳор доштаанд, ки нозирони роҳ бо фасодкорияшон ронандаҳоро азоб дода, маҷбур ба фирору саркашиҳо мекунанд.


АКС: Ронандаи дигар нозири роҳро болои “капот” бардошт (НАВШУДА)

АКС: Ронандаи дигар нозири роҳро болои “капот” бардошт (НАВШУДА)
Мӯҳр
аы
Дар чарогаки сурх ки гузашта бошад, чаримаро ба шахри бехатар месупорад. Нозир чи кор дорад бо вай? Грузит кардани будаст, ки нашуд.

Сталин
далнобойшик
хуб кардаст ронанда ин нозиро аз хад гузарондаги

Нозиронро кам кардан даркор аст, ки не мардум худаш камашон хохад кард !!!

ГАИ
Нозирро кӣ ҳақ додааст, ки ба тарафи мошин давад? Барои чӣ ин нозирон ва роҳбаронашон барои риоя накардани дастурамал ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд? Дар бандҳои аввали Иструктсия навишта шудагӣ, ки нозир набояд ҷони касеро дар хатар гузорад, аз ҷумла худашро. Он ҷо ҳама камераборон кардагӣ, чӣ хел боз нозир сари роҳи мошин мепаридааст?! Ё ягон началники ГАИ туйу худоӣ дошт, ин бечораҳо бояд туҳфа мебурданд?
Шармандагӣ аст, ки номи МВД бо ин гуна хабарҳо расонаӣ мешавад. Ин нишонаи пасти ҳисси масъулиятшиносӣ ва профессионализми кормандони БДА аст!!

и кризис гуфта, аку ино хдшона ба капот партофтан мегиран, чи.

миллат
шармандаги шармандаги

ГАИ,
бародар, ин нишонаи бесаводии кулли кормандони БДА, касоне ки дар кади рах меистан. 2. нишонаи пой мол кардани КОНУН, дар кадом асос худро ба мулкияти як шахси дигар мепартояд. 3. Худое нахоста агар чон аз даст медод, ин нозир. Боз ки гунахкор? Хатман ба чавобгарии кашида шавад, нозир! ана ифроту ифффффоттт!

Рохгузар
Бисёр хубаш кардааст ин гаихо гузарондаанд

Истиклол
Ба умеди ин камерахо мешудем, ин шоферхои хозира аз хад мегузаронданд. Хубаст, ки дар роххо нозирон меистанд. Барои чи? Барои он ки дар чорахаи Караболо, Садбарг, Саховат ва дигар асосан тамгахои Хундай(Старекс), Меседес(микроавтобус) хаматарафа коидахои рох ва дигар коидахои маъмуриро вайрон мекунанд. Бехат аз худ рафтаги. Худо ба шукр, ки кормандони БДА хастанд, ки каме ронандахои аз худ рафтагиро дар чойхояшон мемонанд. Тассавур кунед, ки И. Кодиров корм. БДА нею балки мактаббачаро дар рохгузар зада аз чои ходиса гайд задаст. Агар мову Шумо ин шахсиятхоро ба мисли И.Кодиров чазо надихем пагох рохи онхоро ягон кас гирифта наметавонад. Вакте, ки корм. БДА ронандаро манъ намуд, у бояд итоат кунанд, чунки холо хеч кас функсияхои онхоро бекор накардааст. Касе дар посухаш тарафи ин чинояткорро гирифтааст шарм кунанд, айбаст ин хел навиштан, фикри фарзандоро кунед.

Шахрванди оди
хавай ходиса басанда набуд, ки боз инаш як бора шарманда шудем гуедя

BMW
bisyor kori hub kardaast ahsan ba ronanda, dar asl in kamerahoi zindaro nest yo kam i kam kardandarkor. Obu rui budagiro merezonand in BDA

Куруш
қоидаҳои ҳаракатро вайрон карда, аз дар хатти дуюм меистад: бесаводхо ин чумлаатон чи маъне доранд?

Шумо ачоиб одамо будаед, о агар ронанда ба коидавайронкуни даст занад, ба нозири рох итоат накунад, ба "Шахри бехатар" барои чаримасупори наояд, аз чои ходиса фирор кунад, нозир мачбур аст бо хар рохе набошад, уро дастгир намояд, зеро чунин ронандахо ба хаёти шахрвандон ва пиёдагардон хатари чидди эчод менамоянд.
Бинобар хамин канд занад он нозир!!!

ронанда
бехтарин кор кадаи ино гшнахо да сари рохи камера барои чи меистан... мо тарафдори ронанда мебошем..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)