Бахшҳо
01 апр 2015 17:52Тоҷикистон / Сиёсат

Муродалӣ Алимардон раиси "Агроинвестбонк" таъин шуд

Муродалӣ Алимардон, ки имрӯз, 1-уми апрел бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи муовини сарвазир барканор шуд, бо қарори Шӯрои нозирони “Агроинвестбонк” раиси ин бонк таъин гардидааст. Ӯ дар ин мақом Суюнхон Рустамовро иваз кард, ки аз моҳи декабри соли 2013 роҳбарии “Агроинвестбонк”-ро ба уҳда дошт.

Муродалӣ Алимардон, ки яке аз шахсиятҳои калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, соли 1983 шӯъбаи молиявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1983 дар филиали “Агробонк”-и Чептура кор кардааст. Соли 1991 ба ҳайси идоракунандаи шӯъбаи “Агробонк”-и ноҳияи Ҳисор фаъолият намудааст. Аз охири соли 1993 чун президенти Бонки саноати аграрии “Шарқ” адои вазифа кардааст. Аз декабри соли 1996 то соли 2008 ба ҳайси раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Ин тағйирот дар ҳолест, ки ду соли пеш Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) бо нашри як гузориш дар мавриди “Агроинвестбонк” гуфт, ин бонк, ки соли 2012 дар остонаи муфлисшавӣ қарор дошту давлат онро “наҷот” дод, ҳанӯз ҳам дар ҳолати ногувор қарор дорад. СБП ду соли пеш гуфта буд, ки бо вуҷуди рекапитализатсияи “Агроинвестбонк” ва садҳо миллион саҳми давлат, дар ин бонк ҳанӯз ҳам норасоии маблағ ҷой дорад. Сандуқи Байналмилалии Пул “Агроинвестбонк”-ро бори зиёдатӣ барои буҷаи давлат арзёбӣ карда, пешниҳод карда буд, барои ба эътидол овардани вазъи ин бонк мутахассисони хориҷӣ ҷалб гарданд.
Мӯҳр
Ун кас агробанкро раис шуданд

Рахнамун
Хамкасбони азиз акнун бас будагист масхарабози. О мардум бовар мекунанд. Агар Алимардонов фахмад мабод дилаш зада аз кор боз монад, баъд чи чавоб медихед? Бе хамин хам журналистонро чашми дидан надоранду бахона кофта мисли ХНИТ боз боз фаъолиятамонро манъ накунанд!

ш Душанбе
Муродалӣ Алимардон....Худо нигахбонат бошад...бисиёр марди худотарс ва хоксоред шумо...ба Падару Модари шумо рахмати калон бо чунин варзанди тарбия кардагиаш...тамоми мардуми Точикистон бо шумоянд....ба тамоми вазирон ва коркунони давлати хоиш карда мешавад ,ки рафтору кирдоро аз фаъолияти кории ин марди далеру шучоъ ёд гиранд...

Алимардонов ба кори аввалааш баргашт: раиси агроинвеастбанк

Истиклол
Йгитай, инсони хубай ва кадри бакуватай

Яки шухй набошаву кимати 100 долар ба 100 сомонй фурояд. Кош ин шухй ба рост мубадал шавад. Омин!!!

патриот
Муродали Алимардон раиси Агроинвестбонк таъин гардидааст барои аз бухрони молияви берун баровардани бонки мазкур

Озодагон кудакбози накун хи хи хи хи

Дар кишвари мо Бонки миллии Чумхурии Точикистон вучуд надорад. Дар Чумхурии Точикистон - "Бонки миллии Точикистон" фаъолият мебарад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи Бонки
миллии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, №24)

ами акаи Муродалира 1 уми апрелкати шухи накадеста бошан яки. наход ай муовини сарвазири раиси банк монанта.

Баракат
Шахсияти М. Алимардон бояд барои хар як фарди точик намунаи ибрат бошад! Бехтарин ИНСОН ва бехтарин КАДРи миллати точик! Он нафароне,ки бо М.Алимардон кор кардаанд ин гуфтахои маро тасдик менамоянд. Лаъл дар каъри дарё низ чило медихад. Барори кор ва БУЗУРГИХО ба Шумо чаноби М. Алимардон!

1
Кори хуб нашудаст ку?

Bank
агар хунарманд аз давлат биафтад гам набошад, чунки хунар дар навбати худ давлат аст

Рост навиштаанд чаноби ИСТИКЛОЛ :йигитай, инсони хубай ва кадри "бокувватай" ,ки дар "бахри пурталотуми сиёсат " чарх зада - чарх зада гарки " бахр" нашуда ба сохилаш баргашт " пас аз хастагиииШШ" !!!!! БОРАКА ОЛЛОХ УМРАК !!!!!!!!!!!!!!!

рахим
ин тоифа чи магар хуни кабуд доранд ки як руз пас вазифа мегиран??
ва хатман вазифаи раиси!!
чи ин нафаро дигар хамчун коргари одди кор карда наметавонан??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)