Бахшҳо
01 апр 2015 17:09Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Ҳамойишҳо ба ҳимояти Устод Ато баъди дархости ҳабсаш аз сӯи HRW

Дар вилоёти гуногуни Афғонистон маъракаи густардаи ҷамъоварии имзо барои ҳимоят аз Устод Ато Муҳаммади Нур, раиси вилояти Балх ва яке аз шахсиятҳои таъсиргузор дар ин кишвар роҳандозӣ шудааст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо саҳфаҳо бо далели ҳимоят аз ӯ фаъол шудаанд. Дар ин мавриди худи Ато Муҳаммади Нур дар саҳфаи фейсбукаш иттилоъ додааст.

Дидбони ҳуқуқи башар аз Ҳукумати Афғонистон дар моҳи гузашта хоста буд, Ато Муҳаммади Нур ва 7 тани дигар аз афроди ғайримасъули низомиро боздошт кунад. Ин ниҳоди байналмилалӣ дар гузориши худ гуфта буд, “мавҷудияти ин нафарон як муҳити хеле носолим ва дахлнопазир барои риояи ҳуқуқи башарӣ эҷод мекунад ва ин нафарон бояд боздошт ва ба ҷазо кашида шаванд”.

Ато Муҳаммади Нур дар саҳфаи фесбукияш аз гирдоварии имзоҳо истиқбол намуда, навиштааст: “Бо сипоси бепоён аз мардуми арҷманди вилояти Ғур! Мардуми азиз ва боиззати вилояти Ғур, дар пайи нашри гузориши “Дидбони ҳуқуқи башар” хаймаи эътирозӣ барпо кардаанд ва бо гирдоварии имзо гузориши мунташираи “Дидбони ҳуқуқи башар”-ро муғризона ва сиёсӣ хонданд. Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин мардуми шарифи вилоёти Балх, Кобул, Ҳирот, Тахор, Самангон низ тайи ҳамойишҳои ҷудогона, иқдом ба гирдоварии имзо намуда буданд. Ман қаблан аз мардуми азизам дар ҳар гӯшаи ин кишвар сипосгузорам ва барояшон орзуи муваффақият ва сарбаландӣ мекунам”.

Дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар, ки бо номи “Имрӯз ҳамаи мо хоҳем мурд” муаррифӣ шуд, мухотаб ҳукумати нави Афғонистон буд. Дар гузориш аз ҷумла омадааст, ки “Ҳомид Карзай, собиқ президенти Афғонистон дар ҷазо додани ин нафарон ноком монд ва Ҳукумати нави Афғонистон набояд ин таҷрибаро такрор кунад”.

Дар гузориши мазкури Дидбони ҳуқуқи башар дар қатори Ато Муҳаммади Нур, сарпарасти вилояти Балх ва яке аз тоҷикони таъсиргузор дар Афғонистон номи 7 тани дигар - Ҳакимулло Шуҷоӣ, фармондеҳи ғайримасъули низомӣ дар Зобул, Азизулло Корвон, фармондеҳи пешини пулиси маҳаллӣ дар вулусуволии Ургуни Пактико, Генерал Абдурозиқ, фармондеҳи пулиси Қандаҳор, Асадулло Холид, раиси пешини амнияти миллӣ, Хайрмуҳамад Темур машҳур ба Чирик, фармондеҳи пешини пулиси Тахор, Ҳоҷӣ Набӣ Каписо, раиси пешини амнияти миллии Тахор ва Миралам, фармондеҳи пешини ҷиҳодӣ ва яке аз фармондеҳони ғайримасъули низомӣ дар Қундуз низ зикр шудааст.

Пештар ҳам маҷалаи олмонии “Шпигел” Ато Муҳаммади Нурро дар қатори шахсиятҳое зикр карда буд, ки дар феҳристи афроди зери пайгарди қонунии НАТО қарор доштаанд.

Ато Муҳаммади Нур, аз раҳбарони қудратманди ҷиҳодӣ дар Афғонистон баъди нашри ин гузоришҳо гуфта буд, ки агар номи ӯ ба унвони “душман” дар феҳристи афроди таҳти пайгарди НАТО қарор гирифта ва нерӯҳои хориҷӣ ба дунболи нест кардани физикии ӯ будаанд, “возеҳ аст, ки террори дигар шахсиятҳои Афғонистон (ки дар 13 соли гузашта кушта шудаанд) низ кори хориҷиҳо будаааст, душманони дохилӣ ва “Толибон” дар он нақше надоштаанд”.

Шпигел ба номи оқои Ато Муҳаммади Нур ишора карда гуфта буд, ки аз соли 2010 инҷониб вориди ин феҳрист шудааст.


АКС: Ҳамойишҳо ба ҳимояти Устод Ато баъди дархости ҳабсаш аз сӯи HRW

АКС: Ҳамойишҳо ба ҳимояти Устод Ато баъди дархости ҳабсаш аз сӯи HRW

АКС: Ҳамойишҳо ба ҳимояти Устод Ато баъди дархости ҳабсаш аз сӯи HRW

АКС: Ҳамойишҳо ба ҳимояти Устод Ато баъди дархости ҳабсаш аз сӯи HRW

АКС: Ҳамойишҳо ба ҳимояти Устод Ато баъди дархости ҳабсаш аз сӯи HRW

АКС: Ҳамойишҳо ба ҳимояти Устод Ато баъди дархости ҳабсаш аз сӯи HRW

АКС: Ҳамойишҳо ба ҳимояти Устод Ато баъди дархости ҳабсаш аз сӯи HRW
Мӯҳр
Абдуллох
Бовар кунед гохо дар таъаччуб мемонам хонандагони гироми. Дар Афгонистон чаро ба точик ичоза намедиханд ба вазифахои боло бирасад? Агар диданд каме боло рафт ва ё мардум эхтиромаш доранд хатман ё терораш мекунанд ва ё дар пайгарди конуни карораш медиханд. Чи сабаб бошад намедонам? Амрико аз миллати мо точикон метарсад? Ё касд дорад ба мо ? Дигар чи чиз нухуфта аст инчо намедонам?

Афгонистон
Аз мухохиди хакики дунёи гарб хамеша нигарон аст!

Чамолиддин
Ин Созмони Дидбони хукуки башар бояд тагйири ном кунад. Дидбони зидди Форсу Ориён

Форс
Дар ин ки Точикон на танхо дар Афгонистон аз чониби Гарб, балки дар осиёи Миёна Русиях низ точиконро катлу тороч намудаву шахрхояшро гирифта ба узбаки кучманчи дод мавриди таъкибу пастзани карор мегиранд. Инчо танхо як сирри махфи аст ки он дар умки асрхои таърих нухуфтааст - Онхо аз якчояшавии Афгонистону Точикистону Эрон ва махалхои форсзабони Хинду Покистон хароси сахт доранд. Бубинед, ки Аанглия ва Руссиях Осиёи Миёнаро чигуна таксим карданд, дарёи Панч сархади манфиатхои зери таъсири ин ду шуд. Баъд инки пуштучахои хакираку дилтанги Покистон хам намехоханд ки Точик дар хоки Афгон сарашро баланд намояд, ва пулти ин пуштучахои руссиёх дар дасти кист гумонам ба харкас маълум аст

Бубинед, рохбарони Хукумати Чумхурии Узбекистон барои узбекзабон Абдурашид Дустум чи корхоро ба анчом расонида истодааст. Онхо гайр аз маблаггузории узбактаборхои Афгонистон ва генерал Дустум барои мавкеъёбии узбакзабонхо дар макомотхои давлати аз тамоми васила истифода мебаранд. Барои хамин зарураст, ки давлати Точикистон ва дигар хамзабонони мо аз хоричи кишвар, ба Ато Мухаммад Нур кумаки хукуки ва сиёсии худро расонанд.

Душманони миллати точик дар кишвари Афгонистон барои нест намудани фарзандони фарзонаи миллати точик дар Афгонистон ба хар роху восита сайъю талош доранд. Баъди террори Ахмадшохи Масъуд ва Бурхониддини Раббони имруз дар пайи нест намудани раиси вилояти Балх Ато Мухаммади Нур, ки фарзанди миллати точик мебошад, кушиш доранд. Бояд тамоми форсизабонхои дунё, инчунин рохбарони кишвархои форсизабон барои пуштибонии ин фарзанди точик сайъю талош кунанд.

Вазъияти чинои дар шимоли Афгонистон руз то руз мураккаб гашта, дар сатхи давлатдории он точикситези авч гирифта истодааст. Сохибкудратон талош доранд, ки намояндагони миллати точикро аз вазифахои калидии давлати Афгонистон дурнамуда мавкеи забони точикиро махдуд намоянд. Набояд миллати шарифи Афгонистон ба ин холати кор рох диханд. Зеро фиркагарои омили чанги кавми мегардад.

Рохбарони Хукумати Чумхурии Точикистон, хусусан макомотхои кудратии он барои амнияти фарзанди точик раиси вилояти Балх Ато Мухаммад Нур ва химояи хукуку озодихои фарзандони точики Афгонистон тадбирхои судмандро биандешанд.


Чалолиддин
Мавкеи точиконро хар бехираде, ки дар Афгонистон нодида мегирад нодону чохил аст. Агар Ахмадшох Масъуд набуди сад соли дигар Шурави аз Афгонистон хорич намешуд. Ин хама гуруххои бо ном чиходии паштунтабор дар Афгонистон чуз горат ва дуздию хонасузии мардум кореро анчом намедоданд. Шурави хама гушаи Афгонистонро забт кард ило Панчшер, ки он чо шахид Ахмадшохи Масъуд ва машхур бо номи Шери Панчшер сангар дошт. Афгонистон бо точикон ва нуфузу шахомати онхо хамчун давлат шинохта мешавад, вагарна бо он кавми беадабиёту таърих чун кишвархои кафомондаи Африко ба ёди касе хам намерасад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)