Бахшҳо
01 апр 2015 17:42Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон: САҲА-бузургтарин созмон дар соҳаи бехатарист (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), муовини якуми сарвазир-вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич гуфтааст, ки “Мо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро бузургтарин созмони минтақавӣ дар соҳаи бехатарӣ мешуморем ва ҳамкорӣ бо он аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.

Ивитса Дачич дар доираи сафараш ба Тоҷикистон имрӯз, 1-уми апрел бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон мулоқот намудааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба нақши САҲА дар пешгирӣ аз муноқишаҳо, ҳалли бӯҳронҳо ва барқарорсозии пасазмуноқишавӣ баҳои баланд дода,- ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент дар ин мулоқот изҳори бовар карда шудааст, ки дар пешгирӣ аз бӯҳронҳо ва бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ нақши САҲА эҳсосшаванда хоҳад буд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот ба масоили ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо Ивитса Дачич вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот низ суҳбат намуда, доир ба густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Сербия низ гуфтугӯҳо сурат гирифтаанд.


Э.Раҳмон: САҲА-бузургтарин созмон дар соҳаи бехатарист (АКС)

Э.Раҳмон: САҲА-бузургтарин созмон дар соҳаи бехатарист (АКС)

Э.Раҳмон: САҲА-бузургтарин созмон дар соҳаи бехатарист (АКС)

Э.Раҳмон: САҲА-бузургтарин созмон дар соҳаи бехатарист (АКС)
Мӯҳр
Шукурчон Зухуров, райиси пешин ва феълии МН дар як ҷаласаи палатаи болоии парлумон гуфт, ки САҲА омили хатарзост, ҳар ҷое онҳо бошан он ҷо ҷангу кашмакаш аст.
Озодагон бо навораш ҳамонро нашр карда буд. Ҳоло президент мегуяд, ки САҲА- бузургтарин созмони бехатарист. Мани нодон мондам ҳайрон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)