Бахшҳо

Боздошти се мансабдори тоҷик барои ҳамкорӣ бо “нашъаҷаллобон”

Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти се мансабдор дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар сӯиистифода аз мансаб ва ҳамдастӣ дар қочоқи маводи мухаддир айбдор мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти агентӣ ин се мансабдори давлатӣ бо сӯйистифода аз мансаб барои интиқоли маводи нашъаовар аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Красноярск мусоидат менамуданд. Манбаъ мегӯяд, ҳамдастии мансабдорон дар қочоқи маводи мухаддир баъди он ифшо гардид, ки моҳи августи соли 2014 дар фурудгоҳи “Емеляново”-и шаҳри Красноярск аз шаҳрванди Тоҷикистон 3 кило героин дарёфт ва мусодира шуд: “Барои ифшо кардани дастандаркорони дигар аз ҷониби Додситонии нақлиёти Тоҷикистон аз рӯи моддаи 322 қ.1 КҶ ҶТ (“Хунукназарӣ”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки се мансабдор дар Душанбе бо сӯйистифода аз мансаб барои интиқоли маводи нашъаовар ба шаҳри Красноярск мусоидат менамудаанд”.

Манбаъ афзуд, ки ҳоло алайҳи боздоштшудагон аз тарафи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон бар асоси моддаи 289 қ. 2 “(“Қочоқ”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дафтари матбуоти агентӣ аз овардани ному насаб ва мансаби афроди боздоштшуда худдорӣ карда, онро ба номаи охири Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи махфӣ нигоҳ доштани ному насаби афроди муттаҳам арзёбӣ кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 30 марти соли равон бо ирсоли як нома ба унвони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазорати умури дохилӣ ва дигар ниҳодҳои интизомӣ хостааст, то замони тасдиқи гуноҳи айбдоршавандаҳо аз тарафи додгоҳ, ному насаби онҳоро ошкор накунанд. Дар ин номаи далели ин иқдом, дар нигоҳ доштани обрӯ ва шаъну шарафи баъзе аз афроди боздоштшуда арзёбӣ мешавад, ки дар раванди тафтишот бегуноҳии онҳо собит гардида, раҳо мешаванд: “Вақте дар давраи боздошту таҳқиқи парвандаи гумонбар ному насаб ошкор карда мешавад, ин ба обрӯи шахси ӯ ва хешу табораш дар ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад”.
Мӯҳр
Аз гунохат гузатам ин су биё!

Гумонбар
Дар кодекси протсесуалӣ "гумонбар" ном термин ҳаст. Номи гумонбар бояд ифшо шавад, агар ба рафти тафтишот халал ворид нагардад. Муайян кардани ин ҳолат ҳуқуқи мақоми пешбарандаи тафтишот аст, на Прокуратураи генералӣ. Пас, муқаррароти Прокуратураи генералӣ танҳо ба мақомоти прокуратура таалуқ дорад. Агентии Рустам Назаров номи он мансабдоронро ифшо кунед.

Духтари маро шаш миллион мардуми точик дуст медошт. Каллоб эълон намуданд. Холон, ки каллоб набуд, карз гирифта буд. ягонтаи оноро инкор накардааст. Баъзехо гайри горатгари кор надоранд. Гунохашонро эълон кардан мумкин набудааст. Чаро?????????????????7!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)