Бахшҳо
03 апр 2015 09:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Озмуни Убайдуллоев барои ишғоли мансаби пешини муовини вазир

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансаби пешини Суҳроб Мирзоев, ки ахиран бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон муовини аввали вазири нақлиёти кишвар таъйин шуд, озмун эълон кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, озмун барои ишғоли вазифаҳои сардор ва муовини сардори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” аз 2 то 25 апрели соли равон идома ёфта, натоиҷи он то санаи 28 моҳи ҷорӣ эълон хоҳад шуд.

Манбаъ мегӯяд, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаҳои сардор, муовини сардори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” аз 2 то 25 апрели соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 28 апрели соли 2015 эълон менамояд.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ афзуд, дар ин озмун ба “довталабоне, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва ё донишкадаҳои хориҷи кишварро бо ихтисоси сохтмони роҳҳои автомобилгард хатм намуда, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, инчунин бевосита ба ҳайси пудратчӣ ва фармоишгари шоҳроҳ, роҳҳои автомобилгарди категорияҳои 1-3 фаъолият намудаанд, афзалият дода мешавад”.

Эълони озмун барои ишғоли вазифаи сардори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” дар ҳолест, ки то ин дам раҳбарии ин муассисаро Суҳроб Мирзоев бар уҳда дошт. Мирзоев дар пайи як тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 30 марти соли равон муовини аввали вазири нақлиёти кишвар таъйин шуд.
Мӯҳр
Ин Мирзоев одами зур будаст дияю Ягон рохи сохтагияшу ягон купрукаш соз несту боз дар чояш як мох одам мекобанд.Набошад донишгох багайр аз Мирзоев дигар кадр надоштастдия.

Бигзор шахси арзанда ва сазовор сохиби ин мансаб шавад!!!! Вале як чизро гуфтаниам ба шахрдори, ки ИЛТИМОС роххое, ки дар миёни хонахо хастан ва сохибони хонахои баландошёна онро бо бетону трубахои охани "МАХСУС" махкам кардаанд барои рафтуои бемамониати автомашинахои сухтор, ёрии таъчили ва дигар хадамотхо давлати мегарданд. ИЛТИМОС аз зери хонахои баландошёна гирифтани гаражхои бехуччат ва деворхое, ки истикоматкунандагони ошёнахои 1-уми бардоштаанд нест карда шавад. Кани он депутатхое, ки ба мачлиси вакилони халки Душанбе интихобашон кардему ваъдахои зиёде доданд, ки ин проблемахоро хал мекунем. Яке аз чунин хонахои баландошёна дар кучаи Мухаммадиев 70 мебошад, аз тарафи рох бошандагони ошёнаи якум гуё хавлии худашон бошад гуфта девор бардоштаанд ва рохро банд карда бетони вазнинро мондаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)