Бахшҳо
04 апр 2015 12:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ирсоли кумакҳои аввалия ба зарардидагони фоҷиаи Файзобод (САДО)

Бо супориши ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ба хонаводаи афроде, ки рӯзи гузашта (3 апрел) дар пайи фаромадани ярч дар деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳробод, зери хок мондаанд, кумакҳои аввалия расонида шуд.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 4 апрел ба “Озодагон” гуфт, ин кумакҳо аз як тонна орд, 500 кг бринҷ, 500 кг шакар ва 200 литр равған иборат буданд: “Барои бурдани корҳои кофтуковӣ 5 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ҷудо гардид. Инчунин барои таъмини шароити кори гуруҳи наҷотдиҳанда 4 хаймаи андозаи 5х4 аз ҳисоби захираҳои кумита ҷудо ва расонида шуд”.

Ориф Нозимов субҳи имрӯз гуфта буд, 17 нафар аз маркази наҷотдиҳӣ ва 39 нафар аз қисмҳои низомии кумита ҳоло дар ҷойи ҳодиса қарор доранд: “Аз ҳисоби ҳукуматҳои маҳаллӣ низ гуруҳҳо ташкил шуда, ба ҷустуҷӯ машғуланд”.

Ба иттилои ӯ, аз ҳудуди 10 сокини зери хокмонда дар пайи лағжиши теппа дар деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳрободи Файзобод, танҳо ҷасади ду нафари онҳо -- Шодмон Алимардонов, соли таваллудаш 1990 ва Муҳаммад Умаров соли таваллудаш 1987, дарёфт шудааст.

Азим Иброҳим, Рамазон Раҳимзода ва Саймумин Ятимов бо дастури Президент ба Файзобод рафтанд

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи зери ярч мондани сокинони деҳаи Яккабеди Файзобод як комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфтааст.

Бино ба иттилои расида, ин комиссия бо роҳбари муовини сарвазир -- Азим Иброҳим, вазири корҳои дохилӣ -- Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ -- Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ -- Акбар Ятимзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ -- Хайриддин Абдураҳимов ба маҳалли ҳодиса рафтаанд.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур аз суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Файзобод -- Имомназари Каримиён хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, “дар рафти суҳбат раиси ноҳия доир ба сабабҳои ин офати табиӣ ва рафти корҳои барқарорсозии он ба Сарвари Давлат маълумот дод. Сарвари Давлат ба раиси ноҳия супориш дод, ки кумакҳои Ҳукумати мамлакатро фавран ба оилаҳои зарардида расонида, изҳори таъзияи Президентро ба оилаҳои қурбоншудагон баён намояд".

Эълони ному соли 10 нафаре, ки зери ярч мондаанд: Кофтукоб идома дорад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон зери ярч мондани сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзободро тасдиқ карда, афзуд то ҳол ҷасади ду нафари онҳо -- Шодмон Алимардонов, соли таваллудаш 1990 ва Муҳаммад Умаров соли таваллудаш 1987, дарёфт шудааст.

Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ҳоло ҷустуҷӯҳо идома доранд. Ба қавли ӯ, ярч дар деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод, рӯзи 3 апрел соати тақрибан 13:10 дақиқа фаромада, дасти кам 10 сокини деҳаро, ки тариқи ҳашар ба таъмири қубури обгузар машғул будаанд, зер кардааст: “Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соати 14:30 ба ҷои ҳодиса 8 наҷотдиҳанда бо роҳбарии генерал Рустам Шоевро сафарбар намуд. Соати 16:26 гуруҳи дуюми наҷотдиҳандаҳо ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар қатори афроде, ки дар пайи лағжиши теппа зери хокпораҳо мондаанд номи ҳашт нафари дигарро зикр кардааст: Худойбердӣ Одинаев соли таваллудаш 1963, Исҳомиддин Абдуллоев соли таваллудаш 1989, Саид Саидов соли таваллудаш 1997, Далер Кабиров соли таваллудаш 1998, Фахриддин Нуров соли таваллудаш 1986, Мақсуд Толибов соли таваллудаш 1996, Наим Қурбонов соли таваллудаш 1979, Мақсуд Шодиев соли таваллудаш 1986.


Мӯҳр
Тавба ин "Озодагон"-и дар нохунак гузаронд ку!!! Охир ман зиндаю саломатам. Чаро исми маро баробари халокшудагон менависед. Эй журналистони хангомачу саросема нашуда аввал микдори муайяни халокшудахоро амик кунед, баъд ахбор дихед охир. Ин чи гап аст пайвандонам маро дар руйхати халокшудагон дида талхакаф шуда истодаанд. Аллакай 10 бародари мухочирам аз Россия занг зада овози маро шунидан баробар бехуш шуда истодаанд!!! Каме инсоф кунед О ман намурдаам ку!!!

Худованд шахидхора чошона чанат кунад. Ва модару падарошонро сабру токат ато кунад.

Дар твт твсафина ягон хабар нест Украинаю ва консерт чи гап.

ба Spike
Спайк тухмат накн. Шаб аз ТВТ (холо Шабакаи якум) барномахои консерти бардошта шуд. Сафинаро гарантия намедихам, лекин аз ТВТ хатто лавхахои бардошта шуд. Худованд курбониёни фочеаро рахмату магфират кунад. Омин. Мо хам дар ин фочеа ба оилахои курбониён хамдардем.
Маъмур.

Ба ахли хонаводахои курбониёни шахид шуда аз Худованди таълло сабри чамил хохонам ва бигзор рухашон шод бошад. Бародарони азиз ман дар хакикат коил шудам, ки дар ин замона барои ду сум пули харом шуда мансабдорони мо ба хар рох мераванд, сухан дар бораи таксимоти заминхои наздихавлиги меравад. Дар замони шуравй аз руй хулосаи баъзе сохторхои марбута заминхое, ки дар он чойхо хокашон сафед ва дар худ хар хел чарихои бурида доранд, тамоман на балки сохтмон кишт намудан манъ буд. Холо ба теппахои гирду атрофи Душанбе ва шохрохи Душанбе- Вахдат-Файзобод......... назар меафкани даст ба гиребон мегири, ки ё мардум девона шудааст ё кадом руз каътй мешуда бошад. Хои мансабдорон дар холо аз ин хисоб даромади бе миён мегиред, о мемуред холатхои бехатари ва шароити таъмини зиндагиро низ дар он чохо фарохам оваред. Дар як навори телевизионй нишон доданд, ки мардум мегуяд оби боронро чамъ мекунем ва баъд онро истифода мебарем, ки ин манзилхо дар гирду атрофи теппахои пойтахти давлат чойгир буданд. Рохбари давлат дар як мачлиси чамъбасти хам ёдовар шуда гуфта буданд-ку, дар атрофи Душанбе теппа намонд, дар охир гуфтаниям хой мансабдорон илтимос камтар гами фардоро хуред, ки баъд аз мансаб рафтанатон саг саломатонро намегирад.

Шахло
Худо шахидшудагони дехаи Яккабедро рахмат кунад ва ба падару модар ва хохару бародаронаш сабри чамил дихад! Аз офати табии касе эмин нест, худо ин рузро ба сари дигар бандагонаш наорад.

Ино Лиллоҳи ва Ино Илайҳи Роҷиъун. Худованд ба наздикону пайвандони онҳо сабри ҷамил ато фармояд.

Зинда аз Яккабед,
Аз Якабед ту ки хасти?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)