Бахшҳо

Муҷозоти афғону чиниҳо - фурӯшандаҳои яклухти ҳиҷоб дар Душанбе

Кумитаи андози Тоҷикистон зимни як санҷиши муштарак бо ниҳодҳои дигар дар бозорҳои шаҳри Душанбе тоҷирони тоҷик, афғон ва чиниро, ки ба фурӯши яклухти либосҳои барои миллати тоҷик бегона машғул будаанд, ҷарима бастааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ахиран аз ҷониби гуруҳи кории муштарак иборат аз кормандони андоз, Тоҷикстандарт, Хадамоти гумрук, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, иҷрои қоидаҳои савдо ва қонунгузории кишвар дар бозорҳои Душанбе санҷида шудааст: “Муайян шуд, ки на ҳамаи соҳибкорон қонунгузориро риоя мекунанд. Аз ҷумла як тоҷир аз Афғонистон ва се тоҷири чинӣ, ки дар бозори Корвон ба харидуфурӯши яклухти рӯймолҳои занонаи ба фарҳанги мардуми тоҷик бегона машғул буданд, қоидаи савдоро вайрон кардаанд”.

Манбаъ мегӯяд, ин тоҷирон молҳояшонро аз Чину Покистон ворид намуда, бо нақзи қоидаҳои савдо дар Тоҷикистон пешниҳоди харидорон мекардаанд. Дар баробари нақзи қоидаҳои андоз инчунин натавонистаанд, асноди гумрукиро пешниҳод кунанд: “Молҳои пастсифатро пешниҳод кардаанд, ки дар бораи ном, андоз, ҷои истеҳсол, аз кадом матоъ омода шуданашон иттилоъ надодаанд.”

Кумитаи андоз мегӯяд, ин санҷиши муштарак муайян намудааст, ки бисёре аз тоҷирон даромадашонро кам нишон додаанд: “Тоҷироне ошкор шуданд, ки ба маблағи садҳо ҳазор сомонӣ ба кишвар бор ворид мекунанд, аммо ҳанӯз ҳам бо патент кор мекунанд, ки ғайриқонунӣ мебошад”.

Санҷиши гуруҳи корӣ ва ифшои бештари қонуншиканиҳо дар фаъолияти фурӯшандаҳои либосҳои динӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи март дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст ва аз мақомоти кишвар даъват намуд, ки миёни мардум бештар либосҳои миллиро тарғиб кунанд: “Меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.

Дар пайи ин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Мӯҳр
Навбати фурушандахо хам расид кууу
дар вакти воридоти мол гумрук кучора ниго мекад ки нав ак и бечоракора капиден???
аку бо навбати ки мешида бошааа???

Бозори корвон барои коргарони андозу дигару дигар як завод е фабрика шудааст рузидароз дар бозоранд фишор аз хамин бозор хам безор шудем чи кор кунем ба кучо равем!

ватандори беватан
фақат либосҳои исломи фурушаш манъ шудааст ё тамоми либосҳои ғайри тоҷики даринҷо дарбораи фурушандаҳое ки либосҳои ғарби савдо мекунанд чизе нагуфтаанд оё либоси ғарби либоси милияаст?

Абусумая
Бародаро дуо кнен то ки АЛЛОХ ин сардорхомона хидоят намояд дигар ин гуфтанихо фоида надорад.

Бояд пеши рохи фуруши либоси бегона аз кабили "хичоб" гирифта шавад. Мо мардуми точик либоси миллии худро дорем ва ба либоси фарханги бегона ниёз надорем.

умар
Фурушандахойи юбкаву ковкара штраф намекунан чи ин либоси модарошанай

Ай векори сархори дигар кори дигар надран факат хичоб охи аму мини юпка хам ай точико нест урам бархам дихед.

харидуфурӯши яклухти рӯймолҳои занонаи ба фарҳанги мардуми тоҷик бегона машғул буданд...
ЧАРО БА ХАРИДУ ФУРУШИ МИНИЮБКА БИКИНИ МИНИ ТУРСУК ГАП НАМЕЗАНАНД БАРОИКИ ИН БА ФАРХАНГИ МАРДУМИ ТОЧДОРИ ТОЧИК ПИСАНДУ НАЗДИК АСТ МАГАР???

НАБОШАД ПУЛИ МИЛЛИРАМ ИВАЗ КУНЕН КИ ХАММА РИШДОРОВУ САЛЛАДОРОИ БА МАРДУМИ ТОЧДОРИ ТОЧИК БЕГОНААНД МАСАЛАН С.АЙНИ РИШОША ТРОШЕН А.РУДАКИ РИШОША БТРОШЕН Н.МАХСУМ РИШОША БТРОШЕН СОМОНИВУ СИНОРАМ РИШОША БТРОШЕН

ХУДОВАНД ХАМАИ МОРА МАГФИРАТ КУНАД САБРИ ЧАМИЛ АТО ФАРМОЯД

нишонахои охирзамонай бародаро зик нашавен.... хамма мусалмонаю лекин зидди шариъатан...

Пас Астагфируллох агар сатр (хичоб)-моли бегона бошад,пас Наузамбиллох исломро хам маъну тарк кунен ки ин(ислом)-рахмати
Аллох барои мусалмонхо аз нимчазираи араб барои мо омад......
дини ботили худро зардуштиро амали кунен Зардуштхо!!!!!!!!

бозораи гуфта харчи бухохи савдо мекуни, хитои дар бозори точикистон сатр мефурушад ин дар кучо омадааст ки хитои либоси дини фурушад. баъд меган ки дар точикистон кор нестаи барои хитоиу афгон хасти барои точик нестаи мезананд хова аз думи ришу сатр суркарда гаштян

иктисодчи
Хар икдоме,ки пешниходу тахлил мегардад бояд аз руи инсоф ва адолат ба хотири баланд бардоштани сатхи зиндагии мардуми Точикистон бошад.Аз чумла пеш бурдани давлатдори ба назар гирифта шавад!!!

Аввалан ин чорахоро дар нуктахои гузаргох бояд андешидашавад, хамммаи он сохибкороне, ки аз сархад, ин молхои худро гузаронидани мешаванд, манъ карда ба худуди Чумхурии Точикистон вуруд шудани ин молхои бегонаро пешашро гирифташаванд. бо тамом ин масъала халлихудро меёбад.

ассалом! милисаву кормандони андоз дигар кор надоран ки бо ба бозору фурушандахо часпидан? ин як коре, ки ба акли солим рост намеояд. чи магар занон хукук надоран ки чи гуна руймол банданд ва либос пушанд? ин накзи хукуки инсон нест магар? пеш аз конуну фармоиш додан тарафхои манфию мусбии ин конунхоро фикр кардан даркор, ки чамият чи гуна кабул мекунад... агар Точикистон давлати демократию хукукбунед бошад ичрои ин гуна конунхою фармоишхо зидди конститутсияи давлат неми? о кучоянд зиеиени зарари маънави дидаи аз маколаи Олга Татубулина? чаро онхо имруз хомушанд? чаро ягонтаи аз ин зиеихо фикру андешаи худашонро оиди ин масъала намегуянд

Мардуми точик аз кадим мардуми бо фархангу бо ифат буда либоси милли худро дошт ва доранд. Чаро занони мо ба мисли бибихомон дока ё руймоли майда, ки имруз баъзе аз занони мо истифода мебаранд набандем. Чарои имруз занон бо пушидани сатру хичоб ба корхои ношоиста даст мезананд, ин ба паст задани фарханги милли оварда мерасонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)