Бахшҳо

Рустам Гулов: Милисаҳои Хуҷанд ришамро маҷбурӣ тарошиданд

Рустам Гулов, блогнависи ҷавони тоҷик имрӯз, 3 апрел дар саҳифаи Фейсбук ва торнамои шахсияш - www.blogiston.tj, навишт, ки милисаҳои Хуҷанд ришашро маҷбурӣ тарошиданд.

Вай дар як суҳбати телефонӣ ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дар робита бо навиштани як номаи боз уновонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Юсуф Раҳмонов, додситони кулл аз ин амали милисаҳо шикоят кардааст.

Ӯ дар торнамои расмияш навиштааст, “имрӯз, санаи 2 апрели соли 2015 ман дар мавзеи бозори “Панҷшанбе”, тахминан соатҳои 17:15 дақиқа бо ҳамроҳии шиносам тарафи истгоҳ барои нишастан ба маршрутка рафта истода будем, ки наздикии гузаргоҳи зеризаминӣ 3 (се) нафар бо либоси шаҳрвандӣ маро ба наздашон ҷеғ заданд. Яке аз онҳо даст дароз карда, салом кард ва бе шинос намудани худ яку якбора аз ман кӣ буданамро пурсид. Ман ба шубҳа омадам ва барои муайян намудани он ки бо кадом мақсад бо ман шинос шуданианд, пурсидам, ки худи онҳо кистанд. Дар ҷавоб нафари дар тарафи дасти чапи ман истода шаҳодатномаи хизматии корманди милисаро нишон дод, ки дар он ному насаби ӯ - Саидов Сиёвуш навишта шуда буд. Нафари аз ҷониби рости ман истода низ ҳуҷҷати худро нишон дод, ки дар он ман танҳо номи ӯро дида тавонистам, ки Хусрав буд. Барои дидани насабаш имконият набуд, чун яку якбора ҳуҷҷаташро кашида гирифт. Шахси сеюм умуман худро шинос накард”.

Ин блогнавис дар идома мегӯяд, онҳо сабаби риш монданашро пурсидаанд ва вақте ҷавоб гирифтаанд, ки кории шахсии ӯст, асабонӣ шуда, гуфтаанд барои муайян кардани шахсият ба шӯъбаи дохилӣ мебарандаш: “Дакор бошад боз 15 сутаки дигар махкам ҳам мекунем”.

Рустам Гулов: Милисаҳои Хуҷанд ришамро маҷбурӣ тарошидандГулов менависад: “Дарҳол шиносномаи худро бароварда, ба онҳо нишон додам ва гуфтам, ки мувофиқи он шахсиятамро муайян кардан мумкин аст. Дар ҳамин вақт Хусрав бо дағалӣ шиносномаи маро аз дастам кашида гирифта, маро низ кашидаву дигараш аз пас тела дода, ба сӯи роҳи мошин бурдан гирифтанд. Бори дигар ба онхо гуфтам, ки сабаби қонунии маро ба ягон ҷо бурдан надоранд ва ман бе адвокатам ба ҳеҷ куҷо намеравам. Ба ҳамроҳам телефонамро дода, таъкид намудам, ки ба адвокат занг зада гӯяд, ки ин нафарон ғайриқонуни маро ба куҷое бурданиянд, чунки ягон сабаби дастгир намудани маро надоштанд. Ба онҳо гуфтам, ки адвокатамро интизор шавем, аммо ҷавоб доданд, ки ба “отдел” биёяд адвокатат ва “Ту бо ин роҳ ба мо муқовимат ҳангоми дастгиркунӣ нишон додаистодаи - барои ин ҷавобгарӣ ҳаст” гуфта, маҷбуран ду нафари дар боло номбурда маро ба мошини сабукрав, ки нафари сеюмашон Саидов Сиёвуш ронда ба назди роҳ овард, шинонданд”.

Рустам Гулов дар мактуби бози худ мегӯяд, дар шӯъбаи дохилӣ ӯро ба утоқе бурдаанд, ки дар кунҷи он “миқдори зиёди мӯйҳои тарошидашуда, як курсии дар болояш оиначаи хурд, латтаи ифлоси мӯйолуда ва мошинкаи мӯйтарошии электрикӣ” ҷойгир буданд: “Аз миқдори мӯйҳое, ки дар он кунҷи хона буданд, ман тахмин карда метавонам, ки пеш аз ман тахминан 200-250 нафарро онҳо аллакай дар ин хонача ришашонро тарошидаанд. Хусрав маро тела дода, “Худат ришата мегирӣ ё худам мегирам?” гуфт. Ҷавоб додам, ки риш гирифтану нагирифтани ман - кори шахсии ман аст ва намегирам ришамро. Ӯ асабонӣ шуда, маро тела дода, ба курсӣ бо ёрии он нафари сеюмашон, ки худро шинос накард, маҷбуран шинонд. Дар ҳамаи ин ҳодиса инчунин боз якчанд нафарони дигар иштирок доштанд ва ин се нафар маҷбуран маро дошта, сарамро маҳкам нигоҳ медоштанд ва Хусрав бо мошинка ришамро дағалона бо таҳқиру ҳақорат метарошид”.

Ин блогнависи тоҷик дар ҳоле аз тарошида шудани ришаш аз сӯи кормандони милиса шикоят мекунад, ки қаблан Лутфулло Бобобеков, як сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент низ бо чунин шикоят ба расонаҳо муроҷиат карда буд. Ӯ ба Радиои “Озодӣ” гуфт, рӯзи 31 март ба ҳангоми гаштугузор дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд ӯро як ходими милиса ба шӯъбаи умури дохилаи ин шаҳр бурда бо зӯр ходимони милиса ришашро тарошиданд.
Мӯҳр
Риштарош
Бехтарин кор шудааст, зеро ришро ки чизи табии мард аст ин кадар суннату пайрави аз пайгамбар надонад. Милисахо бехтарин корро кардаанд.
Дигар Гулов худашро агар шахрванди хакталош мехисобад ба суд мурочиат кунад, на Президент!!!

муниса
хушру шуди макбулам шуди

муниса
хушру ва макбул шуди

Garib
Дар Точикистон дигар ягон праблема намондаст . хама аз чои кору пулу молу сатхи зиндаги ба осмон бардошта шуда аст . хама сериву пури . корхонахо хама дар холи коркард . адолати хухукхои ичтимоиву шахсии хар шахс риоят мешава. акнун ами Риш праблемаи чамъияти шуда аст . дарави карда хаминро хам хал кунед . ягон каса сохиби кору зиндаги мекунад . ягон шароити зиндаги ро обод мекунад ...ба Худо Шармам меояд бо дидани чунин рафторхои нанговар . ШАРМАНДА .

Изат
Сагера нав хушру шиди, дига риш намон. Чо мекуни тортанакора да гирди манах чамъ карда мегарди. Намозота хон рузата гир ришакта тарош, зиндаги карда гард. дустам риш касеро бихишт намебарад. Поки ва дили оина хизмат ба мардум, дасти бечорагонро гирифтан одамро ба бихишт мебарад.......

Шукрона кунед, ки дар ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИИ ХУКУКБУНЁД ба сар мебаред, вагар на НКВД дар СИБИР чашмонат мекушоданд ха ха ха !!!!!

Эмомали
Имруз ришатонро ба зури мегиранд пагох мачбур мекунанд ки либосхои овардаи онхоро харида пушед.

ришуфаш
Риши хамаи муйсафедон хам тарошида шавад,хахаха

муниса,
Рост гуфти Муниса. Мисли дугонаат шудааст. lol

точик
эхтиёт бошед ,ки кадом руз навбати муи таги ноф мерасад

Чунин икдом рохи пешгирии терроризм ва экстремизм аст ва ё баръакс. Посух мушкил нест. Хело ва хело одди ва айён аст. ДИН (ИСЛОМ) чизи нозуктарин ва бузургтарину тавонотарин аст.

ришдор
Панчшабебозорда парехмахри бепул пайдо шудаст гуед.. Аз инча ису хамсоёхора мегум ришотона нагирен ва риштарошакам нахаред пули зиёти харочот кардан чи даркор мархамат ба суи панчшанбебозор парехмахерои бепул пайдо шудаст ва ришатонро бепул мегиран

Эксперты предупреждают: борода, ставшая в последнее время столь популярной деталью мужского облика, является превосходным рассадником бактерий и может стать источником кожных, и не только, инфекций как для своего владельца, так и для окружающих.
Как пояснила в интервью The Daily Mail Кэрол Уокер (Carol Walker), консультант-трихолог в Бирмингемском трихологическом центре, борода фактически работает как «бактериальная губка», так как в волосах на лице из-за их кудрявости и пышности застревают мельчайшие кусочки пищи и грязи из окружающей среды, туда попадают капли выделений из носа, слюна, что в итоге создает благоприятную среду для размножения бактерий.
Усугубляет ситуацию, отметила Уокер, существующая у многих мужчин привычка часто поглаживать бороду. Если руки при этом грязные, то микробы, в том числе болезнетворные, распространяются по коже лица и попадают в рот, что может привести к развитию различных инфекционных заболеваний. Так, по словам эксперта, часто именно борода становится источником кожных инфекций у мужчин. Кроме того, обладатель бороды теоретически может передать живущие в ней бактерии окружающим, например, при поцелуе.
Как сообщил микробиолог Рон Катлер (Ron Cutler) из Лондонского университета, имеются научные подтверждения негативной роли растительности на лице в распространении инфекций. Так, например, исследования показали, что риск инфицирования больных бородатыми хирургами, даже использующими специальные защитные маски, выше, чем бритыми.

Шуъбаи риштарошӣ ба милисаҳои Хуҷанд муборак бошад! Қанд занед, офарин. Пешниҳод менамоям, ки шуъбаи ҳиҷоб ва сатр низ боз карда шавад то милисаҳо бекор намонанд. Бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки дар сафи милисаи тоҷик одамони тасодуфӣ ва тамоман аз ҷомеа бехабару аз он дур зиёд будааст. Суханони ҷаноби олиро тамоман баракс мефаҳманд ва боиси костагии обруву манзалати двлату ҷомеа мегарданд. Ба пеш милисаҳои Хуҷанд барои боз ҳам ба даст овардани дили мардум ва ҷалби онҳо ба ҳамкорӣ!!!

Ришмонии чавонони имруза яке аз пайдоиши амалхои номатлуби динни-ифроти мебошад. Риштарошии чавонон аз тарафи кормандони хифзи хукук бехтарин кор аст, ки хамин гуна амалхои номатлубро сари вакт пешгири мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)