Бахшҳо

(ВИДЕО) Ҳамшираи тоҷик: Тинҷӣ шавад боз ба Яман меравам

Шоми имрӯз, 3 апрел як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ахиран тавассути ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз кишвари арабии Яман ба Маскав интиқол ёфтанд, тавассути фурудгоҳи Домодедови ин кишвар ба Душанбе расиданд.

Мушаррафа Муҳиддинова, як сокини шаҳри Душанбе аз ҷумлаи ин панҷ шаҳрванди ба Ватанбаргашта аст, ки дар суҳбат ба хабарнигорон барои аз қаламрави Яман берун оварданашон аз мақомоти Тоҷикистон ва Русия изҳори миннатдорӣ кард. Хонум Мушаррафа мегӯяд, ба Яман ба хотири ба даст овардани маблағи бештар барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ рафта буд. Ӯ афзуд, то замони бомбандозиҳо кору зиндагияш дар Яман хуб буд: “Тули ҳафт сол аст, ки дар Яман кор мекардам, шароити корӣ хело хуб буд, маошамонро сари вақт мегирифтем ва мардуми онҷо махсусан ба зан хело эҳтироми хосса доранд. Аммо вақте бомбандозӣ шуд, ҳама гурехтанд”.

Мадина Азизмуродова, сокини ноҳияи Панҷакент мегӯяд, вақте онҳоро ба Маскав интиқол доданд, бо ягон намояндаи Тоҷикистон рӯбарӯ нашуд, дар ҳоле ки ба қавли ӯ, намояндаҳои дигар давлатҳо, аз ҷумла Узбакистон шаҳрвандонашонро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, ба Ватанашон гусел карданд. Хонум Мадина мегӯяд, аз чаҳор соли пеш ба Яман рафта буд ва дигар қасди баргаштан ба он кишварро надорад. Аммо Муҳаббат Уразова яке аз дигар хонумҳои баргашта аз Яман гуфт, мехоҳад баргардад: “Агар тинҷӣ бошад боз меравам”. Ӯ, ки тавассути ширкатҳои русӣ ба ин кишвари арабӣ рафтааст, ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ дар минтақаи Ҳаҷҷа кор мекардааст. Ба қавли хонуми Уразова аз маҳалли кори онҳо то пойтахт, шаҳри Санъо ҳудудан се соат роҳ будааст. Хонум Муҳаббат низ гуфт, аз ҳафт соли пеш ба Яман рафта буд ва бори охир якуним сол қабл ба Ватан омад. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҳайси корманди тиб дар Яман кор мекунанд, кишварро тарк накарданд.



Ба қавли масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия то ҳол 17 шаҳрванди кишвар аз қаламрави ҷумҳурии арабии Яман берун шуда, шанбеи 4 апрел як гуруҳи дигар марзи он давлатро тарк хоҳад кард. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат рӯзи 3 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин 17 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ду ҳавопаймои Русия, ки шаҳрвандони кишварҳои хориҷро аз Яман берун меоварданд, ба шаҳри Маскав интиқол шудаанд. Аммо ӯ гуфт, “ҳанӯз маълум нест, ки чанд нафар аз шаҳрвандони баргашта ба Душанбе мераванд, зеро баъзеҳо шиносномаи русӣ ҳам доранд ва аз тариқи ширкатҳои русӣ ба Яман рафтаанд. Миёни афроди баргашта як зани тоҷик низ ҳаст, ки мунтазири шавҳари яманияш мебошад ва интизор меравад, онҳо ҳамроҳ ба Туркия раванд”.

Оқои Эгамзод афзуд, бинобар сабаби бидуни мувофиқа рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Яман ҳанӯз теъдоди дақиқи онҳоро намедонанд: “Вале номнависии онҳо ҳамоно идома дорад”.

Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз ташкили як гуруҳи корӣ бо раҳбарии Ашраф Гулов, консули Тоҷикистон дар Маскав барои интиқоли тоҷикони муқими Яман ба макони бехавф хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, гуфтушунид бо масъулини Вазорати умури хориҷии Русия барои берун овардани сареи тоҷикон аз Яман ба роҳ монда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 март ба тамоми сафоратхона ва намояндагиҳои кишвар дар давлатҳои арабӣ дастур дод, барои берун овардани тоҷикони муқими Яман талош кунанд. Абулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 27 март бо таъйиди ин хабар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон тамоми намояндагиҳои дипломатию консулии кишвар дар давлатҳои арабӣ, аз ҷумла дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Миср вазифадор шудаанд, барои берун овардани тоҷикони муқими Яман аз тамоми имкониятҳои худ истифода кунанд.

Дар пайи оғоз шудани ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ бо муттаҳидонаш ба Яман тоҷикони муқими ин кишвар, ки теъдодашон ҳудуди 800 нафар арзёбӣ мешавад, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, онҳоро ҳарчи зудтар бароранд, чун ҷонашон дар хатар қарор дорад.
Мӯҳр
Ин занро аслан овардан даркор набуд ба Точикистон гулгулшукуфону ободу озод ва амну амони.Зеро ин ношук бо рафтанист.Илова бар ин бинед ри рост дар ватан миллату ватанро гунахгор мекунад, ки ягон кас моро хабар нагирифт, Боз узбекистонро мисол меорад, ки аз ахволи мардумаш хабардош мешавад.Эх занни ношукри банда Озодагон чоп кунд.Ватандусти хакики

ТочикистонХисоби говша мераваду хисоби одамша не

н Душанбе
Рав дигар наёо ...омадани шиди ба Узбекистон рав...чор тарафат кибла ....

Илохо Дар Яман тинчи шаваду занхои мо хам ончо рафта кор карда нони халолашонро биебанд, офарин ба занхои точик ки касб доранд ва бо ин касбашон кишварро муаррифи мекунанд. Бо шумоен мефахрем, хайрият ки духтурони точик хастанд.

Хазор дар Яманиву,
мегарди ва боз дар пеши мани ))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)