Фестивали байналмилалии театрҳои русии кишварҳои пасошӯравӣ
Театри русии ба номи Маяковский Тоҷикистонро дар Фестивали байналмилалии театрҳои русии кишварҳои пасошӯравӣ дар шаҳри Санкт Петербурги Русия намояндагӣ мекунад.
Ин фестивал байналмилалӣ аз 10 то 15 апрели соли равон бо номи “Вохӯриҳо дар Русия” дар пойтахти шимолии Русия миёни театрҳои русии давлатҳои ИДМ ва кишварҳои соҳили Балтик баргузор мегардад.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский дар ин фестивали байналмилалӣ ба ҳакамон ва тамошобинони сахтгири рус намоишномаи Надежда Славина “Ҳикояҳои аввалини Антоша Чехонте”-ро пешниҳод менамояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |