Бахшҳо

Суоли “Озодагон”: Оё фарҳанги миллии мо аз фарҳанги диниамон ҷудост?

Ахиран, таваҷҷуҳ ба фарҳанги ғайр яке аз мавзӯъҳои доғ дар доираҳои гуногун шудааст. Бо ишора ба афзоиши пӯшиши сатру ҳиҷоб бархе коршиносон онро мутаалиқ ба фарҳанги ғайр медонанд. Аммо гуруҳи дигар мегӯянд, он як ҷузъи фарҳангии миллии мо аст. Дар робита “Озодагон” аз се соҳибназар пурсид: ОЁ ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ МО АЗ ФАРҲАНГИ ДИНИАМОН ҶУДОСТ?


Замониддин НАСРИДДИНОВ, декани факултети корҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Фарҳанги тоҷикӣ қариб ба тамом ба фарҳанги диниамон-Ислом ҳамҷоя шудааст. Компонентҳои ҳарду фарҳанг дар ибтидо алоҳида буданд, вале имрӯз бидуни чанд истисно қариб якранг аст ва маҳз фарҳанги динӣ чанд ислоҳеро дар фарҳанги миллӣ то имрӯз кардааст ва ин ислоҳоту созишҳо барои соҳибфарҳангҳо қобили қабул аст. Аз ин рӯ ман фикр мекунам, ки фарҳанги миллиамон ба фарҳанги диниамон бештар наздик мешаванд.

Абдуллоҳ ОҚИЛЗОДА, диншинос

Нахуст бояд бахши аввали савол ҷавоби муайян дошта бошад, ки оё миллати тоҷик ғайри миллат ва ё ба таъбири маъруфтар уммати исломист? Оё метавон миёни ин ду ҷудоӣ андохт? Ба андешаи ин ҷониб ҷудосозии миллати тоҷик аз баданаи миллати бузурги ислом, ки шомили тамоми миллатҳо ва қавмиятҳост, норавост. Чун ҳудудан чордаҳ қарн аст, ки таълимоту омӯзаҳои ин дин ба хуну пӯсту рагу пайванди миллати мо тоҷикон омехта гаштааст. Ҷудосозии миллати тоҷик, ҳатто дар қолаби баҳсҳои назарӣ монанди ҷудосозии ҳарорат аз оташ аст, ки ин имконпазир нест ва ҳарду як чизанд. Аммо ин ки оё фарҳанги мо хилофи фарҳанги динӣ аст, бояд эътироф кард, то ҳол маъно ва муҳтавои "фарҳанг" ба таври зарурӣ ва бояду шояд таҳлили амиқи худро пайдо накардааст. Вожаи "фарҳанг" дар доираҳои илмӣ ба маънои гуногун фаҳмида мешавад. Баъзе аз донишмандон "фарҳанг"-ро ба маънои маҷмӯаи маъориф, эътиқодот, ҳунар, ҳуқуқ, одобу ахлоқ ва урфу одатҳо шарҳу тавзеҳ додаанд. Агар мо ҳамин як маънои "фарҳанг"-ро мавриди баҳс қарор диҳем, пас кӣ гуфта метавонад, ки имрӯз дар ҷомеаи мо тамоми ин бахшҳои зикрёфта ба таври зарурӣ омӯхташуда ва бо фарҳанги динӣ мавриди муқойиса қарор гирифтааст?! Аммо метавонам бигӯям, ки ҳеч гоҳ дини Ислом барои барҳам задани фарҳанги ҳеч миллат наомадааст. Балки баръакс, ҳар ҷо миёни ҳар миллате фарҳанги хубе роиҷ буд, дини Ислом аз он истифода бурда, барои такмилаш кӯшиш кардааст. Содатарин далел барои ин гуфта сухани Паёмбар (с) аст, ки мегӯянд: "Ман барои такмил додани ахлоқи ҳамида омадаам".

Ҳафиз ХОЛИҚЗОДА, раҳбари Маркази оянданигарӣ ва омӯзиши равандҳои муосири Академияи улуми Тоҷикистон

Фарҳанги миллии мо фарогири фарҳанги динӣ ва миллӣ аст. Вақте мо фарҳанги динӣ мегӯем, фарҳанги дунявӣ дар назар дошта намешавад. Аммо вақте фарҳанги миллӣ мегӯем, ҳам фарҳанги динӣ ва ҳам фарҳанги дунявӣ фарогир аст. Ин ҷо баҳси дин ва миллат аст. Миллат фарогири ҳам мардуми диндору бедин ва ҳамчунин фарогири ҳама диндорони гуногун аст. Аз ин нуқтаи назар вақте мо дар бораи фарҳанги миллӣ гар мезанем, ин фарҳанги фарогир аст.
Мӯҳр
Сайвали аз Хонаобод
Ман намефахмам, ки барои чи ин кадар рузноманигрон ба масъалаи дини часпидаанд. Агар фарханги динии моро хамин одамони мисли Саидиброхими Назар пеш мебурда бошанд, вой бар холи ин фарханги дини. Дар Фейсбук Нури нахзат зинокорихояшро фош кардааст. Боз рузхои чумъа бо зани шавхардор, ана ба шумо фарханги дини. Ёбеду гиред!!!

Фарханги миллии мо бо фарханги диниамон пайваст мебошад, чуноне, ки дигар миллатхо, аз чумла арабхо фарханги худро дошта, боз бо фарханги исломи пайванди доранд. Аммо, мо имуз хамчун точик аввал фарханги миилиамонро хифз ва эхтиром намоем. Агар фарханги милли набошад, фарханги дини низ арзи вучуд карда наметавонад.

Миллатам точик, кишварам Точикистон, динам ислом. ЯЪне, аввал миллат, баъд дин. Чунки арабхохам миллат доранд ва ба худ хос фарханг. Мисол либоспуши. МО точикон низ фарханги худро дорем.

Ахмад аз Душанбе
Сайвали,барномаи "нури нахзат"барои чун ту омода шудааст,

хабиб
фарханги1400 солаи ислом вокеан илхомбахши ташаккули фарханги миллии точикон ба хисоб меравад ва яке бе дигаре арзи вучуд дошта наметавонандСайвали аз Хонаобод,

farhangi milli mo bo farhangi diniyamon omekhta shuda ast

шохид
МУТААССИФОНА ИМРУЗ АЗ ФАРХАНГИ МИЛЛИМОН ФАРШ МОНДАГИЯЙ ХАНГШ РАФТАГИЯЙ........

точик
АВВАЛ дин сипас миллат!Миллатчиги накунед!Тамоми бани одам фарзандони ОДАМ ва Момо Хаво хастанд.Бас кунед сафсатахониро оиди бузургии миллат.Хозираашро бубинед,ки дар чи холед.

Ман
Фарҳанг фарҳанг гуфта ҳам фарҳанги миллиро куштеду ҳам диниро.Имруз на фарҳанги тоҷики ва на исломиро дар кучаҳо дида намешавад...

АТЕИСТ
АВВАЛ МИЛЛАТ, МАНФИАТХОИ МИЛЛИ ВА СИПАС ДИН. ИДЕОЛОГИЯИ ДИНИЕ КИ ЧУНИН МУКАДДАСОТИ МИЛЛАТРО ХАЛАЛДОР МЕКУНАД ДУШМАНИ МИЛЛАТ ВА МАНФИАТХОИ МИЛЛИСТ ГАРЧАНДЕ КИ ОН АЗ ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ ХАМ БОШАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)