Бахшҳо

Аз 9 апрел нақлиёти “бегона”-ро ба Душанбе роҳ намедиҳанд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ, ки имрӯз, 6 апрел баргузор шуд, масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбари ҷамъиятии пойтахтро муваззаф кардааст, шурӯъ аз 15 апрел аз соати 6-и субҳ воситаҳои нақлиёти коммуналию хусусӣ то 70 фоизи иқтидор сафарбар карда шаванд.

Шавкат Саидов, сухангӯи раиси Душанбе мегӯяд, инчунин дар ҷаласаи мазкур ҷиҳати коҳиш додани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳр, муқаррар карда шуд, ки ибтидо аз 9 апрел воридшавии ҳамагуна воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ ба ҳудуди шаҳр манъ шуда, таваққуфи онҳо дар чор даромадгоҳҳои шаҳр муайян гардад.

Ба қавли оқои Саидов дар ҷаласа ҳамзамон масоили таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию экологӣ, вусъати корҳои сабзкорию ниҳолшинонӣ, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, баррасӣ шудааст: "11 апрел мутобиқ ба Қарори марбутаи Раиси шаҳр сафарбарсозии аҳли ҷамоатчигӣ ба маъракаи оммавии ниҳолшинонию ободонӣ, назорати роияи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъ доштани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон дар қаламрави шаҳр, безараргардонии сагҳои дайду, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо, раҳнамунсозии зарфияти соҳибкорон, сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию аҳли ҷомеа, сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ дар ободонии роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллагузар, роҳандозии либоси ягонаи таъинотӣ дар тамоми субъектҳои хизматрасонӣ ва роҷеъ ба иҷрои нишондодҳои Сарвари давлат бобати ҷудо намудани қитъаи замини зарурӣ дар шаҳр баҳри бунёди “Муҷассамаи Модар” ва маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри Модар” мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардиданд”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
vfy
ман сокини нохияи Рудакиям, як чанд вахт пеш хамин тачриба санчида шуд. дар даромадгохи шахр аз тарафи рохи Хисор Душанбе такрибан 4 километр пеш мошинхои мусофиркашро медоран ва одамонро пиёда мекунанд. Натича хаминаст, ки тудаи одамон то расидан ба роххои калони пойтахт 3-4 километр пиёда меоянд. Мардума дар азоб намонед !!! хама ба мисли Шумо мошин надоранд ва аз воситаи наклиёти чамъияти истифода мекунанд. Рахм кунед !!

Аробакаш
Аробакаш. "Офарин раиси шахр барои кабули ин карори нодурусту бемаъниатон ". Боз як рохи зиёд намудани омилхои корупсиони. Ба кормандони ГАИ акнун худо дод, агар дар шахр ягон мошини бегонаро бинанд бо хар бахонахои беасос маън кардан гирифта, гаранг мекунанд. Ин натанхо барои мусофиркашон, мусофирон, балки барои сокинони шахри Душанбе ва гирду атрофи он боз як мушкилии дигарро бо рохи суни эъчод кард.

Ин тасмим махсули хуб меорад, агар якчанд хатсайрхои шахри то дарвозахои шахр дароз карда шаванд. Ин имкон медихад, ки мусоирону мехмонони пойтахт зуд ва бемушкили ба шахр ворид шаванд. Гайр аз ин, масъалаи равуойи мошинхои калони боркашро дар худуди шахр барраси кардан лозим. Дина як то хамин хел мошини калони будкадор болотар аз бинои "Текстилкомбинат" дар таги купруки рохи охан хатхои нокили троллейбуро канда, як мича назада рафт. Хатхои канда дар тамоми рох пошхурда барои наклиёт мушкилоту хатари зиёдро ба вучуд овард. Харакати ин наклиётро камерахои назорати ба кайд намегиранд, магар, ё точикхо хилаи ин камерахоро хам ёфтаанд?

Девона
Мебахшед шахрро харидааст ин Убайдуллоев? Нохияхои тобеи марказ хукуки ба мошин ба пойтахти диёрашон ворид шудан надоранд, ин чи хел гап??? Конуни статуси пойтахт чи мешавад??????????? аз хорича значит тайёрахои мусофиркаш пури дармоед фуруд меоянду, сокинони кишвар, студентон, ки бояд ба дарс оянду дер накунанду дар такси маблаги зиёд сарф накунанд..., хукуки дар автобусу микроавтобуси музофоти савор шудан надоранд?!... Агар ягон шуъбаи наклиёти дошта бошед бигзор шинанду тахлилу кунанду ягон пешниходи мушаххас кунанд! Роххои зеризамини кушоед, роххои болоизамини кушоед, бо гумрук маслихат кунед, ки ... охир дар Мачлиси милли хастед, аз он чо что-нибудь придумайте......

Пиёдагард
Тамбаро дар дохили шахр худи микроавтобусхо ташкил мекунанд. Кучое ки рост омад истода мусофиронро мефароранд ё савор мекунанд хатто дар назди чарогакхо хам. Аз як нафар ронандаи чунин микроавтобус пурсидам ки камерахо шуморо сабт намекунад, чавоб дод ки масъулони камерахоро доля метием сабтро тоза мекунанд. мутмаинам ки бо баровардани мошинхои "гайришахри" тамба кам нашуда балки зиёд мешавад!!!

.
Девона,

Бисер карори боаклона. Шахрро ба кишлок табдил додед шумо. Пеши хамон Садбаргро намебини? Дар хамин Душанбе пухта мондаанд ба шумо? Сахар мехезед зану мард кудаку муйсафед хама мехамбед ба Душанбе барои мардумфиреби. Дехкони кунед, гову мол, шинед дар хамон кишлокхоятон.

Икдоми нек аст. Агар наклиёти мусофиркашонии пойтахт ба тартиб дароварда шавад. Мумкин аст ин икдом нархи мусофиркашони дар дохили пойтахт арзон шавад. Яке аз сабабхои асосии тамбашавии воситахои наклиёт ин ба тартиб надаровардани наклиёти мусофиркашони мебошад. Пас аз ин икдом бояд назорат аз болои Муассисахои мусофиркашонии наклиёти пурзур карда шавад. Бояд наклиёти мусофиркашони аз соати 05-и субх то 22-и шаб кор кунад. Пас аз ин кор холи таксистхо, старекс, мерсадесхо чи мешуда бошад.

доктор
Бехад икдоми хуб,падаратонба рахмат!!! шахр дарвоза дорад гуфтаги гап хаст. Ин чи гап аст хар як одам як сол дар Россия кор кунаду як опелча харида пойтахтро ба дод орад???
Бигзор аз шахр берун истану бад минибасхои шахрикати корашона буд кунану бо ба мошинашон раванд.
Лекин хамиш ронандахои старексу мерседесоро ба тартиб даровардан даркор,ба Худо аз баъзеяшон хуки ёбои шараф дорад!

хушнуд
Ин икдом ва супориши раиси шахрдори саривакти буда барои тоза намудани шахр аз хар гуна ифлосмхо ва вайрон кардани атмосфера яъне хавои дарунии шахр ки ба хама касалихо мардумро оварда расонид бо маврид ва кобили кабул мебошад. Дар он холате, ки ин амр ва ё фармон дар руи варак намонда хатман амали карда шавад.!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)