Бахшҳо

Шарти Саудӣ ва эҳтимоли поин рафтани нархи ҳаҷ

Кумитаи дин, ниҳоди давлатии ҳамоҳангсози сафари зоирини Хонаи Худо дар Тоҷикистон мегӯяд, имсол рафтуои 50 дарсади зоирини тоҷик ба ҳаҷ тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ сурат хоҳад гирифт. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола беш аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар мавсими ҳаҷи фарзӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ - "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" ба Арабистони Саудӣ рафта, бармегаштанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон рӯзи 6 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, интиқоли 50%-и ҳоҷҷиёни тоҷик тавассути ширкати ҳавопаймои саудӣ, аз ҷумла "Флай-Нос", яке аз шартҳое мебошад, ки мақомоти Риёз пеш гузоштаанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Муқим, ин масъала дар пайи сафари охири Сулаймон Давлатов - раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба шаҳри Риёз баррасӣ шуда, рӯзҳои наздик миёни ду ҷониб шартнома ба имзо хоҳад расид.

Коршиносон далели ин шартгузории ҷониби Арабистони Саудиро гуногун шарҳ медиҳанд ва ҳимояти манфиатҳои мақомоти Риёз яке аз онҳост. Инчунин гуфта мешавад, то ҳол ба узвияти Анҷумани ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ ( IATA) шомил нашудани ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ метавонад, яке аз сабабҳои аслӣ бошад. Анҷумани ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ ниҳоди мустақили фаромарзӣ ва ғайрисиёсию ғайриинҳисорӣ мебошад, ки барои меъёрӣ кардани нархгузории хидматрасонию чипта, барнома ва умури дигари марбут ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фаъолият мекунад. Ҳоло 230 ширкати ҳавопаймоӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба узвияти он шомиланд, ки миёни онҳо номи “Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" дида намешавад.

Аз сӯи дигар гуфта мешавад, дар сурати ба имзо расидани ин шартнома нархи сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон низ бояд каме поин биравад. Як манбаъ аз Кумитаи дин, ки нахост номаш ифшо шавад, дар суҳбат бо “Озодагон” поин рафтани нархи ҳаҷи имсола нисбат ба солҳои пешинро аз эҳтимол дур надонист. Ӯ гуфт, ҳарчанд нархи ҳаҷ баъди ба имзо расидани шартнома маълум мешавад, вале ин имзогузорӣ таъсири худро хоҳад расонид. Чун ба гуфтаи ӯ, пешниҳодҳои ҷониби Саудӣ нисбатан арзонтар аст.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавонманд фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Ба иттилои Кумитаи дин, имсол беш аз 6 ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд, ки иштирок дар ин маросим барои ҳар нафар 18 ҳазору 164 сомонӣ хароҷот дошт.

Бояд гуфт, азбаски 99%-и аҳолии Тоҷикистонро пайравони дини мубини Ислом ташкил медиҳанд, хоҳишмандони зиёрати Каъба дар кишвар ҳар сол дар ҳоли афзоиш аст ва ин раванд мақомотро водор кардааст, то сокинонро бар асоси рӯйхат ба зиёрати Хонаи Худо фиристанд. Самӣ Шариф, раиси пешини шаҳри Қӯрғонтеппа зимни як нишасти хабарӣ аз навбатгирии сокинон барои сафар ба зиёрати Хонаи Худо то 10 соли оянда хабар дода, гуфт, дар ҳоли ҳозир сокинони ин минтақаи кишвар то соли 2022 барои сафари ҳаҷ навбат гирифтаанд.
Мӯҳр
Илтимос озодагон,агар алока боша як овоз дихeд! Бо салом Фахриддин.

Хакиме фармудаай: ХАЧ рафтан ТАМОШОИ ЧАХОНай, РУЗА доштан САРФАИ нонай... ,НОН дех (барои бечорагону ЯТИМОНУ камбизоатон) ки НОНДОДАН КОРИ МАРДОНАЙ ..... (18164*6000=108.984.000сомони барои ободии ТОЧИКИСТОНАЙ Ё шайххои АРАБистонай)

дар орзуи хач
Худо кунад ки хукумат дар газаб нашавад ва хачро хам мань накунад.

Розик
Ин хеле хуб агар хуччатгузориро низ аРВАБИСТОНИ сАУДИ БА УХДА МЕГИРИФТ ХУБ МЕШУД

Ин арабхо хамин Хачро хам ба бизнеси худ табдил додаанд. Аз ин хисоб маблагхои калонро ба даст оварда ба терроризму экстремизм ва Салафихо маблаггузори мекунанд.Мисол ба давлати Яман хучум карда, хар руз садхо нафарро кушта исодаанд. Оё ин мусулмонист?

Шпинел
Инҷаба якта суол будагист. Чува ки нархои моҳон сафарои ҳаҷба ҷудоям қммат? инсофошон куҷошонба ин кумитаи дини моя? Озодагон масъалая якта дида бароетон. дар ҳаҷатон дуо карда мегардем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)