Бахшҳо
06 апр 2015 18:20Тоҷикистон / Сиёсат

Даъвати мақомоти Эрон аз Сироҷиддин Аслов

Мақомоти Эрон аз Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон даъват кардаанд, дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии кишварҳои иштирокдори Ҷунбиши адами тааҳҳуд дар шаҳри Теҳрон иштирок кунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии кишвар бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.

Дар ин вохурӣ Фағонӣ даъватномаи расмии Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эронро ба ҳамтои тоҷикаш- Сироҷидин Аслов барои иштироки ӯ дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Ҷунбиши адами тааҳҳуд, ки дар таърихи 9-10 июни соли 2015 дар шаҳри Теҳрон баргузор мешавад, супоридааст.

Инчунин дар дидори Зоҳидӣ бо Фағонӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон муҳокима шудаанд.
Мӯҳр
Masrur
Ҷунбиши адами тааҳҳуд - ин чи чунбишест? Мухтарам Озодагон, хуб мешуд, агар мафхумхоро барои мардуми одди гарх дода менавиштед. 90%-и хонандагони шумо, аз чумла банда хам, аз ахли профессорхо нестем.

мехмон
Ин як ҷунибиши 120 давлати ҷаҳон аст ки, ба ягон созмони ҳарбӣ шомил нестанд. Ин ҷунбишро Ҷавоҳирлаъл Нерӯ (Ҳиндустон), Тито (Югославия) ва Гамел Абдул Насер (Миср) дар пайи як қарордоде соли 1961 (авҷи ҷанги сард) таъсис доданд. Давлатҳое, ки ба ҷунбиш аъзо шуданд ба ягоне аз созмонҳои ҳарбии онвақтаи ғарб (НАТО) ва блоки сотсиалистӣ (созмони аҳдномаи Варшава) шомил шудан намехостанд. Шоҳи охирини Эрон ҷонибдори фаъоли ин Ҷунбиш буд, ва Давлати Исломи Эрон ҳам ин меросро ба хубӣ пазируфтааст.
Тоҷикистон алъон, қатори як зумра давлатҳои пасошӯравӣ ба ҳайси нозир дар ҷаласаҳои ин ҷунбиш ширкат меварзад. Аммо аъзо шуданаш, ба фикрам, гумон аст, чун мо аъзои созмони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) ҳастем. Муфассалтар:https://fa.wikipedia.org/wiki/%D8%AC%D9%86%D8%A8%D8%B4_%D
8%B9%D8%AF%
D9%85_%D8%AA%D8%B9%D9%87%D8%AF

https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%94%D0%B2%D0%B8%D0%B6%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B5_%

D0%BD%D0%B5%D0%BF%D1%80%D0%B8%D1%81%D0%BE%D0%B5%D0%B4%D0%B8%D0%BD%D0%B5%D0%BD%D0

%B8%D1%8F

safaali
az hama khubash bursiyai donishjuyoni tojike ki dar eron tahsil mekunan ziyod mekardand khub meshud.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)