Бахшҳо

Раҳбари Маркази исломшиносӣ дар бораи истеҳсоли ҷелаки тоҷикӣ, ҷойнамоз, сарпӯшҳои сирф миллӣ

Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар шароити имрӯза бархурди муносибатҳои ҷамъиятӣ миёни қавму миллатҳои мухталиф боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии ойинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад.

Ҷаноби Баротзода, ин нуктаро дар як навиштаи худ таҳти унвони “Андешаҳо перомуни либосҳои миллӣ ва динӣ”, ки сомонаи АМИТ “Ховар” нашр кардааст, баён доша, афзудааст, дар чунин вазъият зарурати таҳияи низоми дуруст ва оқилонаи муносибатҳои миллию фарҳангӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу субот ба миён меояд.

Ӯ менависад, ҳарчанд масъалаи эҳтиром гузоштан ба пероҳани миллӣ дар назари аввал ҳамчун як падидаи маъмулӣ ва муқаррарӣ пазируфта шавад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯшишҳои дигаргунӣ ворид намудан ба сохтори шаклгирифтаи он оҳиста-оҳиста хусусияти намоишкорӣ ва таҳдидовар касб мекунанд: “Дар ниҳояти кор, фориғболӣ нисбат ба ин падида метавонад дар кохи бегазанди фарҳанги миллӣ рахнаи ноҷо ворид намояд”.

Файзулло Баротзода аз суханҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар вобаста ба тақлидкорӣ, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ, тарғиби либосу фарҳанги бегона миёни занҳо мисол оварда, таъкид кардааст, “дар воқеъ, ин рафтори номатлуби як идда занону духтарони кишвар аз як тараф ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагон далолат кунад, аз тарафи дигар бемасъулиятии комили онҳоро дар донистани моҳияту таъйиноти пероҳанҳои гуногун нишон медиҳад”.

Раҳбари Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳур таъкид мекунад, истилоҳи сарулибоси исломӣ маҷмӯи талаботу муқаррароти муайянро ба пероҳани мусулмонон дар масҷидҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ифода мекунад: “Ислом ба занону мардони мусулмон иҷозат медиҳад ҳар гуна либосеро бипӯшанд, ки бе зиёдаравӣ ва халали ҳадду ҳудуд пӯшиши ҷисми онҳоро вобаста ба аҷзои муайяни бадан адо кунад ва иффати онҳоро таъмин намояд. Мувофиқи он мардон бояд баданҳои худро аз зонувон боло то ноф пӯшида нигоҳ доранд, ҳамчунин аз пӯшидани либосҳои абрешимӣ ва истифодаи маҳсулоти тилловорӣ худдорӣ намоянд. Аммо барои занон ба ғайр аз кушода будани рӯй ва панҷаи дастон аҷзои боқимондаи баданашон аврат маҳсуб мешавад”.

Дар идомаи матлаб ҷаноби Баротзода гуфтааст, дар иртибот ба сарулибоси динӣ ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вежагиҳои либоспӯшии мардона набошад. Ӯ мегӯяд, ин масъала на танҳо ба либос, балки ба риояи тарзи рафтор, гуфтор ва ҳаракатҳои фарқкуннандаи ҳар ду ҷинс низ дахл дорад: “Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае кушоду бароҳат дӯхта шавад, ки пасту баландии бадани занро намоён насозад”.

Файзулло Баротзода инчунин гуфта, ба хотири ҳифзи амнияти фарҳанги миллӣ ва ваҳдати эътиқоди қавмӣ афроде, ки аз кишвар ба ҳаҷ мераванд, онҳоро зарур меояд, аз тақлидкорона пӯшидану ворид кардани ҳар гуна либосҳои қавму миллатҳои дигар ба қаламрави Тоҷикистон худдорӣ намоянд. Ба таъкиди ӯ, баръакс, бояд ҳоҷиёни кишвар дар лаҳзаҳои нодири аз эҳром берун омадан, савор шудан ва фуруд омадан аз ҳавопаймо либосҳои динии хусусияти миллидоштаро ҷиҳати тарғибу ташвиқи онҳо табаррукан ба бар кунанд, то ки баъди бозгашти онҳо истифодаи ин сарулибос дар байни занону бонувон ба ваҷҳи некӯ пайравӣ пайдо кунад: “Бояд эътироф намуд, ки талабот ба сарулибоси динӣ ва сатри исломӣ дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад. Аз ин ҷиҳат танҳо истеҳсоли маҳсулоти ватании хушсифат ва дизайни муваффақонаи ин қабил либосҳо аз ҷониби тарроҳон дар асоси анъанаҳои миллӣ пеши роҳи воридшавӣ ва тадриҷан маҳдуд кардани онҳоро гирифта метавонад. Анъанаи аз чашми каси бегона пинҳон доштани баъзе аъзои занону бонувон дар суннати тоисломии тоҷикон вуҷуд доштааст, ки дар он ҳеҷ ифроту қаҷравӣ набуд. Хуб мешуд, ки дар баробари либоси ягонаи ҳоҷиён истеҳсоли либоси сафеди карбосӣ ва ҷелаки тоҷикӣ, ҷойнамоз, сарпӯшҳои сирф миллӣ, тасбеҳ ва хушбӯиҳо ба роҳ монда шаванд ва ҷойи маҳсулоти бесифати чиниро иваз кунад. Ба мушоҳидаи мо то имрӯз аз ҷониби тарроҳони ватанӣ дарёфти намунаи беҳтарини либоси ягонаи миллие рӯйи кор наомадааст, ки ҳам ба анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва ҳам андешаи исломӣ комилан созгор бошанд. Зарурати ҳифзи амнияти миллӣ шадидан тақозо менамояд, ки тарроҳони мо дизайнҳои “тоза ба тоза, нав ба нав”-и пероҳанҳоеро пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт ниёзҳои динию дунявии занону бонувони тоҷикро баровардаи хайр гардонанд, аз нигоҳи завқу салиқа дилкашу руҳнавоз бошанд ва таваҷҷуҳи онҳоро аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд”.

Оқои Баротзода мегӯяд, дар суннати мардумию мазҳабии миллати тоҷик ва халқҳои порснажод анъанаи сиёҳ пӯшидан дар ҳеҷ давру замон ривоҷ надоштааст ва ҳатто дар маросими мотам ҳам гузаштагони мо либоси кабуд ба бар мекардаанд, ки то имрӯз пайгирона идома дорад: “Анъанаи сарулибосҳои динии занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набудааст. Баръакс, либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳувияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд”.

Ба гуфтаи ӯ, дар фарҳанги тоҷикӣ сатр ба маънои “сару гарданро бо рӯймол пӯшонидан” тибқи муқаррароти суннату анъанаҳои миллӣ ва шароити табиию ҷуғрофӣ навсозӣ карда шуд: “Имрӯз низ дар масъалаи истифодаи либосҳои бешармонаю ношоиста ва таблиғи сатру ҳиҷоб аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор, мутаассифона, қишрҳои аз нигоҳи тарбияи ахлоқӣ ноустувор ва эҳтиёҷманди аҳолӣ васеъ ҷалб мешаванд. Ин қабил бесатрону сатрпӯшон ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобастагие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ чизи дигаре нест”.

Файзулло Баротзода иброз доштааст, дар паҳнкунии сатри арабишуда ва либосҳои динии саропо сиёҳ нақши таблиғотии ҳаракатҳои гуногуни тундгаро ва бегонапараст, сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва маҳвора низ қавӣ буда, зудбоварию булҳавасӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии мардум ба мураккаб шудани чунин вазъият таъсири манфӣ гузошта истодааст.
Мӯҳр
Рустамчон
Мо хамчун шахрванди хамин сарзамин гуфтахои раиси Чумхуро кабул мекунем либоси милли мепушонем ба занхои худу ба духтархои худ ....

банаи худо
Мо хамчун банда танхо фарзхой Аллохро ичро мекунем на аз дигаронро

кулоби бачча
Суханони хуб буд. Чо дорад бетарин фикрро низ хамрохаш кунему бе ягон тавхину тахкир ба миллату модарони миллат масала хушу хурсандона хал шавад.
Худо хидочтмон кунад.

Офарин устод Файзулло Баротзода! Пеши рохи ин омили тахдидкунанда ба оромии миллиро танхо бо чунин андешахои воло ва амали намудани ин андешахо метавон гирифт. Ана инро фикри пухта мегуянд. Худованд миллати моро аз тамоми газандхо дар панохаш нигох дорад. ОМИН!

Аз таклид намудан ба фарханги бегона аз чумла ба бар намудани либоси сиёх (араби) ва либосхои дароз (челак)-и афгони ягон нафар ба бихишт намеравад ва нахохад рафт (Худованд худ доност). Худованди бузург барои хар миллату нажод фарханг ва маданияти ба худ хосро насиб гардонидааст, ки таквият ва густраиш додани он барои хар миллат хам фарз хам суннат. Аслан мардуми араб ки дар кухистони кумзор зиндагони менамуданд сатро барои он ба бар мекарданд, ки аз куму хок руи худро эмин нигох доранд ва ин амал ба фарханги онхо дохил мегардад. Арбахо хангоми хучум намудан ба кишвархои гуногун аз чумла ба сарзамини форсхо кушиш намудан, ки ин фарханги худро дар ончо роич кунанд ва ба ин максадашон ба воситаи корду табар расиданд. Аз хамон замон барои ба бар намдуани либоси сиёхи сатр (моли араб) -и длар байни кабилахо гуногун аз чумла дар давлатхои мусаломни хунрезию тафриканадози идома ёфта истодааст.

мешидай ку хамин либосро чойнамозхоро дар точикистон тайёр кунан хуб нест.... моли хитоира аз арабистони сауди ба точикистон миёрем. бо тарзи милли духташавад хуб аст ку.

578
Динаша эътироф либосаша не чи ?

Чубина
Ислом аз арабхост гуфта,мабодо боз рузe аз зардуштия "милли" ташвик намоед.

махмад
Хай масалаи мини юбкараву шортикойи духтарорам бинан охи конун бароран чинсу юбкара бархам тиян

Хар миллат бо фарханги худ фахр мекунад. Мо хам бояд бо либоси миллии худ фахр кунем. Русхо низ имруз ба фарханги либоспушии миллаташон ру овардаанд. Мини юбка ва либосхои кутохро моли аврупо медонанд. Фарханги диниро бо фарханги милли набояд омехта кард. Дин таълиму тарбия ва ахлоку одоб аст.

МАН ХАМЧУН ФАРЗАНДИ ТОЧИК ТАМОМИ ФАРМОНУ АМРХО ВА ГУФТАХОИ АЛЛОХРО БО ДИЛУ ЧОН ИЧРО МЕКУНЕМ ВА ТАМОМИ ХОХАРОНУ МОДАРОНИ ХУДРО ИНШОАЛЛОХ САТРПУШ МЕКУНЕМ!!!!
БА ЧУЗ АЗ АМРИ АЛЛОХ ВА ПАЁМБАР с.а.в. БА МАН АМРИ ХЕЧКАС НА ВОЧИБ АСТ НА ШАРТ!


салом. шахсе дар инчо гуфт ки чихеле фармон диханд хамон хел хохем кард. Агар гуянд дар гор пар мепари? ё ин ки гуянд маро парастиш кун мекуни?

Озод
Офарин, дар асри интернет ва кашфиетхои беназири илми аз домани челак сар надихед.

ислом.70mail.ru
Бисер ачиб. Баротзода мегуяд ки масалан мардхо бояд аз зону боло ва аз ноф болои худро пушонанд, барои хамин занхои имруза аз зону болоро яъне мини юбка мепушанд?

Абдулло
Вой бар холи ин миллат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)