Мансаби нави Фотеҳ Қунғуротзода Қулмурод дар ВКД

Полковники милитсия Фотеҳ Қунғуротзода Қулмурод собиқ сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сардори Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе таъйин шудааст.
Дар ин бора як манбаъ аз ВКД дар суҳбат бо "Озодагон" хабар дод. Қунғуротзода дар ин мақом Ҷӯрахон Саид Қаюмро иваз кард, ки дар пайи як тағйироти кадрӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз мансаби худ барканор шуд.
Қунрғуротзода 53 сол дошта, маълумоташ олии ҳуқуқӣ мебошад. Фаъолиятро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 1 декабри соли 1983 оғоз карда, бо мукофотҳои ҳукуматӣ - Ордени “Шараф” дараҷаи II қадрдонӣ шудааст. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла милитсионери ШКД, нозири минтақавии милитсияи ШКД, муовини сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, муовини сардори ШКД, сардори ШКД, сардори ШВКДН дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, сардори ШВКД, муовини сардор, сардори шӯъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати сардори Давлат ва меҳмонони олиқадр кор кардааст. То омадан ба курсии сардории раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар мансаби сардори Шуъбаи умури дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт кор мекард.
Ин дар ҳолест, ки дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз 7 апрел аз тағйироти кадрӣ дар Вазорати умури дохилӣ хабар дода, гуфт, 12 сардори шуъбаҳои умури дохилии шаҳру навоҳии кишвар аз вазифаҳои худ барканор шуда, ба ҷои онҳо нафарони дигар таъйин шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |