Бахшҳо
08 апр 2015 10:45Тоҷикистон / Тема дня

Имтиёзи парлумон ба Дирексияи сохтмони асосии дастгоҳу “Сирдарё”

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон якдилона лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонун “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2015”-ро қабул карданд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молия зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси он ба фармоишгар ва пудратчии сохтмони “Театри миллӣ” бархе имтиёзҳо дода мешавад. Аз ҷумла, онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида, андоз аз истифодаи нақлиёт ва аз супоридани боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид кардани техникаву таҷҳизот озоданд.

Муовини вазири молия иброз дошт, фармоишгари лоиҳаи сохтмони мазкур Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Сирдарё" ва пудратчии он Дирексияи сохтмони асосии Дастгоҳи иҷроияи президент мебошанд. Ҷаноби Нуралиев гуфт, муҳлати сохмони “Театри миллӣ” 5 сол муқарар шуда, барои сохтмони он тақрибан 680 миллион сомонӣ равона мешавад: “Имсол дар ҳаҷми 56,2 миллион сомонӣ аллакай корҳо иҷро гардиданд, то ҳамин рӯз аллакай 260 миллион сомонӣ аз худ карда шуд”.

Ба қавли ӯ, бартарии ин лоиҳа дар он аст, ки дар давраи буҳрони молиявӣ барои таъмини шаҳрвандони кишвар ба ҷои кор бисёр таъсири ҷиддӣ мерасонад: “Зеро зиёда аз 50 фисади кормандоне, ки тибқи ин лоиҳа ба кор гирифта мешаванд, шаҳрвандони кишваранд, ба 1000 нафар ҷои корӣ нав таъмин карда мешавад. Дар вақти васлкунӣ 70 ба 30 мешавад, 70% шаҳрвадони хитой 30% шаҳрвадони Тоҷикистон. Вақте сохмон ба анҷом мерсад ғайр аз ҳунарпешаҳо ва кормандони дигари фарҳанг боз зиёда аз 300 нафар шаҳрванд ба ҷои кори нави доимӣ таъмин карда мешаванд”.

"Театри миллӣ" яке аз тарҳҳои бузурги Тоҷикистон гуфта мешавад, ки санги асоси онро рӯзи 17 марти соли равон дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гузошт. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, бинои "Театри миллӣ" дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост карда, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат мебошад, ки баландиаш ба 34,5 метр хоҳад расид. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар, яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6м буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур таъкид кардааст, ки “лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол бо омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй буда, бузургтарин ва зеботарин чунин иншоот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд”.
Мӯҳр
Фирдавс
Андозро фақат халқ супорад.

mahmud
ma hamuda hayronum ki chiba ika kimat rasxod mekunan?? dar dubai 500 600 milyon dollarda chum chitari zdanya meknan xay xdton medonen bo

Хой рафикон рузноманигорон, фармоишгари лоиҳаи сохтмони мазкур Дирексияи сохтмони асосии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва пудратчи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Сирдарё" мебошад на бар акс

Ба ман шахсан тархи берунии театр писанд омад, лекин аз чониби ширкатхои чини сохтани он писанд нест,чунки бинои Осорхонаи милли ва сахни он аллакай рангпарида ва рохравхо хароб гардидаанд, мучассамахое, ки мондаанд намедони, ки кихо хастанд ному насаб надоранд. Хуб мебуд агар ба сифати кор ахамият медоданд.
мафхуми театр ба маънои пуррааш ба мардум фахмонида шавад бо театр омада мардум силсилафилми Водии Гургон ва ё Пулод Алэндар ё базе филмхои хиндиро тамошо накунанд.
Барои театри милли хунармандони хирфаиро чалб кардан хуб мебуд, чавонони боистеъдодро хавасманд намуда бе тагаю язна новобаста аз он ки у аз "Кишлоки тиллои" аст ва ё берун аз он, рох додан ба манфиати кор хохад буд.вазорати фарханг муаззаф шавад, ки хунармандони ботачрибаро аз шахру навохии кишвар то мухлати кушодашавии он омода намоянд.
театри милли - иникосгари хаёти имрузаи мо бояд бошад. Агар оид ба хаёти мардум дар Марс харф занад лозим нест.

Фирдавс
... то ҳамин рӯз аллакай 260 миллион сомонӣ аз худ карда шуд... wink

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)