Қаҳрамонҳои дзюдои Тоҷикистон баъди 3 рӯз маълум мешаванд
11 ва 12 апрели соли равон дар Душанбе мусобиқоти Қаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Дар мусобиқоти имсола 34 даста, аз ҷумла 14 даста аз шаҳри Душанбе, 4 даста аз ВМКБ, 4 даста аз груҳи навоҳии минтақаи Рашт, 4 даста аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 4 дастаи дигар аз вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок хоҳанд кард.
Дар назар аст, дар ин мусобиқа паҳлавонони варзидаи кишвар Хушқадам Хусравов, Комроншоҳ Устопириён, Маҳмадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов, Расул Абдушарипов ва дигарон низ ширкат бикунанд.
Гуфта мешавад, паҳлавонони риштаи дзюдои кишвар дар рақобатҳо барои ба даст овардани мақомҳои ифтихории Қаҳрамонии дзюдоии Тоҷикистон дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва +100 қуваозмоӣ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |