Бахшҳо

Нигоҳе ба авзои Яман ва ғӯлҳои қудратталаб

Зоир Давлат, таҳлилгар


Дар охирин таҳаввулоти авзоъ дар Яман, бино ба хабаре, ки шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира” ба нашр расонд, 8-уми апрел танзими “ал-Қоида дар Ҷазиратулараб” бо пахши як баёния эълон кардааст, ки барои куштан ё боздошти Алӣ Абдуллоҳ Солиҳ, президенти пешини Яман ва Абдулмалик ал-Ҳусӣ, раҳбари ҳусиён ба миқдори 40 киллограм тило ҷоиза муайян кардаааст. “Ал-Қоида дар Ҷазиратулараб” Солиҳ ва ал-Ҳусиро “ду сари шарорат дар Яман” дониста аст.

Дар баёния инчунин омада аст, ки ин ҷоиза ба хотири “дастгирии муҷоҳидин дар рӯёрӯӣ бо дастдарозии сафавиёни эронӣ дар либоси шибҳинизомиёни Солиҳ ва ҷамоати ҳусӣ” мебошад. Дар ҳоле, ки даргириҳо байни шибҳинизомиёни ҳусӣ ва ҷонибдорони президенти собиқи Яман - Алӣ Абдуллоҳ Солиҳ бо тарафдорони президенти фирории ин кишвар Абдураббиҳ Мансур Ҳодӣ дар манотиқи ҷанубу ғарбии Яман шиддат меёбад, афроди мусаллаҳи “ал-Қоида дар Ҷазиратулараб”, ба қасри раёсатҷумҳурӣ, зиндони асосӣ ва банки марказӣ дар шарқи Яман ҳамла карда, ба роҳбарияти минтақаи низомии дувум ва мудофиаи соҳилии шаҳри ал-Мукаллои Ҳазрамавт (ҷануби шарқи Яман) зарба заданд. Онҳо 300 нафар, аз ҷумла ҷонибдорони худро аз зиндони марказӣ озод намудаанд, ки дар миёни онҳо яке аз пешвоёни ин танзим дар Яман низ будааст. Танзими “ал-Қоида дар Ҷазиратулараб” фаъолтарин бахши “ал-Қоида” мебошад, ки онро Айман аз-Завоҳирӣ роҳбарӣ менамояд.

Ҳарфе чанд дар бораи ҳусиён ё ҳусиҳо


Ҳаракат ё ҷунбиши ҳусиҳо, ҳаракати сиёсии динии мусаллаҳе аст, ки маркази онҳо шаҳри Саъдаи Яман мебошад. Ин шаҳр бо беш аз 70 ҳазор аҳолӣ дар қисмати шимолу ғарбии Яман ва 80-километрии марзи он бо Арабистони Саудӣ ҷойгир шудааст. Номи ҷараёни “ҳусиён” аз насаби Ҳусайн Бадруддин ал-Ҳусӣ гирифта шуда аст, ки соли 2004 аз ҷониби неруҳои давлатии Яман кушта шуд. Гуфта мешавад, ки Ҳусайн Бадруддин ал-Ҳусӣ дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта барои ошноӣ бо андешаҳои Оятуллоҳ Хумайнӣ ба Қуми Эрон сафар карда, ба яке аз муридони вай табдил гашта буд. Аъзои ин ҷунбиш аз муборизони шиаи зайдии Яман буда, шумори неруҳои ҷангандаи он то 100 ҳазор гуфта шуда аст.

Кашмакаши ҳусиҳо бо ҳукумати Яман аз соли 2004 бо баҳонаи норозигӣ аз сиёсати Санъо ба хотири дар гӯшаи фаромӯшӣ мондани минтақаи Саъда оғоз ёфт. Даргирии ҳусиҳо бо артиши Яман идома ёфта, то замони шӯришҳои сартосарӣ дар ин кишвар ҳафт маротиба задухӯрди мусаллаҳона такрор ёфт. Аз ин даргириҳо беш аз ҳама президент - Алӣ Абдуллоҳ Солиҳ барои суст кардани ҳусиҳо ва рақиби суннатиаш генерал Ҳусайн ал-Аҳмар истифода бурд ва роҳбари горди ҷумҳурӣ генерал Аҳмад Алӣ Солиҳ ҳусиёнро бо силоҳ таъмин намудан гирифт. Ин кор боис шуд, ки даргириҳо пайваста идома пайдо кунанд ва неруи низомии ҳусиён афзоиш ёфта, майдони ҷуғрофии таҳти тасарруфи онҳо васеътар гардид. Аммо инҷо суоле ба миён меояд, ки сарчашмаи аслиҳаи ҳусиҳо, ки ба комёбиҳои ҷангӣ ноил шуданд, аз куҷост?

Ҳусиён дар задухӯрди якум ва дувум аслиҳаро аз бозори ал-Талҳ ва бозорҳои аслиҳаи Маъриб мехариданд ва дар ин кор аз қонеъ гардонидани қабилаҳои бадавӣ бо мол ва ё аз тариқи ҳамандешии идеологӣ истифода мебурданд. Ба навиштаи бархе аз сарчашмаҳои арабизабон, Эрон низ дар таъмини аслиҳа ба ҳусиҳо саҳм доштааст, зеро баъзе киштиҳои эронии ҳомили аслиҳа дар бандарҳои Яман лангар партофтаанд. Аммо, манбаи асосӣ анборҳои аслиҳаи артиши Яман ва горди ҷумҳурӣ будаанд, ки ба таври бевосита ё махфӣ аз ҷониби афсарони масъули нигаҳбонӣ дар натиҷаи дӯстиву рафоқат ё фасодкорӣ таъмин карда мешуд.

Ҳусиён инқилоби ҷавонони яманиро таъйиду дастгирӣ намуда, ҳаракаташонро “Ансоруллоҳ” номиданд. Онҳо дар маҷбур кардани Президент Солиҳ ба қабул намудани ибтикори кишварҳои Халиҷ ва барканор шудани ӯ нақши фаъол бозиданд. Аммо, онҳо роҳбари нави давлати Яман Абдураббиҳ Мансур Ҳодиро дастгирӣ накарда, бисёр тасмиму қарорҳои ӯро рад намуданд, аз он ҷумла, пешниҳоди тақсими федеролиро бо далели ин ки амалӣ шудани адолати иқтисодиро тақвият намебахшад, рад намуданд.

Дар авоили соли 2015, бо баҳонаи рӯёрӯӣ бо Ҳизби Таҷаммуъи яманӣ барои Ислоҳот ва пайравони он, ҳусиҳо пас аз шикаст додани як бригадаи зиреҳпӯш ва қатли роҳбари он генерал Ҳамид ал-Қушайбӣ шаҳри Умронро ба тасарруфи хеш дароварданд, ки дарвозаи шимолии пойтахти кишвар ба шумор меравад. Аз Умрон бо кӯмаки неруҳои ҷонибдори президенти собиқ Абдуллоҳ Солиҳ ҳусиҳо вориди Санъо шуда, онро муҳосира намуда, бо зудӣ тамоми муасисаҳои давлатиро тасарруф карда, қаророгоҳҳои низомиро зери даст гирифтанд ва техникаву аслиҳаро аз худ карданд.

Ҳамин тавр, шибҳинизомиёни ҳусӣ ба марокизи вилоятҳои дигари Яман ҳаракат намуда, талош карданд, ки Бобулмандибро низ аз худ кунанд. Бобулмандиб оброҳае бо фосилаи 36 километр дар қисмати ҷанубии Баҳри Сурх ва уқёнуси Ҳинд аст. Ин оброҳа бисёр стратегӣ ва роҳи киштиҳои тиҷоратӣ ва мусофиратӣ аз Баҳри Араб ва уқёнуси Ҳинд ба Баҳри Сурх мебошад, ки сипас аз канали Суес ба Баҳри Миёназамин мегузаранд. Неруҳои ҷонибдори президенти собиқ дар ин росто ба ҳусиён кӯмаки низомии бевосита расонда, қароргоҳҳои тарафдоронашро бо осонӣ ба онҳо супурданд.

Ҳусиҳо ва Эрон


Дар ин ҳолат, Эрон мавзеъгирии ҳақиқии худро ошкоро бо забони мақомоти баландпоя ошкор карда, ҳаракати ҳусиёнро нусхаи Ҳизбуллоҳи Лубнон шумурда, онро ҷузъи ҳаракатҳои комёби бедории исломӣ ва тавсиа ёфтани доираи инқилоби исломии Эрон донист. Давлатҳои арабии Халиҷ ва баъзе кишварҳои дигар пешрафти ҳусиёнро ҳамчун хатаре эҳсос карданд, ки дар сохтани ҳилоли шиаи ҷадид дар ҷануби шибҳи ҷазираи Араб пас аз сохтани ҳилоли шиаи шимоли шибҳиҷазира бо сарпарастии Эрон таҷассум ёфтааст.

Арабистони Саудӣ ва “Тундбоди қотеият”


Дар даҳаи аввали моҳи марти 2015 Президенти фирории Яман Абдураббиҳ Мансур Ҳодиро дар бобати дахолати низомӣ барои мусоидат ба ҳукумати конститутсионии Яман ҷиҳати пешгирӣ кардан аз парокандашавии кишвараш аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ кӯмак хост. Абдураббиҳ Мансур Ҳодӣ, мутаваллиди соли 1945, 17 сол аз соли 1994 то 2011 муовини президенти собиқ Абдулло Солиҳ буд ва аз 25 феврали 2012 Раисҷумҳури Яман мебошад.

Ҳамин тавр, Арабистони Саудӣ бо нуҳ кишвари арабӣ ва Покистон эътилоферо таъсис дода, бо номи “Ъасифатулҳазм” (“Тундбоди қотеият”) амалиёти низомӣ дар Яманро ба роҳ монд. Барои ин амалиёт, ки шаби 26-уми марти 2015 оғоз гардид, 185 ҳавопаймои низомӣ, ки беш аз нисфи онҳо ҳавопаймоҳои саудӣ буданд, ҷамъ карда шуд. Дар ин миёна Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн, Қатар, Урдун, Мағриб ва Судон низ саҳми худро доштанд. Арабистони Саудӣ 150 ҳазор размандаро барои ҷанг омода карда, Урдуну Мисру Судон барои ирсоли неруҳои хушкигард, дар ҳолати тақозои он, омодагии худро эълон намуданд.

Арабистони Саудӣ аз лиҳози таъминоти луҷистикиву фановарӣ ва зерсохтори зарурӣ иқтидори фавқулода дошта, имкон дорад то дарозмуддат хидматрасонии лозима барои идома додани амалиёти низомӣ пешкаш намояд. Инчунин, Риёз ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии сатҳи баланд дар ҳама бахшҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро нигоҳ медорад.

Аслиҳаи куҳна ва таҷрибаи ҷангии ҳусиён


Дар муқобили ин лашкари азим неруи маҳдуди артиши Яман меистад, ки неруҳои ҳавоии он ҳамагӣ 140 ҳавопаймои ҷангандаи фарсуда дорад. Шоёни зикр аст, ки якчанд соли охир ба сабабҳои техникӣ 20 ҳавопаймои ҷангандаи яманӣ суқут кардааст. Ба иловаи ин артиши Яман бо мушкилоти бешуморе рӯбарӯст, ки сустии машқ, адами касбият, шахспарастӣ ва фасоди густарда дар байни афсарони он аз он қабил мебошанд. Аммо, шибҳинизомиёни мусаллаҳи ҳусӣ, ки шумораи онҳо ба сабаби пайвастани ҷавонони қабилаҳои гуногун бо онҳо дар асоси ҳамандешии идеологӣ ва манфиатҳои умумӣ номаълум аст, дорои аслиҳаи зиёд ва қобилияти ҷанги партизанӣ дар манотиқи кӯҳсор мебошанд. Бартарии онҳо дар ин аст, ки бо топографияи замини Яман ошноии комил дошта, неруи нуфузи идеологӣ ва манофеи муштарак бо як қатор шайху аъёни қабилаҳоро доранд.

Ҳусиён бо кумаки неруҳои президент Солиҳ саъй хоҳанд кард, бархе аз манотиқи ал-Махо, Бобулмандиб ва аз-Золиъро таҳти тасарруфи хеш нигоҳ доранд, то дар фурсати муносиб онро ҳамчун “корти баранда” дар гуфтушунидҳо истифода баранд ё аз онҷо тавассути ҳамандешонашон дар кишварҳои эътилоф амалиёти террористӣ анҷом диҳанд.

Аз нигоҳи аввал пайдост, ки амалиёти “Тӯфони қотеият” дар се марҳила анҷом мегирад. Нахуст ҳамлаи ҳавоӣ ва зарба задан ба марказҳои роҳбарӣ, анборҳои аслиҳа ва дигар мавзеъҳои роҳбурдӣ ба хотири ворид намудани шикасти нисбӣ ба иқтидори мудофиаи ҳавоӣ ва мушакии ҳусиён, ки эҳтимолан якчанд ҳафта идома ёбад. Марҳилаи дувум ба даст гирифтани нуқтаҳои даркорӣ, маҳрум кардани неруҳои Солиҳ ва ҳусиён, имконияти ҳузур дар ҷойҳои муайян мебошад. Бо ин роҳ ҳусиён маҷбур мешаванд ба ҷойҳои пештараи худ баргарданд ва бо кам шудани нуфузашон ба гуфтушунид маҷбур шаванд.

Агар неруҳои эътилоф дар ду марҳилаи зикршуда комёб нашаванд, дар марҳилаи савум, неруҳоро бо роҳҳои заминӣ ба мавзеъҳои даргирӣ ворид хоҳанд кард ва ҳамин тавр ин иқдом ба ҷанги дарозмуддат бо паёмади зиёну зарари беҳисоби ҷониву моддиву бидуни натиҷаи мусбат мубаддал хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки “Тундбоди қотеият” як василаи сиёсӣ аст ва амалиёти низомии маҳз намебошад. Зарур аст аст, ки ин амалиёт равиши сиёсии ҳалли буҳрони Яманро дар асоси адолати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, бидуни ба ҳошия фиристодан ё дур кардан бофтҳои мардуми Яман бошад.

Туркия ва амалиёти зидди ҳусиҳо


Дар оғози амалиёти ҳавоии ҳампаймонони саудӣ дар Яман Раҷаб Тайиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Фаронса гуфт: Туркия аз дахолати низомии Арабистони Саудӣ дар Яман пуштибонии тадорукотӣ мекунад. Ӯ бидуни зикри ҷузъиёт афзуд: “Туркия мумкин аст бо таваҷҷуҳ ба раванди таҳаввулоти авзои Яман даст ба ҳимояти тадорукотӣ аз ин амалиёт бизанад”.

Урдуғон он замон ёдоварӣ кард, ки “Эрон ва гуруҳҳои терористӣ бояд (аз Яман) хориҷ шаванд”. Ӯ бо ишора ба нақши Эрон дар минтақа ва ҳузури ин кишвар дар мубориза бо гуруҳи “давлати исломӣ” изҳор дошт: “Ҳадафи Эрон афзоиши нуфузи худ дар Ироқ аст. Эрон талош дорад бо берун рондани ДОИШ аз минтақа ҷои онро бигирад”. Урдуғон дар як конфронси матбуотӣ дар Истанбул зикр намуд, ки Эрон талош менамояд нуфузи худро бар минтақаи Ховари Миёна густариш диҳад: “Ин амр воқеан қобили таҳаммул нест ва Эрон бояд инро бифаҳмад”. Бо қотеият аз Теҳрон хост, ки бояд ба тамомияти арзии кишварҳои Яман, Сурия ва Ироқ эҳтиром бигзорад.

Ба ҳамин минвол, кашмакашу даргириҳо дар Яман идома меёбад ва алангаи оташи ҷанг баландтар шудан мегирад. Даргирие, ки байни гурӯҳҳои яманӣ буд ва бояд аз роҳи гуфтушунид ва мусолаҳа ҳалли худро меёфт, ба қазияи минтақаие мубаддал гардидааст, ки поёни онро дар шароити феълии тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсии ҷаҳон пешгӯӣ кардан имконпазир нест. Агар Абдураббиҳ Мансур Ҳодӣ бо пуштибонҳояш неруҳои Солиҳ ва ҳусиёнро шикаст диҳад ҳам, “ал-Қоида дар Ҷазиратулараб” Яманро ором нахоҳад гузошт. Дар акси ҳол низ, сари хони оштӣ нишастани пайравони Солиҳу ҳусиҳо бо ҳукумати Ҳодӣ ё “ал-Қоида” имконпазир нахоҳад буд.

Бидуни ихтиёр, ҷангу ҷидолу нооромӣ дар кишварҳои хурд ба бархӯрди кишварҳои абарқудрат мубаддал шуда, хуни мардуми осоишта рехта мешавад ва ғӯлҳои қудратталаб бо пахши изҳороту ибрози тааассуф аз қатли бегуноҳон худро бегуноҳ нишон медиҳанд...
Мӯҳр
Точикистон-Яман
маълум мешавад ки дар ончо хам дасти давлатхои бегона аст.
Точикистон-Яман дусти поянда бод!

Зоири Давлат низ ба зери накораи Арабистони Саъуди ба ракс даромад

Мошоаллох бародар Худованд нигахбонат. тахлили хуб агар аз кучо маблаг расидан ба ал-Коидаи ямани зикр мекарди хуб мешуд.Зеро ин 40 кг тилло хело маблаг меистад.

Бехтарин тахлил! Ташаккур бародар! Аслан дар мо мутахассис (тахлилгар) оиди мамолики араб, ба хусус манотики шакри наздик, агар хато накунам хело кам аст.

Musofir
Nigohi neutral ba hodisahoi Yaman, chunin tahlilho boyad doimo dar Ozidagon boshad. Dar zamonae ki ifrotu tafrit hamaro pechidaand, chunin sharh dodan tanho kasone metavonand, ki dar masaala vorid boshad. Tojik az Litva

ЯК ЧАХОН ТАШАКУР! ЗОИРШО!! ШУМО ШАРХИ ХУБЕ ДОДЕ КИ ХАФТ ПУШТИ БАЗЕ ТАХЛИЛГАРО АГАР ХЕЗАНД ИХЕЛ ТАЛИЛГАР ПАЙДО НАМЕКУНАНД ! ЭЙ ТОЧИКО ФАХР КУНЕТД КИ ШУМО ДОРЕД АМИХЕЛ ТАЛИЛГАР! ФАХРИ ТОЧИК ФАХРИ МИЛЛАТ ФАРХИ ДОНИШ!

Бо арзи салом. Ин на тахиллиласт на як чизе нав ба чуз тарчума аз араби ба точики фигир шассихси худашро нагуфтааст! Агар инро тахлил гуем пас хама тахлил гар!

шогирд
Чавоб ба Абубакр; дар инчо муаллиф даъво накардаст ки тахлил мекунад...гуфтаст ки нигохе ба авзои Яман... шумо як бор бо ин марди донишманд хамсухбат шавед баъд медонед ки чи гуна шахсияти бофарханг ва миллатдусту инсони азиз аст. барои мисол як маколаашро тавсия мекунам ки хонед ва хулоса бароред, дар шароите ки хама барои манфиатхои шахси об дар дахан мегиранд, хамин донишманди чавон андешаашро ошкоро мегуяд: https://www.ozodagon.com/15104-udratmand-shudani-sunnio-ba-nafi-isroil-nahoad-bud

.html

https://www.ozodagon.com/15104-udratmand-shudani-sunnio-ba-nafi-isroil-nahoad-bud

.html

Абубакр ака ин мардак нагуфтаст ки ман тахлилгар, гуфтаст Нигохе ба авзои Яман ва хуб ам нигохе кардаст,,,, хох тарчума бошад хох перевод
, факт то что барои точико ходисаро хуб шархе дода аст,,,тамом,,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)