Дуздии сейфи холӣ аз бонки “Эсхата”: Ҳамлагарон бо узбакӣ суҳбат доштаанд...
Мақомоти пулиси Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи муттаҳам дар роҳзанӣ хабар дод, ки дар баробари 13 ҳолати дуздӣ, филиали бонки “Эсхата”-ро низ ҳадаф қарор дода, аз он ҷо сейфи холӣ дуздидаанд.
Манбаъ мегӯяд, муттаҳамон-ду сокини 27-солаи деҳаи Куҳдомани ноҳияи Ҷиликӯл ва як истиқоматкунандаи 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар пайи таҳқиқи ҳамла ба нуқтаи сӯзишвории Қувватов Мурод дар ноҳияи Ҷиликул боздошт гардиданд: “Ин се нафар шаби 9 март ба нуқтаи сӯзишвории Қувватов Мурод ҳамла оварда, 20 ҳазор сомониро рабудаанд. Ҷабрдида онҳоро нашинохтааст, танҳо чанд калима суҳбаташонро бо забони узбакӣ шунидааст”.
Мақомоти пулис мегӯянд, дар пайи таҳқиқи қазия муттаҳамон боздошт гардида, даст доштанашон дар 13 ҳолати дуздию роҳзании дигар муайян шудааст: “Аз ҷумла 6 марти соли равон бо мақсади ба даст овардани маблағ, қулфи дари филиали бонки Эсхата, воқеъ дар деҳаи Шӯрои ноҳияи Ҷиликӯлро шикаста, аз он ҷо як сандуқи оҳанинро дуздида, бо худ бурдаанд. Аммо дар ҷои барояшон мувофиқ онро шикаста, дидаанд, ки дар дохилаш чизе нест”.
Ба иттилои манбаъ феълан алайҳи боздоштшудагон ба иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |