Бахшҳо

Бархӯрди маргбори ду мусофирбар дар Душанбе

Дар пайи бархӯрди ду мошини тамғаи “старекс”, ки расман дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул будаанд, якеаш чаппа шуда, боиси марги одам шудааст.

Тавре аз мақомоти умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аввали ҳафтаи равон, ронандаи 20-сола, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе бо суръати баланд ба “старекс”-и дигар, таҳти идораи ронандаи 27-сола бархӯрдааст: “Дар натиҷа “старекс”-и дуюм чаппа шуда, тифле, ки дар дохили он будааст, ҷароҳати вазнин бардошта ба ҳалокат расидааст”.

Ин қазия дар ҳолест, ки бисёре аз сокинони Душанбе аз он шикоят мекунанд, ки ронандаҳои ҷавони мусофирбарҳо дар пойтахт баъзан бо ҳам сабқат карда, ҷони мусофиронро дар хатар мегузоранд.
Мӯҳр
sww
Кани Убайдуллоев инхоро дар назорат гирад Ташкилотхои чамъиятие,ки ин старекчиён кор мекунанд сохибдарак надоранд

Салому алейкум. Мутаасифона аз сабаби набудани назорати ҷиддӣ ва бемасъулиятии бисёре аз масъулин дар роҳҳои шаҳр бештари ронандаҳои мусофиркаш оддитарин одоби ронандагӣ ва муносибати хуб бо мардумро риоя намекунанд!!! Бо суръати баланд рондани мошин, мусиқии баланд ва истифодаи бемаънӣ аз "сабвуфер", надодани бақияи пули мардум бо ҳар баҳона, ронандаҳои хеле ҷавон ва бетаҷриба........... ва дигар мушкилоте ки дар ин соҳа ҷой дорад ки албатта хеле нигаронкунанда аст. Дусе ҳафта пештар баъди намози Ҷумъа аз масҷиди Сариосиё берун омадам мошини Старекс № 67 ки ронандааш хеле ҷавон ба назар менамуд бо суръати баланд, бо вуҷуди инки маъмулан рузи ҷумъа хеле серодам буд ва мошинҳо ором аз назди пиёдагузар мегузаштанд, ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда кудаки 9 ё 10 соларо зад. Мардум кудакро аз зери мошин берун оварданд. Ва ҳолати писарча хеле бад буд зуд ба бемористон бурданд, шукри АЛЛОҲ баъдан фаҳмидам кудак зинда мондааст.
Бояд масъулин оиди ин масоил ҷидди рафтор кунанд агар воқеан мехоҳанд хидматгори мардум бошанд!!!

озодагон. хабарро пеш аз нашр кардан ба талаботхои лозима чавобгу карда сипас пахш намоед. раками мошинхо кучост, ронандагон кистанд.

авс
Сину солу ронандагони мусофиркашонхоро бояд аз 30 боло мукаррар кард.

сокинони Душанбе, боз хам мегуянд, аз кишлоку чулу биебон омадагихоро боз ба чои ватанашон бурда шавад. ва кор мухае карда шавад ба онхо! Касе ки дар шиносномааш, чои зисти шахри Душанбе надорад,хатман дар дохили ПОЙТАХТ аз мошин идоракунии бархам дода шавад.

сино
Бале ронандаҳои "Старекс" чунон худро нишон медиҳанд ки гӯё соҳиби роҳҳои шаҳри Душанбе бошанд.Ягон нафари ин ронандаҳо қоидаи роҳро риоя намекунанд.

Рости гап ин старексчихо гузарондагиян. Вазъияти роххоро хатарнок мекунанд дар пойтахт. Ягон чора дидан даркор дар хукумати шахр

Ба нафароне, ки то синни 35-сола нарасидаанд, мусофирбари мамнуъ гардад. Дар Душанбе чавононе, ки хатто пиёда наметавонанд рох гарданд, сари фармони “старекс"-хо нишаста, ба истилох "одамкаши" менамоянд. Ба мукаррароти замони шурави дар иртибот бо ронандаги баргардед!!!!!

Мухиддин
Барои хамин сину соли гирифтани шаходатномаи ронандагиро то 23 солаги боло баранд яъне баъди хатми донишгох. ва назоратро болои ронандагони то 27 сола бештар кунанд ва хангоми коидавайронкунихо аз тарафи ронандагони чавони то 27 сола онхоро чаримахои сангин кунанд ва хатто махрум сохтан аз хакки ронандаги ба мухлати якунимсолро чазо барояшон дар назар бигиранд. сарфи назар аз онки фарзанди ки хаст ва ё набераю абераи ки? Пушту панохаш аз худаш вале дар баробари конун бояд ки чавобгу бошанд...

Истиклол
Ин ронандахои тамгаи Старекс хатто аз камера наметарсанд, бо бисериш аз корм. БДА норози, садкаи хамунхо шаветон агар корм. БДА дар хамон чо мешуданд, шояд, ки хамин фалокат рух намедод,

Ин суханхо ба Душанбе Таълук дорад... Бародар ту мегуи мардуми кишлокро ба шахр рох надихан агар хамин мардуми кишлок набошад ту мурдагии подавон бо худата месни мегири....

Мухтарам Мири шахр, Шумо бе фахмиши мо хам хубтар медонед, ки Старекс ин мошини мусофиркаши нест. Ин мошина ба тамгаи оилави дохил мешавад. Илтимос хамин масъаларо дида бароед, о сокинони Пойтахт мисли хезум нестан ку. О дар берун асри 21 рафта истодааст.
Аслан, мусофиркаши аз синни 35 боло ичозат дода шавад, бо харруза тафтишоти тибби. тафтишоти 3 сомона не.

857
Дар хакикат бачахои чавон дар ин мусофирбархо зиеданд аксарашон сокини пойтахт нестанд дар сари мошин босуръат ронда гонка хам мекунанд аз ин хотир шахрдориро мебояд ки автобусу тролебусро чори карда хаети шахрвандонро эмин дорад.Дар тобистон гарм ба замми ин бачои 3 чахор нафарро гирифта кас нафасгардон мешавад ва салонхо низ тоза нестанд мусикии худро монда касро саргаранг месозанд чора дида шавад.

Шефи Чорроха
сино,
Акнун балоро ба сари кишлокию биёбони назан. Худ шахрдустдор боши. Худ ва кишлокиро бо хам мукоиса кун, ки кадоматон одоби хамида доред ва кадоми шумо харина. Шояд он кишлоки коидахои рохро аз ту хубтар донад.

ш Душанбе
Аз коркунони БДА..хоиш карда мешавад ,то чавонон ба хизмати харби нараванд шоходатномаи ронандаги дода нашавад...ин шафиёрхои старксхо ба квли мардуми тахчои гузарондагианд худи , ки мегуйд дар старексхояшон хезм бор карда бошад...охир меури охиста хай куни ...тахорат кун охан пир дорад ба бисмило хайкун хамон як дахон нони мейофтагияд оши чонат шавд э аблах.....боз инчо ак праблемаи дигарам хаст...монади хозира хамихел схтумони хонахои баланд ошиёна дар маркази пойтахт рафтангирад ...трелебус бо трелебус чангак мекунад...ин сохтумонхо дар маркази пойтах фардо праблема мешад ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)