Бахшҳо

Шерхон Салимзода ба ҳайси ҳомии коргарон ба Маскав рафт

Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, ки дар пайи як тағйироти кадрӣ аз вазифаи худ барканор ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар таъйин шуд, дар доираи як сафари корӣ ба шаҳри Маскав рафтааст.

Ҳадаф аз ин сафари Салимзода ба Маскав иштирок дар ҷаласаҳои Кумитаи иҷроия ва Шӯрои генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, ки муттаҳидкунандаи ташкилотҳои байналхалқии иттифоқҳои касабаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад, арзёбӣ шудааст.

Қарор аст, раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин ҷаласа дар бораи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва вазифаҳои иттифоқҳои касаба суҳбат кунад. Инчунин Салимзода дар ҷараёни ин сафари худ ба Маскав бо Димитрина Димитрова - директори Бюрои ташкилоти байналхалқии “Меҳнат”-и Маскав мулоқот ва масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ояндаро баррасӣ хоҳад кард. Шерхон Салимзода қарор аст, рӯзҳои 16 ва 17 апрели соли равон низ дар кори Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад, иштирок кунад.

Шерхон Салимзода, ки аз 30 январи соли 2010 прокурори генералии Тоҷикистон буд, 24 январ аз симматаш барканор шуда, баъд аз ду моҳ раҳбари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар интихоб шуд.
Мӯҳр
Ташнаи сафар
Ба пеш чаноби Салимзода!
Шуморо осоишгоххои кишвари Краснодар-Ессентукиву Сочи, Минводу Анапа дар мехмонхонахои 5-ситорадори худ интизор аст!!!

кулябец
Чаноби Салимзода дар дохили Чумхури бо мансаби олимаком ягон навовари ва сабукие накардед! Берун аз Чумхури Шумо оби гармро хунук карда наметавонед! Ин хакикат хаст! Аз ин саргардони ва харчи рохкирои бемаъни ягон технология харида чанд гарибро бо чои кор таъмин мекардед бехтар мешуд!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)