Бахшҳо

Шубҳаи нави Кумитаи амният ва иштироки Шаҳбол дар суд

Зебунисо Саидова, додраси парвандаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози латтукӯбшудаи тоҷик дархост барои иштироки ин сарбози маъюбшударо дар мурофиаи навбатӣ қабул намудааст.

Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, дар пайи шубҳаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амният дар мавриди беҳбуди вазъи саломатии зерҳимояаш ӯ аз додрас хостааст, Шаҳбол тариқи “Скайп” дар мурофиа иштирок кунад. Ба гуфтаи Холматова додрас пешниҳоди онҳоро қобили қабул донист ва дар назар аст 15-уми апрел Шаҳбол Мирзоев тариқи “Скайп” ба саволи иштирокчиёни мурофиа, аз ҷумла айбдоркунандаи давлатӣ посух гӯяд: “Мо мегӯем, вазъи саломатии Шаҳбол беҳбуд ёфтааст ва бояд табобат идома ёбад, аммо онҳо шубҳа доранд. Бигузор худи онҳо тариқи "скайп" бубинанд, ки Шаҳбол дар чӣ аҳвол аст, агар шубҳае дошта бошанд”.

Гулчеҳра Холматова афзуд, ҷониби Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ аз додрас хост, табибоне, ки сиҳат шудани Шаҳболро имконнопазир хондаанд, ба додгоҳ даъват шаванд ва ин дархост низ қабул гардид.

Вакилони мудофеи Шаҳбол Мирзоев мегӯянд, вазъи саломатии зерҳимояашон нисбатан беҳтар шудааст ва онҳо хушбинанд, ки дар сурати идома додани табобат боз беҳтар хоҳад шуд.

Дилшод Ҷураев, яке аз дигар вакилони мудофеи Шаҳбол ба “Озодагон” гуфт, бо ташкили суҳбат тариқи “Скайп” зерҳимояаш бевосита ба додрас аз воқеаи ба сараш омада, вази саломатияш нақл хоҳад кард: “Ҳарчанд дар нишондодҳо низ аст, вале агар худи ӯ ҳодисаеро нақл кунад, дигар аст”.

Дилшод Ҷураев мегӯяд, ҳоло Шаҳбол дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд бистарӣ буда, ба далели вазъи саломатияш то ба имрӯз дар ягон мурофиаи додгоҳӣ ширкат накардааст: “Ҳоло низ имкони омадан ба толори судиро надорад, агар суҳбат тариқи “скайп” сурат гирад, ин нахустин иштирокаш хоҳад буд”.

Пеш аз ин дар мурофиаи гузашта, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳаҷми зарари маънавии Шаҳбол Мирзоев, ки кафедраи психология ва сотсиологияи Донишкадаи идоракунии давлатии назди раисиҷумуҳури кишвар 180 ҳазор сомонӣ муайян кардааст, шубҳанок хонда, хостори аз нав ва дар ҷои дигар анҷом додани ташхиси психологӣ барои муайян кардани ҳаҷми зарари маънавӣ шуда буданд.

Давлат Сафаров, намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадиии КДАМ , рӯзи 16-уми март зимни мурофиаи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев даъват кард, ташхиси нави психологӣ дар назди мутахассисони донишгоҳҳои кишвар гузаронида шавад: “Ин ташхисро аз рӯи методи яке аз профессорони рус -- Эрделевский гузаронидаанд, ҳол он ки дар донишгоҳҳои худамон мутахассисоне ҳастанд, ки метавонанд ташхиси психологӣ гузаронанд. Чаро аз рӯи методи Эрделевский гузаронида мешавад?”.

Давлат Сафаров, ки дар мурофиаҳои қаблии Шаҳбол ба ҳайси айбдоркунандаи давлатӣ баромад мекард, дар мурофиаи рӯзи 16-уми ҳамчун намояндаи сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ муаррифӣ шуд ва Абдулфайз Шукурзода ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ баромад кард.

Шубҳанок хондани ташхиси психологии Шаҳбол Мирзоев аз сӯи оқои Сафаров дар ҳолест, ки Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи ин сарбози латту кӯбшуда мегӯяд, ташхис аз ҷониби яке аз донишкадаҳои бонуфузи назди раисиҷумҳури Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳоҷҷати ташхиси такрорӣ нест.

Дар ин мурофиа Усмоналӣ Ғайратов, куҳнасарбозе, ки дар маъюб кардани Шаҳбол гунаҳкор ҳисобида мешавад низ бо дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ ба ҳайси ҳамҷавобгар ба толори додгоҳ оварда шуд. Ӯ иброз дошт, ба пардохти маблағе, ки ҷониби Шаҳбол Мирзоев талаб дорад, розӣ шуда наметавонад, зеро хонаводаи онҳо тавони пардохти чунин маблағи ҳангуфтро надорад: “Мо аз куҷо меорем ин қадар маблағро, ман фақат бо ӯ гушти гирифта будам”.

Вакили дифои Усмоналӣ Ғайратов низ гуфт, ҳарчанд ташхиси Шаҳбол Мирзоев аз ҷониби як ниҳоди давлатӣ гузаронида шудааст, вале ин маъони онро надорад, ки он беғаразона анҷом шуда бошад: “Бино бар ин мо низ аз судя дархост мекунем, бори дигар ташхис гузаронида шавад”.

Ахиран, Кафедраи психология ва сотсиологияи Донишкадаи идоракунии давлатии назди раисиҷумуҳур баъди гузаронидани ташхиси психологӣ, ҳаҷми зарари маънавии Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшудаи тоҷикро 180 ҳазор сомонӣ муайян кард, ки нисбат ба маблағи қаблан талабдоштаи хонаводаи Мирзоев аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, бештар мебошад.

Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев дар суҳбат бо "Озодагон" гуфта буд, ки минбаъд дар додгоҳ ба ҷои 144 ҳазор сомонии қаблӣ аз қушунҳои сарҳадии КДАМ 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб мекунанд. Пештар хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб карда буд, ки боиси норозигии ҷавобгар гардид.

Қаблан Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе ду дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, аз ҷумла дархост барои радди даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоевро алайҳи ин ниҳод қонеъ накард. Зоиршо Назиров, ки қаблан ба ҳайси намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мурофиаҳо ширкат мекард, дар додгоҳ гуфта буд, дар расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Шаҳбол - куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 гунаҳкоранд ва маҳз онҳо бояд дубора ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванду ҷубронро пардохт кунанд. Аммо Зебуниссо Саидова, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев дар Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе ин дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадиро рад намуд. Ҳамчунин раисикунандаи мурофиа дархости дигари Сарраёсат дар мавриди омӯзиши дигарбораи хароҷоти ташхису табобати Шаҳбол Мирзоев дар Русияро низ рад карда буд.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст”.

19 июни соли сипаришуда Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.
Мӯҳр
Э мардуми соддаам охир сардори кушунхои сархади аз боло чидаркор хамин Шахболро инкадар азоб медихед пишакашонро хечкас пиш гуфта наметонад.Кай президенти кишвар ягон раиси кумита ё вазирро чазо дода буд акнун медихад инро намекунад барои ки кадрхои худаш чудо кардаги подвадиташ мекунанд...озодагон чоп кунед илтимос..

дар русия куштор дар инчо гарданшикани ахсан системаи коммунисти капиталисти демократи буду шуди худро нишон дод. ахсан. асархои солженитсин булгаков набоков платонов аверченко петров ин мазхакахоро 100 сол пеш тасвир додааст. ягона озодии аслии инсонро ман дар симои ислом мебинам зеро дини адолату хакки фукарои одди аст .

Afsar
...Дар ин мурофиа Усмоналӣ Ғайратов, куҳнасарбозе, ки дар маъюб кардани Шаҳбол гунаҳкор ҳисобида мешавад низ бо дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ ба ҳайси ҳамҷавобгар ба толори додгоҳ оварда шуд. Ӯ иброз дошт, ба пардохти маблағе, ки ҷониби Шаҳбол Мирзоев талаб дорад, розӣ шуда наметавонад, зеро хонаводаи онҳо тавони пардохти чунин маблағи ҳангуфтро надорад: “Мо аз куҷо меорем ин қадар маблағро, ман фақат бо ӯ гушти гирифта будам”.
......Yak marotiba bo man ham gushtin namegiri sheffff binem gardani ki meshikanaddddd!!!!!!!

Усмонали Гайрата ва ба Русия фиристодан даркор,ки то саломати Шахбоз чобачо шуданро дар Руссия кор карда масрафитабобати Шахбозро таъмин кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)