Бахшҳо

Ҷумъахон Давлатов “Вечерний Душанбе”-ро ба додгоҳ кашид

Ҷумахон Давлатов, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон”, алайҳи нашрияи "Вечерний Душанбе"-и Акбари Саттор ба Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда, 101,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ талаб кардааст.

Давлатов даъво дорад, ки дар матлаби хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова, ки таҳти унвони “Почему автобазы превращаются в «кладбища» автобусов?” дар нашрияи “Вечерний Душанбе” чоп шудааст, ӯ мавриди таҳқир қарор гирифтааст. Ӯ изҳор доштааст, ки баъди хондани ин матлаб вазъи саломатияш бад гардида, касалии қандаш авҷ гирифтааст.

Акбари Саттор, муассиси “Вечерний Душанбе” бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, Давлатов аз нашрия 100 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва аз хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ талаб кардааст: “Ман ба додгоҳ рафта, таъкид доштам, ки дар қазия ба ҳайси ҷавобгар иштирок хоҳам кард. Мо матлабамонро бо далел чоп кардаем. Боқӣ додгоҳ қарор хоҳад кард, ки дар қазия кӣ ҳақу кӣ ноҳақ мебошад“.

Дар матлаби баҳсбарангез аз зиёд шудани автобусу тролейбусҳои корношоям дар автобазаҳо интиқод шудааст, ки баъзан ба бемасъулиятии роҳбарон марбут аст. Ҳусейнова дар матлабаш Ҷумахон Давлатов, собиқ роҳбари корхонаи “Автобус-1”-и Душанберо зикр карда, афзудааст, ки ӯ тайи як соли роҳбарияш хешовандонашро дар хобгоҳи корхона ҷой карда, фикре накард, ки он моли шахсии ӯ набуда, моликияти давлат аст: “Баъди роҳбарии Давлатов мушкилот дар корхонаи “Автобус-1” афзоиш ёфтанд, аммо ӯро ба ҷои он, ки ба ҷавобгарӣ кашанд, баръакс вазифаи баландтар дода, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” таъин карданд”.
Мӯҳр
Ансор
Барои он ки касалӣ авҷ накунад, маводро нахонед буд. Хондед пас донед, ки мардум кур нестанд, ки ин кабристони Автобусхоро набинанд. Кани Автобусхои таърифии самтхои 18, 7, 1, 8. Баъди соати 6-и бегох ягон намуди автобусу троллейбус дар хатсайр нест. Хайрият, ки хамин старексхову тангемхо хастанд, агар не пиёда шабона хона мерафтем

Агар 101 хазор сомониро Давлатов аз Акбарали Саттор руёнад бо ин маблаг чанд автобусиро таъмир карда аз"кладбищ" мебарорад ва ба шахр ворид мекунад. Агар ситонидани ин маблаг ба нияти таъмири автобусхои дар "кладбищ" хобида бошад, ман устод Акбарали хохиш мекунам, ки аз додани маблаг саркаши накунанад.

Автобусчи
Худованд онхоеро, ки моли мардуму моли давлатро аз худ медонанд, ба чои манфиати ватан манфиати кисаву хешовандони худро фикр мекунанд аз ин бадтар кунад.

Акаи Чумахон, касал боши рав дам гир! Ман хайрон хамин хел касалихо ба раиси шахр чи даркор!???

агар давленидору касали бошад номаъкул карда вазифаро банд мекунад, магар ягон кадри ватандуст нестми ки халол ва нотарсида интикодро кабул карда коргузориро бехтар бикунад? Бале мо кур нестем ва кабристони автобусхоро дидем, боз шарм накарда чуброн металабад,

системаи кору рафтору ва дар пеши мардум, ухдадор буданро, ба мултфилм табдил додед. кани ин кадар автобусхое ки дар даври шурави камаш 20-25 сол мухлати кори доштанд. Соли 1999 дар солгарди 1100 Сомони, автобусхои Икаруси навхоро дар назар дорем. валангору кабристон шуданд.

ллл
х бачои обод кардан борафти шикоят карди

судя
Дар вакти дуздидани пулу хешу таборатро дар атрофат чамъ кардан чаро касал нашуди? Ними шахрро касал кардаиву худат аз хондани хакикат касал шави, айби ки?

Э неки бобой Чумахон сад хазора ай газет через суд гира, яке 5-6 автобуси нав мехара?

он чиз ки аён аст хочат ба баён нест.... айба дон мухтарам раис!

Акаи ЧУмъахон касалияшро айби журналистон накунад! Вай кайхо боз касал, баъдан дуои ронандахои автобаза, ки ба онхо хона надоду саргардонашон кард, хатман мезанад! Чумъахон Давлатов вакте дар лицензия кор мекард касал буд. хама вакт дар болница мегашт!

101500сомони: 6,20=16.371 доллар нархи вичдону имону инсоф будааст ё чизе ......
...Ростонро баду бало нарасад,
Марди качрав ба хеч чо нарасад.
Акраб ар качрави чу пеша кунад,
Хонаи хеш гум хамеша кунад.
Мор то рости нагирад пеш,
Накунад чо даруни хонаи хеш !!!!!
БОРАКА АЛЛОХ ЧАМИЛАБОНУ !!!!!!!!!!!!!!

Дуруст огои Давлат бигзор нафарони бемору нафакабаромада курсиро холи кунанд! Хеле хидмат карданд бас буданист барои мову миллат захмат кашиданашлон акнун онхо истирохат кунанду чавонон кор!!! Ё нодуруст гапам?

Болта
Ҳақиқат ба ҳама маълум аст, ки талх аст, аммо ин Давлатов талхиро сахт бад медидааст. Барои талхтар шудани ин ҳақиқат, хуб мешуд агар акси қабристони автобусҳоро мегузоштед ва дар поднос пешкаши ҷаноби Давлатов мекардед.

Акбар, агар дар ин интриги ноухдабарои шантажисти бой дихй, тамо. Журналистикаи точикро дар "кабристон" чой мекунй.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)